Терроризм яке аз масъалаи ташвишовари ҷаҳон
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҳар яки мо водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастаҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатовар эмин нигоҳ дорем.
Терроризм яке аз масъалаҳои ташвишовар ва ҳалталаби замони муосир ба шумор меравад, ки боиси ба тарсу даҳшат афкандани ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Дар ин гуна амалиётҳо ҳазарон одамони бегуноҳ нобуд ва шаҳрҳои обод ба вартаи нобудӣ рафтаанд. Терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони навин буда, бо шаклу тарзҳои гуногун амалӣ мегардад ва онро пешгӯӣ намудан душвор аст.
Террор истилоҳи лотинӣ – «terror» тарс ва ба даҳшат андохтан аст.
Терроризм амали номатлуб буда, бар зидди ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи ҷонибдорони гурӯҳҳои махсус ва алоҳида равона мегардад.
Мақсади асосии террор амалҳои террористиро ба анҷом додан аст, ки он аз се қисм иборат аст.
1) Ғоя ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамоянд;
2)Фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ;
3) Худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объекте равона гардидааст.
Терроризм ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: терроризми байналхалқӣ ва терроризмӣ дохилидавлатӣ.
Терроризми дохилидавлатӣ фаъолияти гурӯҳҳои махсуси ташкилшудаи террористӣ, ки амалиёти худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал мебаранд.
Терроризми байналхалқӣ дар навбати худ бо шаклҳои мухталиф тақсим мегардад: терроризми иқтисодӣ (инқилобӣ), терроризми этникӣ (миллатгароӣ), терроризмӣ динӣ.
Амалҳои террористӣ аз солҳои 80-90 асри xx пуршиддат ва тезу тунд мегарданд.
Террори иҷтимоӣ – инқилобӣ як шакли террор буда дар шаклҳои ҷангҳои партизанӣ амалӣ мегардад, ки ин як навъ ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Таърих нишон медиҳад, ки ин гуна амалҳои террористӣ панҷа ба доманӣ якчанд давлатҳо задаанд аз ҷумла, Алҷазоир, Либерия, Чили, Венесуэла ва Колумбия .
Терроризми этникӣ (миллатгароӣ) - гурӯҳи махсус ташкилшудаи террористӣ, ки барои миллати хеш ташкил намудани давлати алоҳидаю мустақилро мақсаду ҳадафи асосӣ медонанд. Онҳо амалҳои хешро «озодиҳои миллӣ» меҳисобанд.
Терроризми динӣ - яке аз маъмултарин навъи террористӣ зуҳурёфтаи солҳои 90-ум ба шумор меравад, ки дар ин солҳо 56 ташкилоти террористии динӣ ба қайд гирифта шуда буд, маъмултарини инҳо «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ» ва ташкилотҳои радикалии Яҳудиҳо дохил мешуданд. Дар солҳои охир теъдоди ҷавонони гумроҳгаштаи ҷаҳон ба ҳар гуна ташкилотҳои терроризми динӣ зиёд гашта истодааст. Аз ҷумла, баъзе шаҳрвандони кишвари мо низ ба ин гирдоби бало гирифтор шудаанд. Сабабҳои ба ин гуна гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонон ин аз соддагию гумроҳӣ ва ба «фанатизми динӣ» гирифтор шудани онҳо мебошад. Ин гуна ҷавононро ба воситаи шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла «Однаклассник», «ВКонтакте», «Мой Мир», «Fecbook» ва амсоли инҳо шомил месозанд. Боз як сабаби дигар ин ба муҳоҷират рафтани ҷавонон мебошад, ки дар кишварҳои бегона бо ваъдаҳои гуногун ҷавононро зердасти худ менамояд ва мисли «роботҳои беҷон» бар гирди ангуштони худ давр мезанонад.
Роҳҳои пешгирӣ ва дар амн мондан аз ин вартаи нобудӣ тарғибу ташвиқи корҳои тарбиявӣ, ташкили озмунҳои бонуфӯз (ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ) ва вохӯрӣ бо шахсони донишманд, таҷрибадор, ҷавонони лаёқатманд ва ғолибони озмунҳо ва исломшиносон мебошад.
Толибзода Ҳ.С., муаллими калони кафедраи фанҳои махсуси МДТ-и Коллеҷи милитсия, лейтенанти калони милитсия.