Ифтитоҳи лабораторияи химия дар Академияи ВКД
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ эълон намуд.
Миллати тоҷик дар баробари барандаи бузурги илмҳои гуманитарӣ яке аз саромадони рушд ва инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Фаъолияти илмии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хаём ва садҳо дигарон аз ин шаҳодат медиҳад. Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино яке аз аввалинҳо шуда усули каронагирии (карантинии) бемориҳои сироятиро пешниҳод намуда буд. Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино паҳншавии бемориҳои сироятиро аз вайрон намудани вазъи беҳдошт (гигиена) дониста, онро «марги сиёҳ» номида, роҳҳои бистарӣ, муолиҷа ва карантинии онро дар амал ҷорӣ намуд. Ӯ аз таҷрибаи тибби тоҷик, юнон, ҳинд ба таври васеъ истифода бурда бартариятро ба тибби тоҷик ва чор унсур: об, хок, ҳаво, оташ медод. Системаи табобатии вай ҳазорон беморонро дар асрҳои миёна дар Аврупо аз марг наҷот дод ва бо номи Авитсена маъруф гашт. Ба қавли аксари забоншиносон этимологияи истилоҳи «медидсина» ин маънои мадади Синоро дорад. Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Синоро файласуфи бузурги немис Фридрих Гегел Арастуи Шарқ номида буд, ки маҳз системаи илмии «перипатетизм»-и ӯ ба ба омӯзиши равандҳои ҳаракатноки табиӣ вобаста буда, минъбад дар асоси он дар Аврупо кашфиётҳои минбаъдаи илмҳои табиатшиносӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ал-Хоразмӣ бошад, асосгузори илми алгебра аз решаи калимаи «ал-ҷабр» мебошад. Абурайҳони Берунӣ дар навбати худ, ҷирмҳои осмониро тадқиқ намуда, тақвимҳои асосноки астрономӣ пешниҳод намуда буд. Закариёи Розӣ аввалин беморхонаи касалиҳои асаб ва руҳиро роҳбарӣ карда, озмоишҳои кимиёвӣ мегузаронид. Абунасри Форобӣ фарҳанги беҳдошт (гигиенаи) шаҳрдориро пешниҳод намуда, Умари Хайём аввалин тақвими саҳеҳи хуршедиро, ки ба даврзании солонаи замин дар атрофи офтоб рост меояд, пешниҳод намуд.
Чи тавре, ки маълум аст, 18-уми марти соли ҷорӣ чун анъана дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз мулоқоти навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илм ва маориф ва аҳли эҷоди кишвар баргузор гардид. Мулоқоти имсола куллан аз мулоқотҳои пешин фарқ менамояд.
Дар мулоқот масоили мубрами соҳаи маориф, илм ва аҳли қалами ҷумҳурӣ пурра таҳлил гардида, аз ҷониби Пешвои миллат хулоса ва тавсияҳои муҳим пешниҳод гардиданд. Боиси тазаккур аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ илму маориф ва адабиёти кишвар рушду нумӯъ намуда, аз ҷониби Пешвои миллат дастгирии пурра ёфт. Теъдоди мактабҳои ҳамагонӣ, литсей, гимназия, коллеҷҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, даҳчанд афзуда, базаи моддӣ-техникии онҳо мустаҳкам гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот дастур доданд, ки сатҳу сифати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад.
Вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД лабораторияи нави химия дар заминаи кафедраи фанҳои мухандисӣ-техникии факултети №3 (сардораш - номзади илмҳои химия, полковники милитсия Ҳалимзода Ш.) дар Академия бо таҷҳизотҳои муосир барои курсантон ифтитоҳ гардид. Ин лабораторияи мукаммали химиявӣ имкон медиҳад, ки омӯзиши илмҳои табиӣ дар Академия ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Барои омӯзиши илмҳои табиӣ факултетҳои №3 ва №5 Академия махсус гардонида шуда, дар тамоми факултетҳои дигар фанни «Консепсияи табиатшиносии муосир» дарс дода мешавад.
Дар шароити имрӯзаи паҳншавии бемориҳои сироятнок ҳар як корманди ояндаи МКД бояд аз асосҳои илмҳои табиатшиносӣ воқиф бошад. Ифтитоҳи лабораторияи химия ин дастури бевоситаи Вазири корхои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти омӯзиши чуқури илмҳои табиатшиносӣ дар заминаи Академияи ВКД ба шумор меравад. Лабораторияи мазкур имкон медиҳад, ки озмоишҳои он дар илми криминалистика ва ошкор намудани ҷиноятҳо низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор гиранд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.