Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саразм - мероси фарҳангии сайёра

«Бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм, пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун марказӣ ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад».
Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дорои урфу одат, анъана мероси бою ғанӣ буда, дар байни дигар халқиятҳо ҳамчун миллати куҳанбунёд мавқеи худро касб намудааст. Тибқи маълумотҳо ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2900 ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуданд, ки онҳо дар манотиқи гуногуни кишвар ҷойгир шудаанд ва ҳамарӯза шумораи зиёди сайёҳҳони дохиливу хориҷӣ ба ин манотиқҳо ташриф меоранд ва бо ин роҳ ба буҷети Ҳукумат фоидаи калон меоранд. Саразм бошад, ҳамчунин маркази тамаддуни ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикӣ «Саризамин» ба вуҷуд омадааст. Он дар соҳили чапи яке аз дарёҳои калонтарини Осиёи Марказӣ Зарафшон дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм соли 1976 аз ҷониби олим ва бостоншиноси тоҷик Исҳоқӣ Абдуллоҷон кашф шудааст. Ин ёдгорӣ дар 15 км ғарби ш.Панҷакент ва 45 км дар шарқ аз ш.Самарқанд ҷойгир шудааст.
Шаҳри қадимаи Саразм 4 давраи 4000-соларо паси сар кардааст, ки фарқ байни ҳамдигар 1000 солӣ мебошад. Дар ин шаҳр санъати меъморӣ хеле хуб равнақ ёфтааст.
Корҳои пажуҳишгарӣ ва кашфиёт дар инҷо аз бозёфти табари сангӣ аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Саразм Ашуралӣ Тайланов оғоз шуда, пасон дар ин кор Абдуллоҷон Исҳоқӣ соли 1976 ибтикор нишон медиҳад. Баъдан ба омӯзиши он бостоншиносон ба монанди доктори илмҳои таърих С.Бобомулоев, номзади илмҳои таърих А.Розиқов ва Ш.Қурбонов машғул шудаанд, ҳамчунин дар шаҳри қадима бостоншиноси фаронсавӣ Роланд Безенвал ва Франкфор Анрипол тадқиқот бурдаанд.
Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дар бар гирифта, аҳолиаш ба 8 ҳазор мерасид. Дар ин макони таърихӣ ба ақидаи археологҳо биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқӣ ҷой гирифтааст. Ин тадқиқотҳои олимони соҳа маълум кард, ки биноҳои маъмурӣ аз биноҳои истиқоматӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Шаҳр дорои қаср ва маъбадҳо, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо будааст. Ҳамчунин аз шаҳри Саразм якчанд ибодатгоҳ дарёфт шуд, ки он аз оину мазҳаби мардуми он гувоҳӣ медод. Мардуми он асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мешудаанд.
Қадимтарин бозёфти он ин «Гӯри Маликаи Саразм» ба ҳисоб меравад.
343344Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамадуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид.
Соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ёдгории нодири таърихӣ аз Юнеско ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид карда шуд.
Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфренсияҳои илмӣ-татқиқотӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар баргузор гардид. Ҳанӯз соли 1982 дар ҳамоиши байналмилалии Шӯравию Фаронсавӣ дар мавзӯи «Маданияти қадими Бухоро» ки дар ш.Душанбе доир шуда буд, мавзӯи аввалини муҳаққиқ ва кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ «Ёдгори аҳди қадимаи кишоварзии Саразм дар водии Зарафшон» буд, ки мавриди таваҷҷуҳи таърихнигорони дохилию хориҷӣ қарор гирифт.
Каримов Муҳаммадҷон, Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод, курсантони Коллеҷи милитсия ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...