Савдои одамон ҳамчун падидаи поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оиди муқовимат ба хариду фурӯши одамон
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки хариду фурӯши одамон (ки онро трафик низ меноманд) дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад. Аз рӯи иттилооти намояндаи САҲА оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон Хелги Конрад, ҳамасола танҳо ба давлатҳои Аврупо аз 200 то 500 ҳазор нафар одамон интиқол дода шуда, ба қурбониёни хариду фурӯши одамон шомил мегарданд; 60 фоизи онҳоро занҳо ва 40 фоизашонро мардҳо ташкил медиҳанд. Дар Россия бошад, мутобиқи иттилооти хонум Конрад, ҳамасола то 40 ҳазор нафар шахсон қурбонии хариду фурӯши одамон мешаванд. Тибқи Департаменти давлатӣ ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 700 ҳазор нафар одамон фурӯхта ва тавассути сарҳадҳои давлатӣ интиқол дода мешавад. Аз рӯи баҳодиҳии созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд.
Маълумоти оморӣ ба таври дақиқ ба болоравии савдои одамон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Агар дар давоми чор асри ғуломдорӣ гардиши он аз 12 миллион зиёд нашуда бошад, пас дар давоми 30 соли охир танҳо дар Осиё шумораи занону кӯдакон, ки ба асорати шаҳвонӣ фурӯхта шудаанд, ба 30 миллион нафар расидааст. Қисми зиёди ин тиҷорати зиддиинсонӣ дар дасти ташкилотҳои ҷиноятӣ қарор дорад. Мувофиқи ҳисоботи СММ ҳамасола беш аз 4 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин фаъолият ба синдикатҳои ҷиноятпеша соле хариду фурӯши одамон баробари хариду фурӯши маводи нашъаовар ва яроқ барои гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор фаъолияти бештар даромаднок ва нисбатан бехавф маҳсуб меёбад.
-исбот намудани ин ҷиноят ҳанӯз душвор мебошад;
-барои ташкил намудани чунин «тиҷорат» маблағгузории калон талаб карда намешавад;
-на дар ҳамаи давлатҳо дар самти муқовимат бо трафик қонунҳои дахлдор қабул гардидаанд ё ба қонунгузорӣ иловаҳои зарурӣ ворид карда шудаанд;
- на ҳамеша ҷомеа қурбониёни ин ҷиноятро ба сифати қурбонӣ қабул мекунанд;
-ҳанӯз оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо хариду фурӯши одамон таҷрибаи кофӣ ҷамъ нагардидааст.
Вобаста аз муносибаташон ба проблемаи хариду фурӯши одамон давлатҳо ба се намуд ҷудо мешаванд: давлатҳои қабулкунанда (давлати таъинот), давлатҳои зуҳури қурбонии хариду фурӯши одамон ва давлатҳои транзит.
Аксарияти давлатҳои Аврупои Ғарбӣ давлатҳои қабулкунандаи қурбониёни хариду фурӯши одамон ё транзити онҳо мебошад, зеро қурбониёни хариду фурӯши одамон дар басо ҳолатҳо аз тарафи гурӯҳҳои ҷинояткор аз як давлат ба давлати дигар интиқол дода мешаванд. Ин гуна амалҳо дар давлатҳо-иштирокчиёни Созишномаи Шенген, бинобар кушода будани сарҳадҳо, осонтар анҷом дода мешаванд. Аз рӯи маълумотҳои СММ, дар ҷаҳон 27 миллион ғуломон мавҷуд буда, аз инҳо 600 ҳазор нафарашон шаҳрвандони собиқ ИҶШС мебошанд. Чӣ тавре, ки Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин қайд намудааст, «Хариду фурӯши одамон-шакли муосири ғуломӣ буда, бо дағалона ва бераҳмона вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон алоқаманд аст. Аз рӯи таҳлили коршиносон, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор аз хариду фурӯши одамон даҳҳо миллион доллар фоида ба даст меоранд. Бешубҳа, ин воситаҳои пулӣ дар баробари даромадҳо аз фурӯши маводи нашъаовар ва яроқ таҳкурсии молиявии терроризми муосирро ташкил медиҳанд».
Солҳои охир сатҳи ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ, алалхусус дар самтҳое, чун тиҷорати шаҳвонӣ, хариду фурӯши одамон, хариду фурӯши узвҳои инсон низ боло рафтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон - манфиатҳои таъмин намудани амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро ба роҳбарӣ гирифта, бо дар назардошти хусусияти фаромиллӣ доштани савдои одамон дар ҳудуди худ он шахсонеро, ки ба савдои одамон машғуланд, таъқиб менамояд. Таъқиби ҷиноят тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки савдои одамон ё давраҳои алоҳидаи он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида бошад, аммо он бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда бошад инчунин, дар ҳолатҳое, ки бо меъёрҳои санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё меъёрҳои қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як давлат уҳдадор аст, ки вайрон намудани ҳуқуқи инсонро пешгирӣ намояд, дар ҳолати содир шудани чунин вайронкуниҳо мавриди санҷиш қарор диҳад, чорабиниҳои дахлдорро нисбат ба шахсоне, ки ҳуқуқи инсонро вайрон мекунанд, андешад ва ҷуброни зарари маънавӣ ва моддиро ба ҷабрдидагон таъмин намояд.
Савдои одамон, ҳамчун зуҳуроти номатлуб, дар Тоҷикистон дар давраи амалиётҳои ҷангии солҳои 1992-1997 пайдо гардидааст. Маҳз дар даврахои амалиётҳои ҷангӣ барои доман паҳн кардани савдои кӯдакон заминаи мусоид ба миён омадааст. Дар ин давра гурӯҳҳои ҷиноятӣ ташкил гардидаанд, ки барои нашъаҷаллобӣ ва хариду фурӯши занон машғул буданд. Вайрон гардидани тартиботи ҳуқуқӣ ва ятимшавии кӯдакон дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ сабаби паҳн гардидани парастории ғайриқонунӣ гардид. Дар ин росто ҳолатҳои савдои кӯдакон, махсусан кӯдакони навзод ва ширмак ба вуҷуд омада, барои машғул шудан ба ин амали номатлуб сохторҳо ташаккул ёфтанд. Дар солҳои 1994-1995 дар замоне, ки бисёр ноҳияҳои Тоҷикистонро ҳолатҳои гуруснагӣ фаро гирифта буд, ҳодисаҳои савдои духтарон ва кӯдакон аз ҷониби падару модар ва хешовандони наздики онҳо пайдо шудаанд. Дар ин давра дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳодисаҳои ба таври оммавӣ ба шавҳар додани духтарони ноболиғ зуҳур карданд. Аз соли 1997 савдои занону кӯдакон, ки бо фиреб алоқаманд буда, онҳо аз ҷониби савдогарони одамон амалӣ мешуд. Дар натиҷаи ҷалбкунии ғайриқонунии савдогарони одамон қурбониёни савдои одамон ихтиёран ба хориҷи кишвар сафар намудан розӣ мешуданд ва он ҷо онҳо мавриди истисмор қарор мегирифтанд. Ибтидо аз соли 2001 доманаи савдои одамон бо мақсади истисмори меҳнатӣ васеъ мешавад ва афзоиши чунин амалия аз соли 2002 ба назар мерасад.
Ба рушди ин амали нангин якчанд омилҳо боис гардидаанд, аз ҷумла пастравии вазъи иҷтимоию иқтисодии занон (яке аз омилҳои асосӣ – ин афзоиши рӯзмарраи сатҳи бекории занон); даромади зиёди моддӣ гирифтани гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз ин намуди савдо; камфаъолиятии ташкилотҳои ваколатдори ҳокимияти давлатӣ дар ин самт ва баъзан иштироки бевоситаи баъзе мансабдорон дар ин амали зиддиинсонӣ ва ғайраҳо ба шумор меравад.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд нишон доданд, ки чун қоида объекти савдои одамонро занон, ноболиғон ва кӯдакони навзод ташкил медиҳанд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ба муқобили савдои одамон иқдомҳои мушаххасро пеш гирифт.
Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои иловагии он, аз ҷумла Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он ва Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, обӣ ва ҳавоӣ (минбаъд Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон)-ро 15 декабри соли 2000 имзо ва 29 майи соли 2002, таҳти №645 тасдиқ намудааст.
Мутобиқи банди 1 моддаи 9 фасли 3 Протокол дар бораи пешгирӣ рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он Тоҷикистон ӯҳдадор гардидааст, ки сиёсати барномаҳо ва дигар чорабиниҳоро бо мақсади пешгирии савдои одамон ва мубориза ба он, ҳифзи ҷабрдидагони савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ба тариқи маҷмӯӣ таҳия ва қабул намояд.
Ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ташкилию ҳуқуқии мубориза ба муқобили савдои одамон ва иҷрои муқаррароти Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он, Ҳукумати Тоҷикистон як қатор тадбирҳои маҷмӯиро таҳия ва қабул намуда, онҳоро то ба имрӯз амалӣ намуда истодааст.
Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳуқуки кӯдак, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 қабул гардидааст, Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи ҳуқуки кӯдак, ки бо иштироки кӯдакон дар муноқишаҳои мусаллаҳона бахшида шудааст, Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак марбут ба савдои кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакона ва Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) «Дар бораи манъ намудан ва тадбирҳои фаврӣ оид ба рафъи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» 13 декабри соли 2000 ҳамроҳ шуд. Ҷиҳати иҷрои талаботи ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423 Комиссияи миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак барои солҳои 2003-2010 қабул гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003 № 309 тасдиқ гардид.
Тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятии хариду фурӯши одамон
Соли 2003 дар маҷлиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон гурӯҳи кори доимамалкунанда таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ гардид. Дар натиҷаи фаъолияти ин гурӯҳи корӣ ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои нисбатан муҳиму аввалиндараҷа ва амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ворид сохтани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муқаррар ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир кадани ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқаманд, тадбирҳо андешида шудаанд. Чунончи, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 №33 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав, таҳти рақами 1301 («Хариду фурӯши одамон») илова гардид. Инчунин, ба моддаҳои 339 (Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) Кодекси ҷиноятӣ қисмҳои нав илова карда шудаанд, ки онҳо барои бо мақсади савдои одамон содир кардани амалҳои зикршуда пешбинӣ ва ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намуданд. Ба ғайр аз ин, дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2004 Шуъбаи мубориза бо рэкэт ва савдои одамон дар РМЗҶМ таъсис дода шуд. Ин Шуъба ва дигар мақомоти дахлдор дар ин самт натиҷаҳои муаянро соҳиб шуданд.
Ҳамин тариқ, дар бораи батанзимдарории ҳуқуқии фаъолияти вобаста ба муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 2003 сухан гуфтан мумкин аст, зеро дар ҳамин давра ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 1301 («Хариду фурӯши одамон») илова карда шуд. Баъдан аввалин маротиба Қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004 таҳти №47 қабул шуда буд.
Хариду фурӯши одамон, яъне бо мақсади суиистифода (сӯиистифодаи фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли сӯиистифодаи шаҳвоният, кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ, ҳолати ноилоҷӣ ё гирифтани узв ва ё бофта) ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зурӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, сӯиистифодаи мансаб ё ҳолати заифӣ, ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад содир шуда бошад,
-бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
Дар самти таъмини баробарии ҷинсҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии мардону занон ҷойи махсусро моддаҳои 17-18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад, ки мутобиқи он ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Дахлнопазирии шахсиятро давлат кафолат медиҳад; Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад.
Мавриди озмоишӣ маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст. Ин меъёри Конститутсия барои ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ асосӣ мебошад.
Кафолати умумии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла, аз зӯроварӣ, ҷалб намудан ба сӯиистифодаи шаҳвоният ва ғайраҳо дар моддаи 19 Конститутсия оварда шудааст. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Инчунин, дар моддаи 21 Конститутсия қайд карда мешавад, ки ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад. Ин ду моддаи Конститутсия давлатро уҳдадор мекунад, ки ҳамаи чораҳои зарурӣ ва механизми ҳифзи ҳуқуқро қабул намояд.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани маълумот манъ аст(моддаи 23).
Конститутсия ба ҳар як шахс ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳифзи меҳнат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004 таҳти №47 қабул гардид, ки вазифаҳои он танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки аз мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон бармеоянд; огоҳонӣ, ошкор ва пешгирии фаъолияти хариду фурӯши одамон ва ҳадди ақал расонидани оқибатҳои он; барқарорсозии ҷисмонӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шахсоне, ки аз хариду фурӯши одамон ҷабр дидаанд; муҳофизати шахс, ҷамъият ва давлат аз хариду фурӯши одамон ба шумор меравад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» таъиноти таърихии худро иҷро намуда, айни ҳол амал намекунад ва Қонуни нави аз (26 июли соли 2014, №1096) қабул шуда, «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» онро иваз кардааст, вале зарур аст, ки ин санади меъёри ҳуқуқии аввалини миллӣ марбут ба мубориза бо савдои одамон, ки заминаи устувори ҳуқуқии ин фаъолият ба шумор мерафт, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба савдои одамон амалӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон фаъолияти ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин менамояд. Дар ин ҷода, сиёсати мазкурро Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти арзишҳо ва унсурҳои зерин пеш мебарад:
а) афзалияти ҳифзи озодӣ, ҳаёт ва саломатии инсон ва шаҳрванд;
б) ҳамоҳангӣ ва мутобиқатии фаъолият дар самти муқовимат ба садои одамон бо дигар самтҳои сиёсати иҷтимоӣ, муҳоҷиратӣ ва иқтисодӣ;
в) амалӣ намудани назорат ва назоратбарӣ ҷиҳати иҷрои қонунгузории мамлакат дар самти муқовимат ба савдои одамон;
г) таҳия ва амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон;
д) расонидани кумаки ройгонии тиббӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки аз савдои одамон ҷабр дидаанд ва ҳимояи онҳо;
е) ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки аз савдои одамон ҷабр дидаанд;
ж) барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти муҳоҷират ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ тайёр намудани мутахассисон дар самти муқовимат ба савдои одамон;
Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд
- Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ:
- дар асоси иттилооти аз субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон пешниҳод гардида, маҳзани ягонаи маълумот дар бораи савдои одамонро таъсис медиҳад;
- огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва
ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд.
- бо мақсади ошкор кадан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда чораҳои пешгирикунанда меандешад;
- дар асоси аризаи ҳимояи қурбониёни савдои одамонро дар давраи
мурофиаи ҷиноятӣ таъмин менамояд ва ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кумакро мерасонад;
- барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандоне, ки ба онҳо вобаста ба расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон хатар таҳдид мекунад, тадбирҳо меандешад;
- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолият оид ба тақиби ҷиноятӣ,
ҳамкории байналмиллалӣ, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, таҳлили иттилоот, инчунин таъсиси марказҳо оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамонро амалӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Бесабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид накарда буданд, ки «Мо ҳанӯз дар оғози марҳилаи демократикунонии ҷомеа ва саргоҳи роҳи дурударози ташаккули давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорем. Ба итминони комил гуфта метавонем, ки бо гузоштани қадамҳои устувор ва пай дар пай дар ин роҳ ба мо муяссар шуд, ки ҷомеаи кишварро вориди низоми демократӣ намоем».
Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тамоман нави таърихӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад. Давлати мо тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ аз бӯҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ-зиддияту низоъҳои дохилӣ ва мушкилоти вазнини иқтисодӣ баромада, имрӯз ба як давлате табдил ёбад, ки дар он низоми ҳуқуқӣ хеле мутараққӣ ва муосир амал мекунад.
Омили асосии пешрафти давлат ташаккули низоми пешрафти ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҳамаи одамон тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад.
Муаллими кафедраи фанҳои
махсус, лейтенанти милитсия
Хайруллозода А.Х.