Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе - шаҳри умеду орзуҳо

125

(Ба ифтихори Рӯзи Пойтахт бахшида мешавад)

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи чахонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД, давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷахонӣ пазируфта шудаанд.
Имрӯз щаҳри Душанбе бародаршаҳри 16-шаҳрҳои бузурги ҷаҳонӣ буда, аъзои фаъоли Созмони байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ» бо дастгирии СММ гардида, бо онҳо робитаҳои қавӣ ва ҳамкориҳои судманд дорад. Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳти лоиҳаи генералии меъморӣ қарор гирифта, теъдоди биноҳои замонавии маъмурӣ, фарҳангӣ ва истикқоматӣ бо суръати баланд таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома дошта, инфрасохтори коммуналию маишӣ таҷдид гардида, таъмини босифати нақлиёти ҷамъиятӣ, обу барқ, систсемаи гармидиҳӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, роҳраву гулгаштҳо, беш аз 15-боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар як муддати кутоҳ ба роҳ монда шуд, ки боиси ифтихори ҳар як сокин пойтахти азизамон мебошад.
Муҳимтарин марказҳои ҷолиби шаҳри Душанбе ин майдони Дустӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ, Боғи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Боғи устод Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театру амфитеатрҳо, Кохи Борбад, Осорхонаи миллии кадимӣ, бузургтарин Масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ, Маркази Исмоилия, Собори Свято-Николский, муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ва даҳҳо иншоотҳои бузурги фарҳангӣ, маъмурӣ, илмӣ, тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Якумин маротиба номи Душанбе дар сарчашмаҳои таърихӣ соли 1676 ба назар мерасад, ки 8-ҳазор аҳолӣ дошт. Аввалин харитаи шаҳр соли 1875 кашида шуд. Аввалин раиси шаҳри Душанбе Абдукарим Розиқов буда, соли 1926 нақшаи меъмории шаҳрро пешниҳод намуда буд. Моҳи апрели соли 1927 Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистон қарорро дар бораи сохтмони Душанбе баровард. Соли 1929 Душанбе номи Сталинободро гирифт ва соли 1961 номи таърихии он Душанбе баргардонида шуд.
Имрӯз симои Душанбе солҳои 40-50-ум ё 70-80-уми қарни 20 набуда, балки як шаҳри дилрабои замонавии муосир ё худ мегаполиси бузургеро мемонад, ки дорои беш аз як миллион аҳолӣ буда, сохторҳои шаҳрдории он бемамоният ва бо фарҳанги баланд фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд, ки дар ин ҷода саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле калон аст.

126

Инро ба сухан гуфтан осон аст. Ба кӯчаю гулгаштҳо, боғҳо, фаввораҳо, роҳравҳои гулгулафкан, ҳавои поку беолоиш, таҳри зебои меъмории Душанбеи муосир ва сокинони хушбахти он назар карда, шахс илҳом гирифта, ифтихор намуда, мисраҳои шоири ширинкамол Боқӣ Раҳимзодаро бори дигар ба хотир меорад:
Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёи Душанбе.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...