Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму технология

80Воқеан такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин мавқеи эътимодбахши давлату ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистони биҳиштосо гардидааст. Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додааст. Дар баробари ин қайд кардан бо маврид аст, ки ба соҳаи маориф ва илм ҳамасола дар низоми буҷаи кишвар дар қиёс ба дигар соҳаҳо бештар маблағ ҷудо карда мешавад. Ва аз ҳама муҳим чун ба тамоми суханрониҳои Пешвои миллат менигарем, дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояш бо намояндагони аҳли зиё ва олимону ихтирокорон ва дар маҷмӯъ бо тамоми шаҳрвандон масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхонию илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навин пайваста пурсон шуда, дар ин ҷараён мусоидати бевосита менамояд. Аз ҷумла Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид доштанд, ки «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд».

Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш доданд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Албата ин дастуру супоришҳо гувоҳ аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии шахси оқилу кордон дар самти ихтироъ ва навовариҳо ва пешрафти илму технологияи навин қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Чунки дар замони муосир талабот ба нерӯи ақлӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар умуман дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири бузург мерасонад.
Чигунае, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф санаи 18 марти соли равон таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Ҳамчунин дар ин суханронӣ қайд намуданд, ки «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».
Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои 2020-2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд ва Ҳукумати мамлакат боварии комил дорад, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳамчунин дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки муасиссаҳои соҳаи маориф ва илм ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Чунин дастгириву ғамхориҳо ва ҳавасмандсозиҳо донишҷӯёну донишмандон ва дигар толибони илмро водор месозад, ки баҳри пешрафту шукуфоии соҳаи маорифу илми миллӣ нақши босазо дошта бошанд.
Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникиӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоиши, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши неруи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.
Миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми махсус дошт ва дар тӯли таърихи хеш фарзандонеро ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд.
Ин нуқтаро Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии худ бо зиёиён 18 марти соли равон қайд карданд, ки «Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».
Дар охир як нуқтаро бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди бохтҳову мусибатҳои овардааш ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и қарни гузашта барои мардуми мо як сабақи таърихиву бебаҳо дод. Дар ин ҷанг исбот гардид, ки дар ғами Тоҷикистон ба ҷуз тоҷик, ба ҷуз мардуми худаш, ба ҷуз фарзонафарзандонаш касе набуд, нест ва наҳоҳад буд. Яъне ин сарзамин, ин кишварро касе мисли худи мо дӯст намедорад, касе мисли роҳбарияти олии имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар фикри он нест. Ободиву осоиши ин сарзамин ба худи мо иртибот дорад. Агар мо соҳибмаърифат, худогоҳу худшинос, донишманду ихтирокор, олиму эҷодкор бошем, касе наметавонад, осоишу суботи кишвари моро халалдор созад, теша ба решаи мо занад. Яке аз омилҳои ваҳдатсоз ин соҳибилму соҳибмаърифат будан ва донистани таърихи миллат хеш аст. Ва ин нуктаро борҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқотҳояшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд. Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чиро мерос гузоштаанд ва мо - меросбарони онҳо кистему ба ояндагон чиро мегузорем. Дарки ин ҳама ба худшиносиву худогоҳии мо вобаста аст. Ва дар ин самт бояд иқрор кард, ки ҳеҷ замоне мисли имрӯз шароити мусоид пешниҳод насохта набуд ва қадри инро ҳатман бояд донист.
Нуруллозода Меҳрулло, омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...