Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайдоиш ва таҳаввулоти коронавируси Sars –Cov-2

119

Имрӯзҳо паҳншавии босуръати коронавируси Sars –Cov-2, ки 11-уми марти соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро пандемияи Covid-19 номид, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин бемории сироятӣ аввал дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи Ҷумҳурии Халқии Чин 17-уми ноябри соли 2019 ба қайд гирифта шуд, ки гирифтори он дар синни 55-солагӣ аз илтиҳоби шуш (пневмонияи намуди вирусӣ) ба фавт расид. Сухан аз сироятёбӣ дар бозори хӯрокиҳои гуштии шаҳри Ухан шурӯъ гардид, ки дар навбати аввал 27 кас сироят ёфтанд, вале на ҳамаи сироятёфтагон барои харид ба ин бозор рафта буданд, вале онҳо аз шахсони дигар сироят ёфтанд. Суръати сироятёбӣ хеле баланд буд. Дар рӯзҳои аввал духтури 34-солаи беморхонаи шаҳри Ухан Ли Венлян пешниҳод кард, ки ин беморон ва шахсони бо онҳо робита дошта бояд саривақт зери карантини қатъӣ қарор дода шаванд, аммо мутаассифона ҳокимияти маҳаллӣ ба он чандон эътибор надоданд ва ин духтури ҷавон зери танқид қарор гирифта, дар охир худ сироят ёфта, вафот намуд. 

Баъд аз вафот аз ӯ ёдовар шуданд, ки аллакай бо Фармони Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Чин шаҳри Ухан зери карантини қатъӣ қарор дода шуда, шумораи вафот рӯз аз рӯз афзоиш ёфт, роҳбарони ҳокимияти маҳаллӣ сабукдӯш гардиданд ва дар тамоми Чин эпидемияи короновирус эълон гардид.
Ин бемории сироятии коронавирус соли 2002-2003 бо номи Sars пайдо шуда буд, ки 8273 нафар дар кишварҳои ҷаҳон сироят ёфта, ҷони 775-нафарро рабуда буд (фавт 9,6%), аммо он хушбахтона ба пандемияи умумиҷаҳонӣ табдил наёфт. Саволе ба миён меояд, ки чаро коронвируси нав ба дигар кишварҳо интиқол ёфта, ба пандемия табдил ёфт? Акнун мегузарем ба таҳлили кашфи корнавирусҳо ва таъсири онҳо ба инсон. Coronaviridae - аз лотинӣ оилаи корнавирусҳо буда, РНК вирусҳо буда, то моҳи январи соли 2020 40-намуди он маълум аст. РНК вирусҳо хатаровар буда, боиси бемориҳои сироятии табларзаи геморрагӣ, табларзаи эбола, сирояти вирусии роҳҳои нафас, шамолхӯрӣ, зуком, гепатити С, табларзаи Нили ғарбӣ, полиемилит, сурхакон мегардад. Ба бархе аз ин бемориҳо ваксинаҳо мавҷуданд. Ин дафъа корнавирус боиси пневмонияи вирусӣ гардид. Корнавируси нав сохтори хормонанд дошта, ба тоҷи офтоб монанд аст, барои ҳамин номи вируси тоҷдорро гирифт. Ин вирус ба бадани инсон ворид шуда, бо сохтори сироятии шадиди худ ба хуҷайраҳои инсон часпида то шуши одам ҳаракат менамояд, ки вирусҳои дигар танҳо роҳҳои болоии нафасро сироят менамуданд. Дар ҳамин асос боиси илтиҳоби шуш ва ҳалокати бармаҳали одамон мегардад. Ин вирусҳо соли 1965 аз ҷониби олимон аз бемориҳои сироятии роҳҳои нафас дарёфт гардид, ки таъсирнокии он чандон зиёд набуд. Соли 2002 ва 2003 вируси Sars CoV боиси пневмонияи вирусӣ гардида, соли 2012 вируси MERS-CoV дар кишварҳои Шарқи Наздик хуруҷ кард, ки дараҷаи сироятии баланд (фавт то 35%)-ро дошт. Таъсири корнавируси нав COVID-19 дар вилояти Хубей ва як қатор қисматҳои Чин то моҳи апрел хуруҷ карда, сипас мавҷи он поён фуруд омада, ба иқтисоди ҷаҳон таъсири бузурги манфӣ расонид. Дар Чин боиси сирояти 82718 марги 3335 гардида, аввал ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва баъдан ба Аврупо ва ИМА паҳн гарид, ки бӯҳрони глобалиро ба миён овард. Ҳоло аз рӯи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс дар сегонаи давлатҳои зарардида ИМА 496535 сироят ёфта, беш аз 20 000 вафот, Испания 1 58273 сироят ёфта, беш аз 16081 фавт, Италия 147577 сироят ёфта, беш аз 18849 фавтиданд. Аз рӯи маълумоти то 10-апрели соли 2020 расида, 184 кишвар сироят ёфта, шумораи умумии сироятёфтагон аз 1 600427 гузашта, 95600 фавтида, 3 54000 табобат ёфтаанд,
Акнун бармегардем ба корнавирусҳо, ба ақидаи бархе аз вирусологхо вируси Sars, яке аз вирусҳои дохилии куршапаракҳо буда, онҳо ба таври таъоми анъанавӣ дар Чин истеъмол мешаванд, ки на ҳамаи онҳо меъёри зиёди ин вирусро доранд. Шӯрбои маъмули куршапаракҳо дар Чин дар 100 дараҷа меҷӯшад, аммо истеъмоли хоми он маъмул нест, ҳоло он, ки ин вирус дар дараҷаи 57 дараҷа нобуд мешавад. Аз бозори Ухан сироятёбӣ то ҳоло пурра исботи худро наёфтааст. Корнавирусҳо асосан дар ҳайвонот бисёр вохӯрда, ҳолати сирояти одамон кам ба назар мерасад, лекин шахсе, ки аз COVID-19 сироят ёфтааст он аз рӯи маълумоти Донишгоҳи ҳарбии тиббии Чунтсин (Чин), ки соли 1954 таъсис ёфтааст, муайян намудааст, ки ин вирус дар бадани инсон аз 14 то 50 рӯз боқӣ мемонад. Аз ҳама муҳлати дарози ин сироят то 37 рӯз идома меёбад. Вируси нави COVID-19 дар ҳар ҳолат тағйир ёфта, хусусиятҳои сироятии худро дигаргун менамояд, ки то ҳоло пурра омӯхта нашудааст. Имрӯз тамоми вирусологҳои ҷаҳон оид ба табобат ва пешгирии он тадқиқот мебаранд ва намунаҳои ваксинаи онро пешниҳод намуданд, ки муҳлати то клиникӣ ва клиникии он на кам аз 6-моҳро ташкил медиҳад, талаботи асосии стандартии ваксина ин бехатарии он ба ҳаёт ва саломатии инсон аст.
Ҳамчунин назарияи конспирологӣ ва геополитикии пайдоиши ин вируси нав низ вуҷуд дорад, ки онро ба бархурди манфиаатҳои давлатҳои бузург нисбат медиҳанд. Албатта на ҳамаи онҳо манбаъи иттилооти объективӣ шуда метавонанд, аммо дар давоми таърихи инсоният шаш ҳазор объектҳои хатарноки микробиологӣ омухта шудаанд, лекин то ҳадди имкон онҳо номаълум мемонанд. Мутаассифона бар хилофи этика илмӣ биотехнология хеле инкишоф ёфта, мутаассифона дар бархе аз кишварҳо зери таъсири саноати ҳарбӣ қарор мегирад, ки боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Яроқи химиявӣ ба аслиҳа солҳои ҷанги якуми ҷаҳон ворид гашта, тибқи Конвенсияи Женева аз 17 июни соли 1925 манъ гардид. Соли 1972 Ковенсияи катъи яроқи биологӣ аз ҷониби 163 давлати ҷаҳон имзо гардид, ки истеҳсол ва истифодаи яроқи биологиро манъ намуда, аммо тадқиқотро дар соҳаи воситаҳои биологӣ барои пешгирии эпидемияҳо иҷозат дод. Бинобар ин дар шароити муосир ҷомаи ҷаҳонӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро лозим аст, ки мушаракан дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, тавонанд башариятро аз пандемияи Covid-19 наҷот диҳанд.
Мо ба акли солим ва тибби бидуни сиёсат боварии комил дорем. Хушбахтона дар доираи давлатҳои ИДМ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳодисаи сироятёбии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Галина Панфилова ва роҳбари Фонди дунёи «ЕвроАзия» Эдуард Полеатаев, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...