Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи инкишофи илмҳои табиатшиносӣ ва саҳми мутафаккирони форсу- тоҷик дар равнақи он

115Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар ин замина рушди илму маориф, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, аз худкуни техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илмӣ дар мақоми назаррас қарор дорад.
Илм ҳамчун унсури шуури ҷамъиятии инсон ва инъикоси воқеии он дар табиат ягона ва тадбиқшаванда аст. Мувофиқи сарчашмаҳои ҳар як илм таърихи бавуҷудоӣ ва инкишофи худро дар масири таърих ба башарият нишон додааст. Роҷеъ ба давраҳои инкишофёбии илм ақидаҳои олимон гуногун аст, чун ки дар ҳар сарчашмаҳои таърихӣ факт ва делелҳо ба таври мухталиф нишон дода шудааст. Олимон ва мутафаккирон дар давраҳои қадим илмро ба ду шохаи асосӣ ягона ва умумӣ ҷудо намудаанд. Вале дар замони муосир бошад, донишҳои фарогирифтаи илмӣ васеъ гардида, зарурати ба соҳаҳои гуногун тақсим шудани илм ба миён омадааст. Айни замон дар ҷаҳон шахсе вуҷуд надорад, ки маҷмуи донишҳои илмиро фаро гирифта тавонад, чун ки илми имрӯза зиёда аз 15000 фанҳои алоҳидаро дарбар мегирад. Аз рӯи хусусият илм ва соҳаҳои таҳқиқии онро ба ду гурӯҳ: табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҷудо менамоянд. Ба гуруҳи илмҳои ҷомеашиносӣ фалсафа, таърих, ҳуқуқ, адабиёт, санъат, этика, эстетика, педагогика ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ба гуруҳи илмҳои табаиатшиносӣ бошад: физика, нуҷум (астрономия), химия, биология, тиб, геология, география, математика ва монанди инҳо.
Дар рафти омӯзиши таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва қонунияти умумии табиат, фарзияҳои илмии таърихӣ нишон медиҳад, ки дар байни илмҳои табиатшиносӣ аз ҳама пештар нуҷум (астрономия) инкишоф ёфтааст. Ин вобаста ба он мебошад, ки одамон дар иптидо ба Офтоб, Моҳтоб, сайёраву ситораҳо мароқ зоҳир намуда, вобаста ба ин муаян намудани вақт доири тағирёбии шабу-руз, роҳҳои сайругаштро дар баҳр ва хушкӣ аз рӯи онҳо муайян мекарданд. Илмҳои дигаре, ки дар баробари астрономия инкишоф ёфтааст ин математика ва физика мебошад, таърихи пайдоиши математикаро риёзидони бузурги шӯравӣ А.Н. Колмагоров (1903-1987) ба чор давра тақсим менамояд: 1) пайдоиши математика; 2) математикаи элементарӣ; 3) ба вуҷуд омадани ҳисоби бузургиҳои тағйирёбанда ва 4) математикаи муосир. Баъд аз пайдоиши математика илми дигари табиатшиносӣ ки аксари қонунҳои табиатро бо тариқи таҷриба исбот менамояд ва қисми зиёди он ихтироотҳое, ки дар техника ва техналогияҳо аз ҷумла дар замони муосир ҷойдорад маҳз бо қонунҳои физика асос меёбанд, ки аз замони пайдоиш то ба имруз ба се давраи инкишофёби ҷудо намудан мумкин аст.
1. Давраи аввали инкишофи физика аз замони қадим то асри XVII ё худ аз замони Арасту то замони Нютон-ро дар бар мегирад.
2. Давраи физикаи классикӣ аз охири асри XVII то соли 1905 ва ё аз замони Нютон то давраи Эйнштенро дар бар мегирад.
3. Давраи физикаи муосир аз соли 1905 то замони муосир ё аз давраи Эйнштейн то физикаи имрӯзро дарбар мегирад.
Дар замини ин илмҳо дигар илмҳои табиатшиносӣ ба монанди; кимиё, биология, геология, минералогия, физиологияи растаниҳо ва одам, геометрия, география, геодезия, тригонометрия ва ғайра ба вуҷуд омада, рӯ ба инкишоф ниҳоданд.
Чуноне, ки сарвар давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот 18 марти соли 2020 бо олимон ва донишмандони кишвар аз кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигар олимон ва мутафакирони барҷастаи Форсу-тоҷик дар кашфиётҳои илмҳои тбиатшиносӣ ва дақиқ тули чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаистодаанд иро гардида буд, чанде аз онҳо дар замони давлатдории қадимаи тоҷикон аниқтараш дар замони давлатдории Сомониён як қатор асарҳои илмӣ ва адаби офаридаанд.
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Сино. (980-1037). Абӯалӣ ибни Сино дар тиб, фалсафа, мантиқ ахлоқ равоншиносӣ, риёзиёт, тасвири олам, кимиё, ботаника, забоншиносӣ, мусиқӣ ва дигар илмҳо асарҳои зиёде офаридааст. Асарҳои оламшумули ӯ «Китоб-уш-шифо», «Ал-қонун-фиттиб», «Донишнома» ва ғайра ӯро машҳури ҷаҳон гардонидаанд. Вай энсиклопедисти замонаш буд. Ӯ асосан дар се соҳаи илм хизматҳои шоён кардааст: тиб, фалсафа ва адабиёт. Асари ӯ дар соҳаи тиб «Қонуни илми тиб» мебошад, ки энсиклонедияи тиббӣ маҳсуб шуда, дар тули асрҳо китоби руимизии табибони Шарқу Ғарб буд. Аз 200 асари илмии Абӯалӣ ибни Сино 50- тоаш ба фалсафа бахшида шудаанд, ки дар байни онҳо «До¬нишнома» ва «Китоб-уш-Шифо» ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Дар соҳаи адабиёт ҳам як қатор асарҳо навиштааст, ки характери фалсафӣ, тиббӣ ва этникию ахлоқӣ доранд. Фалсафа ба ақидаи Абӯалӣ ибни Сино илм дар бораи умуман ҳастӣ мебошад. Вай фалсафаро ба се қисм яъне, физика (таълимот дар бораи табиат); мантиқ (илм дар бораи роҳи донистани табиат ва инсон) ва метафизика (илм дар бораи роҳи донистани ҳастӣ умуман) тақсим мекунад. Абӯалӣ ибни Сино яке аз донандагони хуби фалсафаи Арасту буд. Ҳамчун олим, табиб ва табиатшинос ӯ мавҷудияти объективии табиатро эътироф мекард.
Муҳаммад Абубакри Розӣ (Закариёи Розӣ солҳои 864-925). Закариёи Розӣ яке аз машҳуртарин олимони замони худ буд. Ӯ оид ба фалсафа, тиб, кимиё як қатор асарҳои илмӣ таълиф на-мудааст. Асарҳои машҳури ӯ «Тибби руҳӣ», «Сиратул фалса¬фа», «Қонунҳои табии фалсафа», «Мулоҳизаҳо дар бораи вақт ва фазо» мебошанд, ки дар онҳо таълимоти фалсафии худро баён кардааст. Баъдтар мутафаккирони бузурги Авропа Голбах, Гелветсий ва Фейербах дар ин бора муҳокимаронӣ карда¬анд.
Файласуфи маъруфи дигари он замон Ал-Форобӣ (Абунаср Муҳаммад ибни Тархон Форобӣ солҳои 870-950) буд. Ӯ математик табиб ва файласуфи бузурги замонаш ба шумор мерафт. Вай тафсиргари асарҳои Арасту буд, аз ин рӯ, лақаби «шореҳ» ва «тафсиргар»-ро гирифта буд. Мутафаккир масъалаи асосии фалсафаро ба таври идеалистӣ ҳал карда буд. Мисли дигар мутафаккирони асримиёиагӣ Форобӣ Худовандро сабаби асосии ҳастӣ мешу¬морид. Олами моддӣ, ба ақидаи Форобӣ аз шаш унсур иборатанд, ки инҳоянд: элементҳои оддӣ, минералҳо, растаниҳо, ҳайвонҳо, инсон ва ҷисмҳои осмонӣ. Вай чунин мешуморид, ки сарчашмаи дониш органҳои ҳис мебошанд ва олам донисташаванда аст.
Дигар олими машҳури асри IX-и тоҷик Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мусо-ал-Хоразмӣ буд. Ӯ асарҳояшро асосан дар академияи илмҳои Бағдод эҷод кардааст. Ал-Хоразмӣ ба илми риёзии ҷаҳонӣ тартиби ҳисобкунии ҳиндӣ ва асосҳои алҷабрро дохил намуда. дар риёзист давраи навро кушод. Дар соҳаи нуҷум ал-Хоразмӣ чадвалҳои пурқимате тартиб дода буд, ки онҳо асоси корҳои илмии мунаҷҷимони баъдинаи ҷаҳон гардиданд. Ӯ илми алгебраро ҳамчун шохаи нави математика ба вуҷуд овард. Ал-Хоразмӣ ҳамчун табиатшиноси машҳур якчанд асарҳо, махсусан «Ҷадвалҳои астрономӣ» «Нишонаҳои шакли замин», «Рисолаи соатҳои офтобӣ»-ро навишт, ки онҳо баъдтар ба забони лотинӣ чоп шуда, мутафаккирро дар Ғapбy Шарқ машҳур гардониданд. Асарҳои мутафаккир дар ташаккули тафаккури фалсафии мутафаккирони ояндаи ҷаҳон кумаки калон расонидаанд. Олими машҳури соҳаи кимиё Ҷобир ибни Ҳайан (Гебер)- ро дар Ғарб надари алхимия медонанд. Асарҳои Абубакри Бухороӣ «Хидоят-ул-муталимин, «Китоби набз» ва «Китоби ташрих» («Анатомия») бо забони тоҷикӣ иншо шуда, ба анатомия, физиологияи одам ва касалиҳою усулҳои табобати онҳо маълумотҳои умумӣ медиҳанд. Олимони дигари соҳаи тиб ва кимиё Ҳаким Майсарӣ, Абумансур ал- Хиравӣ ва сарвари онҳо Абуалӣ ибни Сино буданд.
Сухан сари он меравад, ки имруз он неруи зеҳни ва тафаккури илми насли навраси замони истиқлолият ҳарчи бештар рӯ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ оваранд то, ки он донишмандон ва мутафаккирони форсу-тоҷик, ки мероси гаронбаҳое аз худ ба ҷаҳониён боқӣ мондаанд, бори дигар чунин нобиғаҳо муаррифгари миллат ва давлати нави тоҷикон бошанд.
Саидов Ф.М., омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия,
Абдураҳимзода Ш.Қ., курсанти курси 3 факултети №5, милитсияи қаторӣ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...