Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои пурқуввати эпидемиологӣ ва пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон

109Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро пандемияи Covid-19 ба ташвиш оварда, зиёда аз 200-давлати дунёро сироят намуда, шумораи сироятёфтагон аз 2-миллион гузаша, беш аз 145 ҳазор талаф ёфта, беш аз 552 нафар шифо ёфта, зарари бузурги ҷонӣ ва иқтисодиро ба пеш овардааст. Омори расмӣ лаҳза ба лаҳза тағйир меёбад.

Кадом омил ва сабабҳо метавонанд, боиси паҳншавии коронавирус гарданд ба таври фаврӣ аз ҷониби соҳаҳои гуногуни олимони тиб, билогия, генетика, вирусология, эпидемиология, иқдисодшиносону иқлимшиносон омӯхта шуда, хулоса ва фарзияҳои гуногун пешниҳод мегарданд. На ҳамаи онҳо мутаассифона ба система дароварда шудаанд, чунки вирус Sars –Cov-2, хосиятҳои сироятияшро тез-тез тағйир медиҳад. Дар шаҳри Ухан омӯзиш гузаронида шуд, ки дар дараҷаи аз 5 то 8,72 дараҷаи гармӣ ва намнокии 35-50 фоиз қобилияти сироятиашро суст намуда, дар 30 дараҷаи гармӣ ба сифр мерасад. Дар 70 дараҷаи гармӣ бо маҳлулҳои безараргардонӣ пурра баъди 5 дақиқа нобуд карда мешавад. Дар баробари ин 3-намуд ва 2 зернамуди коронавируси Sars –Cov-2, муайян гардид. Вируси намуди А, ки аз Австралия ба ИМА паҳн гардида, дараҷаи сироятнокии баланд ва фавтро дорад. Вируси намуди В аз Ухан зуҳур карда, якумин варианти мутатсияи он аст. Вируси намуди С дар Аврупо аз Сингапур гузаштааст, ки моҳи октябри соли 2019 ба қайд гирифта шудааст, иброз менамояд - Павел Волчков - мутахассиси генетикаи инжинерӣ аз Россия, мутахассисони донишгоҳи Миннесоти ИМА муайян намуданд, ки вируси Sars –Cov-2, чор маротиба сироятнокиаш аз Sars –Cov-1, баланд буда, барои профилактика фосилаи иҷтимоӣ зарур аст. Зернамуди Sars –Cov-2, L дараҷаи сироятнокиаш 70 фоиз, зернамуди s дараҷаи сироятиаш 30 фоиз мебошад, дар штамми худ 276 геноми пайдарпаии коронвирусҳо маълум гардид, ки 96 фоиз ба РНК вирусҳои кӯршапаракҳо мутобиқат доранд. Фарзия 9-уми ноябри соли 2015 дар журнали илмии «Nature» чопшуда иттилоъ медиҳад, ки вируси SHCo14 бо вируси Sars омехта карда шудаст, ки гуё аз он одам сироят гардидааст. Баъдан журнали «Nature» дар соли 2020 ин иттилоъро боз рад намуд. Аз рӯи тадқиқоти Боғи марказии Ботаникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин 93 намунаҳои геноми COVID-19 ҷамъ оварда шуда, дар 12 давлат ба нашр расиданд, ки муайян гардид, ки аввалин авлоди ин вирус mv1 буда баъдан дар натиҷаи эволютсия маҷмӯи генҳои Н13 и Н38, а Н13 и Н38-ро ба вуҷуд овардааст. Вируси Ухан ин маҷмӯи генҳои Н1 буда, гуё аз одами сироятёфта ба бозори маҳсулоти гушти моҳии шаҳри Ухан ворид гардидаст, ки боиси эпидемия гардид.
Пайдарпаии генетикии ҷойгиршавии вирусҳо дар биология фиреб дода наметавонад, яъне ин вирус аз авлоди худ mv1 ҷудо карда шуда, эволютсия гардидааст ва ворид карда шудааст, ки минбаъд ҳам боиси баҳси тӯлонии олимон хоҳад гашт.
Эпидемологҳои Донишгоҳи Техаси ИМА фарзия пешниҳод намуданд, ки даст кашидани Хитой ва як қатор кишварҳои Аврупо, Эрон, ИМА солҳои 70-80-уми асри 20 аз эмгузаронии зидди бемории сил (БТСЖ) боиси фавти зиёд дар ин кишварҳо гаридааст. Ин эмкунӣ яке аз маъракаҳои маъмулии зиди эпидемеологӣ дар ИДМ боқӣ мондааст. Ин акидаро Алесей Мазус мутахассиси ғайриштатии ташхиси бемориҳои СПИД низ дар мубориза бо корнавирусхо тасдиқ кардааст.
Доктори илмҳои тиб, профессор Гундаров И.А. аз Россия мегӯяд, ки омӯзиши коронавирусҳо солҳои 50-60-уми асри 20 шурӯъ гардида буд ва соли 1965 коронавирус аз луоби бинӣ кашф гардид, ки минбаъд роҳи тадқиқи онҳоро кушод. Барои чӣ дар баъзе кишварҳо коронвирус ба дараҷаи баланд хуруҷ намекунад, ин сабабаш бемории мавсимии зуком мебошад. Байни РНК - вирусҳои зуком ва коронвирусҳо рақобати шадид дар атмосфера вуҷуд дорад, ки яке мехоҳад ҷои дигареро гирад. Эмкунӣ зидди зуком хуб аст, аммо набудани зуком боиси паҳншавии босуръати коронавирусҳо мусоидат менамояд, мо инро бояд донем -иброз медорад ӯ. Одамон аз коронвирус не, балки аз пневмония, ки боиси он мегардад ҳалок мешаванд. Яъне хулоса мебарояд, ки тадбирҳои профилактикӣ зидди пневмония бояд пурзӯр карда шаванд, ҳам пневмонияи бактериявӣ ва ҳам вирусӣ, ки ҳоло аз он фавт зиёд шуда истодааст. Ҳам зуком ва ҳам коронавирус боиси илтиҳоби шуш шуда метавонад, ки онро дар тиб оризаҳои дуюми бактериалӣ низ меноманд, ки оқибатҳои хавфнок доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолияти хатарҳои паҳншавии коронавирус хеле кам аст, ки якчанд омилҳои хоси худро дорад:
1.Иқлими мусоид ва шӯоъҳои ултрабунафши офтоб, ки боиси витамини D ва масъунияти инсон мегардад;
2.Анъанаҳои неки санитарию гигенӣ ва карантинӣ;
3. Низоми мукаммали тандурустӣ;
4. Аз лиҳози синнусолӣ наврас ва ҷавон будани шаҳрвандон;
5.Истифодаи гиёҳҳои шифобахши зиддивирусӣ дар байни мардум;
6.Табирҳои саривақтии профилактикӣ аз ҷониби Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ;
7.Омодабошии аҳолӣ ва риояи тадбирҳои карантинӣ;
8.Ҳимояи сарҳади давлатӣ, фурудгоҳ, вокзали роҳи оҳан, гузаргоҳҳо, роҳҳои автомобилгард аз шахсони шубҳанок ва дорои бемории сироятӣ;
9.Низоми мукаммали фаъолияти шабонарӯзии милитсия ва дигар мақомоти хифзи ҳуқуқи кишвар.
10.Фаъоляти шабонарӯзии Ситоди ҷумҳуриявии зиддисироятии Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.
Ин табирҳои зикргардида, аз ҷониби намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, роҳбарони ИДМ, як қатор фондҳои омӯзиши равандҳои ҷамъиятии ИДМ, Маркази пешгирии бемориҳои сироятии махсусан вазнини Вазорати тандурустии давлати Ӯзбекистон ва дигар коршиносон садо дода, табирҳои тақвиятбахш дар ҷаласаи фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми апрели соли 2020 бори дигар садо доданд, ки баҳри ҳифзи саломатӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва манфиатҳои кулли шаҳрвандони кишвар равона гардидаанд.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...