Ба ифтихори 120-солагии ҳофиз ва шоири халқӣ, устод Сайдалӣ Вализода
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 120-солагии ҳофиз ва шоири халқӣ устод Сайдалӣ Вализодаро таҷлил менамояд. Дар ин ҷода корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст.
Устод Сайдалӣ Вализода 10-уми октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинги имрӯза дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Вай яке аз шоиронест, ки адабиёти даҳониро то ба китоб оварда расонидааст. Ҳамчунин вай бештар шухиҳои ҳазломез менавишт. Вай бештар дар мавзӯъҳои Ленин ва Октябр менавишт ва ана ҳамин буд, ки ӯро чи дар кишвар ва чи дар хориҷ шуҳратманд намудааст. Соли 1922 шуҳрати вай бештар мешавад ва ӯ шеъри «Ленин бародар раҳнамо»-ро эҷод менамояд ва шуҳрати ӯ ба кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн мегардад.
Ҳукуматро Ленин зӯр кард,
Золимро аз мулк дур кард.
Мулкро ҳама пурнур кард,
Ленин- бародар раҳнамо!
Ҳамчунин устод дар давраи фаъолияти худ дар соҳаи театр низ кору фаъолият намудааст. Соли 1936 дар театри халқии шаҳри Душанбе ба кор даромада дар онҷо кору фаъолият намуда, баҳри худ ғизои маънавӣ мегирад. Соли 1938 ба зодгоҳаш ноҳияи Ховалинг баргашт. Ӯро баъди ду сол ба сифати роҳбари театр, баъдтар роҳбари бадеӣ ба театри шаҳри Кӯлоб ба кор гирифтанд.
Сайдалӣ Вализода ба монанди дигар шоирони халқ баробари замонаи худ қадам мезад ва мекӯшид, ки дар соҳаи адабиёт то андозе бошад ҳам, дигаргунӣ ба вуҷуд оварда, насли ҷавону худогоҳро ба адабиёт дилгарм намуда, аз таърих ва фарҳанги пурғановати худ фахр намоянд ва ҳамаи ин бошад дар натиҷаи азхуд намудани фарҳанги ниёгон ба вуҷуд меояд.
Таҷлили 120-солагии устод Сайдалӣ Вализода ба санае рост меояд, ки дар кишвар рӯзи «Фалак» ҷашн гирифта мешавад, яъне дар рӯзе, ки барои мардуми кишвар рӯзи фарҳангӣ ҳисобида мешавад.
Аз фарзандон Хосият Вализода тавонист, ки касби падарро интихоб намуда, онро давом диҳад ва ба авҷи аъло расонад. Санаи 27 марти соли 1981 хона-музеи шоир ва ҳофизи халқӣ Сайдалӣ Вализода барпо гардид ва роҳбарии он ба уҳдаи вай гузошта мешавад ва солиёни дароз роҳбарии онро ба уҳда дошт ва мекӯшид, ки ҳарчи ки аз падари мушфиқу меҳрубонаш буд, дар хона-музей ҷой намуда мардумро бештар ҷалб намояд.
Аз эҷодиёти давраи ҷангии Сайдалӣ Вализода достони «Қаҳрамон Саидқул Турдиев» бештар шуҳрат дорад. Дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии устод Вализода оҳангҳои халқӣ бештар бо анъана ва хусусиятҳои назми хаттӣ қаробат пайдо карданд. То имрӯз «Таронаҳо» (1949), «Низоми Ватан» (1953), «Дар водии меҳнат» (1955), «Ду додарон» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (1965), «Ошиқи баҳор» (1970), «Чашми илҳом» (1971) барин китобҳои устод Вализода нашр шудаанд, ки шумораи зиёди хонандагони худро дорад. Ҳаминро бояд қайд намоям, ки яке аз сабабҳои зуд дар дили мардум ҷой гирифтани он ин эҷод намудани асарҳои ҳаҷвӣ ба ҳисоб меравад.
Санаи 12-уми декабри соли 1971 барои мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ воқеан ҳам рӯзи сангин ва душвортарини ҳаёт ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сана шахсияти худогоҳе, ки умри худро пурра ба соҳаи шеъру суруд, театру мазҳака бахшидааст, аз даст диҳанд. Устод пеш аз маргаш дар Васиятномаи худ, ки соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб эҷод шудааст, чунин мегуяд!
Ба ҷое маравам ёрон намеоям дигар охир,
Агар ёдам кунед, дар маърака, гӯё ки ман ҳозир…
Ҳамаи хизматҳои шоир ва ҳофизи халқӣ устод Сайдалӣ Вализодаро ба инобат гирифта, имрӯз дар кишвар чандин мактаб, маҳаллаҳо ва ҳатто Театри мусиқӣ ва мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи ин шоири маҳбуби халқ гузошта шудааст.
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин як боғи фарҳангӣ-фароғатиро ба номи Устод Сайдалӣ Вализода мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Меҳрубони Ҷума, муаллими кафедраи фанҳои умумитахасусии Коллеҷи милитсияи ВКД, лейтенанти милитсия.