Мавзӯъ: Зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир
Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.
Амалиёти террористӣ аз қисматҳои зерин иборат мебошад: ғояҳо ва омилҳои сиёсӣ, фаъолияти зӯроварӣ, амали террористӣ.
Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд.
Дар замони муосир тамоюли то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад.
Вожаи терроризм аз калимаи лотинии «terror» маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – ба бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, илова бар ин нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи барҷаста ва оддии миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ: содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд.
Шаклҳои зуҳури терроризм хело гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯйи хусусияти иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ, этикӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад.
Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст. Аврупо, Осиё, Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ, Африқо ва ғайра. Созмонҳои террористӣ «Абӯ-Нидал», «Абу Сайёф ва «Аум-Синрике» (Ҷопон), «ХАМОС» (Фаластин), созмони озодибахши Томил Илама (Шри-Ланка), созмони «Бригадаҳои сурх» (Италия), «Толибон» (Афғонистон), «Боко-ҳарам», «Ҷабҳат-ан-Нусраи аҳли Шом» (Сурия), «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Лашкари Тайба» (Покистон), «Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод» (Алҷазоир), «Ал-ихвон ал-муслимин» (Миср), «Ал-Ҳарамайн» (Арабистони Саудӣ ва ғ.)
Миқёси амалҳои террористӣ низ бошиддат меафзояд. Аз рӯи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад. Аз дасти террористони СИКХ 31-уми октябри соли 1984 кушта шудани Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ, қатли якчанд шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла Сарвазири Ҳиндустон Раҷив Гандӣ, аз тарафи террористони «Созмони озодибахши Тимил Илама» дар Шри-Ланка (солҳои 1991) ва Президенти Шри-Ланка Ринасингх Премадас (соли 1993), куштори прокурори шаҳри Генуя Франческо Коко ва собиқ Сарвазири Италия Алдо Моро аз тарафи террористони созмони «Бригадаҳои сурх», аз тарафи ду нафар террористони араб кушта шудани фармондеҳи номдор, вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғайра собит менамояд, ки террористон дар баробари дуздидани одамон, партофтани бомба дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ бештар даст мезананд.
Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани конференсияи бонуфузи байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» бо иштироки намояндагони қариб 30 кишвари ҷаҳон бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут нест, балки бо мавқеи ҷиддӣ ва устувор хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ мебошад.
Одиназода Б.Б., курсанти курси 1-уми факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.