Модели Николай Семашко дар муқовимат бо пандемияи COVID-19
Пандемияи COVID-19, ки онро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) 11-уми марти соли 2020 эълон намуд, боиси талафоти бузурги ҷонӣ ва моддии сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст. Дар СММ омодагӣ барои қабули Эъломия оид ба пешгирии он рафта истодааст. Аз рӯи омори 24-уми апрели соли 2020 беш аз 2 миллиону 724 ҳазор ба он мубтало гашта, беш аз 191 ҳазор фавтида, беш аз 747 ҳазор табобат ёфтааанд. Аз сабаби ба мушкилоти фоҷеавӣ ва ҳалокати зиёд рӯ ба рӯ шудани ИМА ин кишвар аз маблағузории СУТ даст кашидааст, ки қариби 15 фоизи маблагузории СУТ ба ИМА рост меояд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба буҳрони глобалии иқтисодию молиявӣ дучор гардида, низоми тандурустии баъзе кишварҳои пешқадами Аврупо ва ИМА аз уҳдаи идоракунии саривақтии паҳншавии босуръати пандемияи COVID-19 набаромада истодаанд. Дар худи ИМА беш аз 800 ҳазор сироят ёфта, кариби 50 ҳазор фавида, беш аз 80 ҳазор табобат ёфтаанд. Вазъи як қатор кишварҳои Аврупо Испания, Италия, Франсия ва Британияи Кабир низ нигаронкунанда мебошад.
Сабаб дар чист, ки сироят ва фавт дар ин кишварҳои мутараққии саноатию технологӣ чунин зиёд аст? Ин пеш аз ҳама ба низоми тандурусии ин кишварҳо ва чораҳои таъхирнопазири эпидемилогӣ вобастааст. Ин кишаварҳо ба эпидемия, низоъҳои дуру дароз, гуруснагию қашоқӣ хеле кам дучор гардидаанд ва яку якбора паҳншавии босуръати пандемияи COVID-19 ба низоми тандурустии онҳо зарари манфӣ расонид.
Ин якчанд сабаб ва омилҳои худро дорад:
1.Дар кишварҳои Аврупо ва ИМА низоми ғайримарказонидаи тандурустӣ ва суғуртавӣ вуҷуд дорад, гарчанде, ки он аз лиҳози технологӣ пешқадам ҳам бошад.
2.Паҳншавии пандемияи COVID-19-ро кишварҳои Аврупо ва ИМА нодида гирифта, дар пешгирии он каме қафо монданд, ки ин шароити мусоди сироятёбиро ба вуҷуд овард.
3.Тарғиботи дермондаи зиддиэпидемиявӣ дар расонаҳои ахбори омма, ки аксари онхо хусусӣ мебошанд.
4.Набудани маблағгузории мутаммаркази фаврӣ дар ҳолати эпидемия, чунки минтақа (гарчанде, ки он баъдан ҷудо гардид), вилоят ва дигар воҳидҳои маъмурӣ мустақилияти бемаҳдуд доранд.
5.Сари вақт сафарбар накардани қувва ва воситаҳои захиравии давлатӣ ва тақсими самараноки он дар минтақаҳои зарардида ва муассисаҳои тиббӣ.
6.Моҳи янаври соли 2020 Шӯрои Амнияти Миллии ИМА дар бораи хатарҳои пандемияи COVID-19 гузориш медиҳад, ки ба он хеле дер таваҷҷуҳ намуданд.
7.Саривақт таъсис надодани ситоди оперативӣ ва мониторинги пандемияи COVID-19, баръакс он мустақилона аз ҷониби институтҳо ва марказҳои илмӣ бурда шуда, мутаммарказ нест.
8.Набудани низоми ягонаи санитарӣ-зиддиэпидемиологӣ, назорати ёрии оҷилии тиббӣ.
9.Набудани ҳамрайъии воқеӣ ҳангоми рух додани пандемияи COVID-19 дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла кумак накардан ба Италия дар ин вазъияти душвор.
Бо ин сабабҳои объективӣ ва субъективӣ пандемияи COVID-19 дар ИМА ва як қатор кишварҳои Аврупо проблемаҳои зиёди иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда, боиси талафоти бузург гашт, ки онро ҳамчун «фоҷеа ё бадбахтии бузург» номидан мумкин аст.
Акнун мегузарем ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки дар ҳолати пандемияи COVID-19 аз модели ба қавле «кӯҳнашуда»-и тандурустии яке аз асосгузорони системаи тандурустии Шӯравӣ Николай Александрович Семашко (1874-1949) ба таври хеле васеъ истифода намуданд. Масалан кишвари сотсиалистии Ветнам, ки зиёда аз 95 миллион аҳолӣ дошта, 268 нафар сироят ёфта, 225 нафари онҳо табобат ёфта, фавт нест, ё худ кишвари Муғулистон, гарчанде аҳолиаш кам (3,2 миллион) бошад ҳам, 36 нафар сироят ёфта, фавт нест, дар Кореяи Шимолӣ бошад, умуман бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Хулоса, ягона роҳи раҳоӣ ёфтан аз бемории COVID-19 ин низоми дурусти мутаммарказ ва тадбирҳои саривақтии зиддиэпидемиологӣ мебошад, ки ҳар як кишварҳои ҷаҳон аз он бояд босамар истифода намоянд.
Намояндаи расмии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хонум Галина Перфилева, рӯзномаи британии «Dail Mali» Тоҷикистонро ба рӯйхати 15 давлатҳое дохил намуданд, ки бо тадбирҳои густурда ва саривақтии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар он бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э. -кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон