Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёдшавии аҳолӣ ва хатари он дар ҷомеа

120Маълумотҳои таърихӣ собит менамоянд, ки чандин ҳазорсолаҳо пеш афзоиши аҳолии сайёраи Замин паст буд. Тахмин меравад, ки тақрибан 10-ҳазор сол пеш дар дунё 5-млн одам зиндагӣ доштааст, ки он аз аҳолии ҳозираи фақат як шаҳри-Маскав ду маротиба кам аст. Афзоиши аҳолии дунё аз 5-млн то ба бештар аз 8,5-млрд (замони ҳозира) расидааст ва он аз истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, афзудани ҳаҷми экологии муҳити зист, зичии ҷойгиршавӣ ва ғайра вобатагӣ дорад. Чунон, ки аз таърих маълум аст, дар асрҳои миёна ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ паст шуда, сабаби ҷангҳо ва ошӯбҳои байни қабилаҳои гуногун, инчунин эпидемияи (паҳншавии) бемориҳои сироятӣ гаштааст.

Муайян шудааст, ки зиёда аз 200-сол пеш ҷунбиши демографӣ сар шуда он ба таҳаввулоти саноатӣ-техникӣ, инкишофи илм, тиб, иқтисодиёт ва инчунин муҳити зист вобастагӣ доштааст. Ин раванд то имрӯз идома дорад ва нуқтаи баланди демографии он ба нимаи дуюми аср ХХ рост меояд, ки ҳоло идома дорад. Далели афзоиши аҳолиро дар рақамҳо мебинем: соли 1830 дар дунё 1-млрд одам зиндагӣ мекард, соли 1939 яъне баъди 109-сол ба 2-млрд, соли 1960 баъди 21-сол ба 5-млрд, соли 2000 яъне баъди 40-сол ба 6-млрд-у 230-млн ва соли 2019 баъди 19 сол ба 8,5-млрд расид. Афзоиши солонаи аҳолӣ ба 100-млн баробар аст. Аҳолии сайёраи замин дар 1-соат ва 10-ҳазор ва дар як шабонарӯз 250 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Бар зами ин, бояд донист, ки шумораи дунёи популятсияи одамон ба нуқтаи охир ё зинаи глобалии ҳаҷми муҳити зист нарасидааст. Гарчанде одамизод қобилияти зиёд кардани ғунҷоиши муҳити экологиро дорад, лекин вай беохир нест. Ҳаҷму ғунҷоиши муҳити зист дар сайёраи Замин беохир нест ва аз ин рӯ наметавонанд бе маҳдудият инкишоф ёбанд.
Агар аз нигоҳи назариявӣ афзоиши инсоният бидуни шароити гуногун ногузир бошад, пас аз рӯи таҷрибаи вай хатари тезутунди демографӣ ё фалокатовар хоҳад дошт, гарчанде вақтҳои охир баъзе самтҳои мусбати инкишофи ҷамъият ба назар мерасад. Афзоиши солонаи аҳолии сайёра ба ҳисоби миёна ноаён паст мешавад. Ин аст, ки соли 1970 пастшавии шумораи аҳолӣ ба 2% ва то миёнаи солҳои 1990 ба 1,5% рост омад. Агар ин рақамҳо тасодуфӣ набошанд, дар ин сурат дар асри ХХI пастравии афзоиши аҳолӣ ба ҳақиқат наздик хоҳад омад.
Акрамзода А.А., сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва техникӣ, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...