Семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Интихобот – ифодагари бевоситаи ҳокимияти халқ»
Бо мақсади амали намудани банди 3 фасли 3 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-уми феврали соли 2020 аз ҷониби кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Интихобот – ифодагари бевоситаи ҳокимияти халқ», баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур на танҳо ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи номбурда, балки кормандони дигар ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар ин семинар намояндаҳои дигар донишгоҳ – Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷалб гардида буданд.
Семинари илмӣ-амалӣ бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ оғоз гардид.
Номбурда аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад». Сипас, З.А. Саидзода дар мавзӯи «Интихобот аз нигоҳи қонунгузори имрӯза ва таълимоти Абуҳанифа» баромад намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва таърихии онро мавриди таҳлилу муқоиса қарор дод.
Ёвари сардори РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам дар баромади худ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, интихобот ифодагари бевоситаи иродаи халқ ба шумор меравад. Дар рафти музокира маърӯзакунанда пешниҳод намуд, ки бо мақсади боз ҳам пиёда намудани иродаи халқ баъзе маҳдудиятҳои ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар қонунгузорӣ ниёз ба бознигарӣ доранд.
Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, подполковники милитсия дар мавзӯи «Таҳкими принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Ба андешаи ӯ барои ташкил ва гузаронидани раванди интихобот принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ аҳамияти муҳим доранд ва маҳз онҳо асосҳои ҳуқуқии ба танзим даровардани муносибатҳои интихоботӣ буда, аз дараҷаи риоя намудани онҳо суботи ниҳоди интихоботҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дигар омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои зерин баромад намуданд:
Қодирзода Ғолибшо Нурулло – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзӯи «Шартҳо ва принсипҳои ҳуқуқи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Фахридинзода Ҳамза Саидумар – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Аҳамияти интихобот дар давлати демократӣ»;
Ҷалолзода Сорбон Ислом – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Низоми интихобот ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Аминзода Баётҷон – курсанти курси 2, гуруҳи таълимии 202, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ, дар мавзӯи «Сарчашмаҳои низом ва ҳуқуқи интихобот»;
Маҳмадуллозода Довудхуҷа – курсанти курси 2, гуруҳи таълимии 202, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқи низоми интихобот»;
Неъматов Абдумалик – курсанти курси 1, гуруҳи таълимии 104, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ дар мавзӯи «Субъектҳои ҳуқуқи интихобот» ва дигарон дар мавзуҳои гуногун баромад намуданд.
Ҳар яке аз иштирокчиён ҷанбаҳои мусбии интихоботро арзёбӣ намуда, бо мақсади боз ҳам рушду ташаккул ва шаффофияти низом ва ҳуқуқи интихобот пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Дар рафти музокираҳо Ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академия, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич вобаста ба аҳамияти сиёсии интихобот ва райъпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мавҷудияти ифодаи озоди иродаи халқро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва собиқ Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дар муқоиса бо даврони соҳибистиқлолии давлатҳо ибрози андеша намуда, ба рафти чорабинии мазкур ҳусни дигар зам намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён аз баргузории семинари илмӣ-амалии мазкур қаноатманд гардида, ибрози сипос намуданд. Вобаста ба тавсияҳои семинари илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Интихобот – ифодагари бевоситаи ҳокимияти халқ» иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Музафаров Сулаймон Заробидинович баромад намуда қайд карданд:
- дар баромадҳои иштирокчиёни семинари илмӣ-амалии академиявӣ мавҷуд будани проблемаҳои назариявӣ ва амалиӣ вобаста ба институти интихобот;
- аз ҷониби маърӯзачиён ва иштироккунандагон қайд гардид, ки барпо намудани чунин семинарҳо бо мақсади баррасии проблемаҳои ҷойдошта ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли ягонаи онҳо мебошад;
- мунтазам гузаронидани тадқиқоти илмӣ-амалӣ вобаста ба мавзӯи баррасишаванда барои сайқал додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба низом ва ҳуқуқи интихобот мувофиқи мақсад мебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, бо мақсади боз ҳам мукаммал гардонидани низом ва ҳуқуқи интихобот, семинари илмӣ-амалии академиявӣ зарур мешуморад:
1. баромад ва пешниҳоди ҳамаи маърӯзачиён ва иштироккунандагони семинари илмӣ-амалии академиявии мазкур ба инобат гирифта шавад;
2. дар таҷрибаи баъзе давлатҳои хориҷи иштирок намудан дар интихобот на инки ҳуқуқ балки вазифаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷро нагардидани ин вазифа, нисбати шахс чораҳои мушаххас татбиқ мегарданд. Бо дарназардошти чунин таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ ба мақомоти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда мешавад, ки ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор диҳад;
3. бо мақсади боз ҳам пиёда намудани иродаи халқ баъзе маҳдудиятҳои ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар қонунгузорӣ ниёз ба бозсанҷӣ доранд;
4. санадҳои меъёри ҳуқуқии ватанӣ, ки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандонро батанзим медароранд ниёз ба таҳлил ва муқоиса намудан ба сандҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ доранд;
5. принсипҳои ҳуқуқи интихоботиро на танҳо вобаста ба интихоботи Президент ва Парлумон, балки дар робита ба ҳамаи навъҳои интихобот дар Конститутсия мустаҳкам карда шавад;
6. шартҳои интихоботии вакилони мақомоти намояндагӣ дар қонунгузори имрӯза пура танзим нагаштааст. Аз ин лиҳоз, масъалаи мазкур ниёз ба омӯзиш ва ислоҳ дар сатҳи қонунгузориро талаб мекунад;
7. дар умум вазъи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба низом ва ҳуқуқи интихобот мусбӣ дониста шавад.
Ҳамин тариқ, сухани ҷамъбастӣ пас аз муйян шудани пешниҳодҳо ба Ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академия, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич дода шуд. Номбурда иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки: «нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид».
Аз ин лиҳоз, ба мо – кормандони милитсия зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошем. Умедворам, ки ин чорабинӣ ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд. Воқеан, ақида ва пешниҳодҳои баромадкунандагон вобаста ба проблемаҳои мавҷуда саривақтӣ ва аҳамиятнок мебошад.
Музафаров С.З., Сафарова С.Н.