Ҷаҳони муосир ва проблемаҳои глобалии он
Ҷаҳонишавӣ ва рушду тараққиёти босуръати илму техникаи муосир падидаҳои нодири таърихӣ буда, инсоният оғози ин раванди иҷтимоию иқтисодӣ ва тамаддуни фарҳангиро аз охири асри 20 ва ибтидои асри 21 медонад. Он дар чи зоҳир мегардад? Метавон қайд намуд, ки он дар ҳалли масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо, ки тамаддуни асри 21-ро нишон медиҳад, бешубҳа кумаки ҳамаҷонибаи худро мерасонад.
Дар асри нав ва дурнамои ҳазорсолаи сеюм маълум аст, ки ҳеҷ як миллате ва аксар аз он, ҳатто минтақае наметавонад, чи аз ҷиҳати молиявию маблағгузорӣ, чи аз нигоҳи техникию технологӣ ва чи аз лиҳози барномарезиву тарроҳӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ, таъмини маҳсулот ва маводи хом сад дар сад худкифо, новобаста ба иқтисоди ҷаҳонӣ бошад. Бинобар ин таъсири ҷаҳонишавӣ дар як қатор соҳаҳои зерини ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ мушоҳида карда мешавад;
• Ҳифзи табиат (экология), пешгирӣ ва наҷоти он аз ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили зилзила, туфон, сухтори ҷангал, фоҷиаҳои ҳаррӯзаи ҳавоию кайҳонӣ, ки рӯз аз рӯз авҷ гирифта истодаанд, метавон инро проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза шумурд.
• Пайдоиши бозорҳои ҷаҳонии маҳсулотҳои технологӣ, молиявӣ, сармояи хориҷӣ ва новобаста ба он ба вуҷуд омадани ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони ҷаҳонии Тиҷоратӣ (ВТО), Фонди Байналмилалии Арз (МВФ), ки ба хулоса ва қарорҳои онҳо тамоми кишварҳои дунё итоаткунанда буда, ҳамчунин ширкатҳои байналмилалӣ, ки қудрати иқтисодиашон бештар аз баъзе кишварҳо мебошанд - ин ҳама баёнгари ҷаҳонӣ гардидани иқтисоди ҷаҳонӣ аст.
• Ҳифзи саломатии инсон ва андешидани чораҳои зарурӣ баҳри бартараф намудани бемориҳои сироятӣ аз қабили СПИД, (Вируси норасоии масъунияти одам), саратон (рак), афъюнзадагӣ (наркомния), таъмини оби нӯшокӣ, марги кудакон, пешгирӣ аз гуруснагӣ, танзими оила ва таваллуд.
• Инчунин ҳамкорӣ дар таҳқиқот, маблағгузорӣ ва тарҳрезӣ намудани барномаҳо, коркард ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳои мухталифи қишри ҷомеа аз қабили соҳаи илм, фатҳи кайҳон, истифодаи атом, ҳифзи қабати азонии кураи Замин ва ҳоказо.
• Ҳамкорӣ ва талош варзидан дар ҳалли мушкилоти соҳаҳои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, монанди мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноии байналмилалӣ, терроризм, экстремизм, ҳифзи сулҳу амонӣ, пешгирӣ аз ҷангҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ва пешгирии он, таъмини халалнопазирии сарҳадҳои миллӣ, ҳалли ихтилофот аз тариқи барномаҳои сиёсӣ ва гуфтушуниди маслиҳатомез.
Маълум аст, ки хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардани сиёсатҳо, иқтисоду истеҳсолот, тиҷорат илму технология ва ғайра бевосита таъсири хешро ба фарҳангу маънавият, тарзи зиндагӣ ва ташаккули тамаддуни навини ҷаҳонии ҳар як миллат ва халқият мегузорад. Муҳимтарини ин раванд, ки дар асри 21 хосияти оламшумул пайдо кардааст ин таъсири фарҳанги иттилоотӣ ё ташаккули тамаддуни типпи нав бо номи «тамаддуни иттилотӣ» («информационная цивилизация») мебошад. Ин тамаддун на танҳо тамаддуни минтақавӣ, балки тамаддуни ҷаҳонӣ мегардад. Он тамоми маҳдудиятҳои асосии классиӣ - маконӣ, замонӣ, марзӣ, идеологӣ, сиёсӣ, миллӣ ва мазҳабиро аз сари роҳи худ бар медорад.
Рушди маърифати инсонӣ, фарҳангӣ ва илмии ҳар як миллате, ки дар қарни 21 умр ба сар мебарад вобаста аз он хоҳад буд, ки ин миллат то чи андоза бо системаи Интернет аз тариқи сайт ва иттилоот дастрасӣ дорад. Яъне, метавон бешубҳа қайд намуд, ки проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки онро ба қавле проблемаҳои глобалӣ медонем ниҳоят таъсирнок буда, ҳаллу фасли онҳо ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст. Бартараф намудани ин проблемаҳо мушкилоти асосии ҷаҳони тамаддунофар буда, ҷиҳатҳои мусбии он дар он зоҳир мегардад, ки инсониятро ба як хонаводаи бузурги дорои равобити наздик, бидуни деворҳои аз ҳам ҷудокунанда, сарнавишти кули инсониятро ба ҳам банду басти ногусастанӣ мебахшад. Аз ин рӯ ҳар яки моро водор месозад, то дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҷаҳони муосир ва рушди босуръати технологияи навин, ки ҷиҳатҳои мусбиро бештар дар худ таҷассум менамояд бетараф набуда, масъулияти баланди инсониро дарк карда бошем. Бо ҳамин васила мо метавонем тамаддуни миллии башариро ҳифз ва нигоҳдошт намоем.
Исмонзода М.И., сардори кафедраи Коллеҷи милитсияи ВКД, майори милитсия.
Давлатбекзода З.О., муаллими Коллеҷи милитсияи ВКД, лейтенанти калони милитсия.