Конститутсия - марҳилаҳои инкишоф ва нақши он дар барпо намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон
Ибодзода Муҳаммад Абдулло, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия
Калидвожаҳо: Конститутсия, қонуният, эъломияи истиқлолият, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуқуқи инсон, райъпурсӣ.
Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.
Конститутсия аз калимаи лотинии «constitution» - гирифта шуда, маънои барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис доданро мефаҳмонад.[3]
Конститутсия ин ҳуҷҷати таърихӣ мебошад, зеро агар давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва принсипҳои умумии ҳуқуқро аниқ мекунад. Дар таърихи башарият маҳз Конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва пешравии ҷамъият гаштаанд.[6]
Дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ Конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазии-демократия ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазия пайдо гардид. Конститутсияҳои ҳозиразамон якумин шуда дар ИМА соли 1787, баъдан соли 1791 дар Полша ва Франсия Конститутсияҳо қабул гардиданд, ки дар асри XIX дар аксарияти давлатҳои Аврупо ҷараёни гузариш ба низоми Конститутсияҳо асосан баанҷом расид, ҳоло кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки Конститутсияҳои навишташуда надошта бошанд, ба инҳо Англия, Шветсия, Зеландияи Нав, Исроил ва баъзе давлатҳои дигар мисол шуда метавонанд.
Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст. Давлати миллии тоҷикон мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (минбаъд-КИМ)-и Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд-ИҶШС) аз 27-уми октябри соли 1924 дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон (минбаъд-ҶШСУ) ташкил ёфт.
Марҳилаи якум: Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (минбаъд-ҶМШСТ) масъалаи тайёр кардани Конститутсияи он ба миён омад. Анҷумани Шӯрои Тоҷикистон баробари ташкили КИМ-и Тоҷикистон ба ӯ супориш дод, ки то Анҷумани оянда Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистонро тайёр намояд. Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28-уми апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард, ки он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва Конститутсияи ҶШС Ӯзбекистон соли 1927 тайёр карда шуда буд.
Марҳилаи дуюм: Вале дере нагузашта аз тарафи Анҷумани сеюми шӯроҳо зарурият оид ба ташкил намудани Ҷумҳурии Иттифоқи Тоҷикистон (минбаъд - ҶИТ) ба миён омад ва ба санадҳои Анҷумани фавқулодаи шӯроҳои Тоҷикистон 16-уми октябри соли 1929 қарор дар бораи ташкил ёфтани ҶИТ қабул карда шуд.[7]
Аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон аст. Баъди ташкилёбии ҶИТ масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани вазъи конститутсионии он пеш омад. Дар қарори Анҷумани сеюми шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкилёбии ҶИТ ба КИМ супориш дода шуд, ки Конститутсияи ҶИТ-ро тартиб дода барои қабул пешниҳод намояд.
Анҷумани 4-уми шӯроҳои Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодгардидаро муҳокима карда онро тарафдорӣ намуданд ва он бо қарори худ 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини ҶИТ-ро қабул кард.
Конститутсияи соли 1931-и Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (минбаъд-ҶШСТ) давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин рӯ дар мавриди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон зарурияти тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсия ба миён омад.
Марҳилаи сеюм: Ҳамин хулосаҳо буд, ки ИҶШС Конститутсияи нав қабул кард. Дар Конститутсияи ИҶШС соли 1936 ба таври ҳуқуқӣ, инъикос гардонида шуданд. Дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шӯроҳо 1-уми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШСТ қабул гардид, ки он моҳиятан ба Конститутсияи иттифоқӣ монанд буд ва дар он давраи нав, давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода меёфт. Конститутсия 41 сол амал кард ва дар ин мӯҳлат ба он тағйиру иловаҳои зиёде ворид гардиданд. Дар ин давра дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низоми иқтисодӣ, асосҳои ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон бавуҷуд омаданд. Аз ин рӯ, масъалаи қабули конститутсияи нав бамиён омад.
Марҳилаи чорум: Санаи 15-уми июли соли 1977 иҷлосияи 7-уми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШСТ камиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Точикистонро ташкил кард. Лоиҳаи Конститутсия 19-уми марти соли 1978 барои муҳокима нашр гардида, аз 14-уми апрели соли 1978 аз тарафи иҷлосияи 8-туми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШСТ даъвати 9- ум Конститутсияи 4-уми ҶШСТ-ро қабул намуд, ки он аз 10 фасл 19 боб 174 модда иборат буд.
Марҳилаи панҷум: Аммо пас аз гузаштани 12-соли қабули Конститутсияи соли 1978-и ҶШСТ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ИҶШС баҳсу муноқишаҳо нисбати бекор кардани мавқеъи Ҳизби Камунистӣ Иттиҳоди Шуравӣ бавуҷуд омад. Дар ҳамон давраҳо вазъи сиёсӣ ва идоракунии давлат бо чунон суръате тағйир меёфтанду дигаргун мешуданд, ки ҳатто баъзе аз кормандони давлатҳои ин аъзо бехабар мемонданд. Баъд аз дигаргун гаштани вазъи сиёсӣ дар ИҶШС ва меъёрҳои Конститутсияи он ба тақдири Конститутсияи ҶШСТ ва ҳаёти сиёсии он бетаъсир нагузошт ва дар натиҷа зарурати тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нав ба миён омад. Мақсад аз тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳуқуқӣ дар ҳайати ИҶШС буд. Ин ҷараён фақад ба Тоҷикистон хос набуд, балки ҳамаи ҷумҳуриҳои аъзои ИҶШС низ чунин мақсадро дар назди худ гузошта буданд. Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 камиссияи конститутсионӣ оиди тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон бо сардории раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон котиби 1-уми Кумитаи Иҷроияи Партияи Коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар ҳайати 53 нафар ташкил ёфт. Қадами аввал барои амалӣ гардонидани мақсадҳои дар боло зикргардида, қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШСТ аз 24-уми августи соли 1990 гардид. Аммо давоми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон бинобар барҳам хурдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд. Дар ин хусус 9-уми сентябри соли 1991 Эъломияи мазкур ба ҳолатҳои наве бой гардонида шуд, ки онҳо заминаҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистонро боз ҳам васеъ гардониданд.
Давраи дуюми тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон баъди барҳам хурдани ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуку озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.
Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 1992 ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Раиси Комиссия Президент Раҳмон Набиев тасдиқ гардид. Мувофиқи амри Президент аз 10-уми феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 9-нафар ташкил ёфт. Ин гурӯҳ дар мӯҳлати муқарраршуда лоиҳаи Конститутсияро тайёр карда ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард ва он бо қарори худ аз 22-юми апрели ҳамон сол лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия намуд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 1992 дар матбуот барои муҳокима интишор гардид. Мӯҳлати ҷамъбасти муҳокима то 1-уми июли соли 1992 муқаррар шуд. Лоиҳаи мазкур аз муқаддимаи мухтасар 7 фасл, 12 боб, 136 модда иборат буд. Чуноне, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст аз сабаби он ки дар дохили мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мавҷуд буд ва низоъҳо барои дигаргун кардани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият хеле дар маркази мамлакат ш.Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои он муташаккил ҷараён дошт. Халқ аз таҳлукаи ҷанг ва гуруснагӣ овора буда, лоиҳаи Конститутсияро ҳеҷ аҳамияту муҳокима намекарданд ва шароити чунин муҳокима ҳам мавҷуд набуд.
Саршавии давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва раиси Шӯрои Олӣ интиҳоб шудани Э.Ш.Раҳмонов оғоз гардид.
Иҷлосияи мазкур дар барқарор гаштани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург бозид, зеро танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеа, фаъолияти мӯътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қабули Конститутсия имконпазир буд. Ҳанӯз дар ҳамон давра раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов ба халқи шарифи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 чунин муроҷиат намуда буданд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст». Баъдан Иҷлосияи 17-уми Шӯрои Олӣ аз 26-уми июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати камиссияи конститутсионӣ қарор қабул намуд, ки аз 4-уми сентябри ҳамон сол 1-умин маҷлиси ин камиссия барпо гардид ва дар он зарурияти аз нав сар кардани кор оид ба лоиҳаи Конститутсия қайд гардид. Дар бораи рафти тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия дар иҷлосияи 18-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот шунида шуд. Дар иҷлосия раиси камиссияи конститутсиони гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи конститутсияи нав ташкил намуд.
Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро омода кард. Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Илова бар ин аксари шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи карори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар муддати зиёда аз ду моҳ муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид, ки аз 21-22-юми июл Конститутсия дар иҷлосияи 19-уми Шӯрои Олӣ муҳокима гардида, ба раъйпурсӣ тавсия карда шуд. Лоиҳаи ба раъйпурсӣ пешниҳодгардидаи Конститутсия аз дебоча , 10 бобу 100 модда иборат буд. Аз 7-уми сентябри соли 1994 Иҷлосияи 20-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати анҷоми раъйпурсиро аз 25-уми сентябр то 6-уми ноябр дароз кард.
Бо ҳамин натиҷаҳо 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4% ширкат варзиданд. Бо тарафдории Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59% овоз доданд.[3]
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.[4]
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Он нахустин қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки паз аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид. Дар паёми табрикотии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи қабули Конститутсия ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин ибрози ақида намуда буданд: «Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд».
Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.
Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо дарназардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд. Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард.
Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Бо тақозои тағйиротҳои дар ҷамъият рухдода се маротиба, яъне 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, соли 1999 ба 22 модда, соли 2003 ба дебоча, 54 модда ва муқаррароти умумӣ, соли 2016 ба 36 модда ва матни болои он, номи боби 6-ум, муқаррароти интиқолӣ тағйиротҳои меъёрию имлоӣ ва ҷамъ 40 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар маҷмӯъ барои ҷавобгӯи талаботи замон будани Конститутсия ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд мусоидат намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрузу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.[8]
Умуман вақте ки кас ба мазмун ва моҳияти меъёрҳои Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинос мешавад, хоҳ нохоҳ сарчашмаи пайдоиши ин меъёрҳои тақдирсози миллатро дарк кардани мешавад. Аз ин рӯ, набояд фаромуш кард, ки чунин меъёрҳои дар ҳаёти мардум суфта гашта, пеш аз ҳама аз қаъри асрҳо, аз дуриҳои дур аз қалб ва хуни миллати мо сарчашма гирифтаанд. Ба ҷумлаи чунин заминаҳои урфӣ-ҳуқуқӣ метавон фармудаҳои нахуст сиёсатмадори миллати форс ё бешак нахуст сиёсатмадори башарият Куруши Кабирро аз «Эъломияи ҳуқуқи башар», ки зиёда аз дуюним ҳазор сол пеш қабул кардааст, номбар кардан мумкин аст. Дар эъломияи худ Куруши Кабир аз ҷумла, таъкид кардааст: «...Ман эълон мекунам,ки ҳар кас озод аст, ҳар дину ойинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна, ки муътақид аст ибодат кунад ва муътакидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад».
Дар ниҳоят зикр карданиам, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо таърихи чандҳазорсолаи худ воқеан сазовори чунин Конститутсияе, ки ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлатӣ воқеъан сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад гардидаанд. Ин хуҷҷат, аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва такдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафти ҷомеаро муайян сохт.
Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.
Аз ҷониби дигар, моҳият ва мӯҳтавои ин санад, ки ба воситаи райъпурсӣ қабул гардидааст, барои ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар замина гузошт.
Гарчанде Конститутсия санади хаҷман хурд намояд ҳам, аммо ба сифати қонуни асосӣ ва олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, фаъолият ва салоҳияти маҳомотҳои муҳимтарини давлатӣ аз ҷумла қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян менамояд.
Мутобиқи моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.[1] Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад ва Конститутсия аз они халқ буда, барои мардум хизмат мекунад. Ҳаминро зикр намудан ба маврид аст, ки сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ шинохта шудани халқ, яке аз нишонаҳои нави идоракунӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон буда, аз дигар усулҳое, ки дар гузашта истифода мегардиданд, ба куллӣ фарқият дорад. Аз ин рӯи тибқи ин усул тамоми шаҳрвандон бемамониат шахсан ва ё ба воситаи интихоби вакили хеш, дар идоракунии давлатӣ ширкат варзида, фикру ақидаҳои худро озодона баён карда метавонанд.
Ҳамчунин мавҷудияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешӣ, озодии сухан ва интихобот мазмуну мӯҳтавои Конститутсияро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда низоми демократиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунад.
Яке аз хусусиятҳои Конститутсия дар он ифода мегардад, ки мутобиқи моддаи 5-уми он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад, ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, ва давлат ӯхдадор гаштааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёру принсипҳои умуми эътирофшудаи байналмиллалӣ мебошанд, зеро асоси он бевосита аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашма мегирад. Тибқи моддаи 1-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ ба ҳам баробар ба дунё меоянд.[2]
Дар ин самт Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалиро, ки эътироф менамояд, ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон намудааст.
Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Россия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.[9]
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли мавҷудияти худ барои устувории ҳокимияти давлатӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гузошт ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Конститутсия дар ҳақиқат бахтномаи миллати тоҷик ба шумор меравад ва ин амр моро водор месозад, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром, риоя ва ҳифз намоем.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.[5]
Мо имрӯз барои амалӣ сохтани ин ниятҳои неки худ тамоми шароиту заминаҳои заруриро фароҳам овардаем ва танҳо бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳаммаромӣ ва заҳмати созанда метавонем мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвар, адолатхоҳу эҷодгар шинохта шудааст, ба ояндаи дурахшон ҳидоят созем.
Адабиётҳои истифодашуда:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2016с
2. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар - 10.12.1948с м.1
3. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон- Душанбе-2009с саҳ 15.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.11.2011 ш. Душанбе .
5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 19-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.11.2013 ш. Душанбе .
6. Назарияи ҳуқуқ ва давлат. Сотиволдиев Р.Ш. Китоби дарсӣ -Душанбе-2000с саҳ 115.
7. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. М. Маҳмудов, М. Раҳимов. Китоби дарсӣ-Душанбе, «Маориф ва фарҳанг»-2006с
8. Ҷумҳурият аз 11 октябри соли 2014. №198.саҳ1(Ифодагари манфиатҳои олии миллат.Шоира Сотиволдиева, мутахассиси пешбари бахши нашр ва маркази итилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
9. Ҷумҳурият аз 23 октябри соли 2014 № 206 (Шиносномаи давлату миллат. Икром Ҷумъазода, раиси суди ноҳияи Айнӣ)