НАҚШИ ЗАНОНИ РОҲБАР ДАР ДАВРАИ ДИГАРГУНИҲОИ ИҶТИМОӢ
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар равандҳои сиёсию иҷтимоӣ мавқеъ ва фаъолияти занонро дар заминаи беҳтарин дастовардҳои муҳими умумибашарӣ арҷгузорӣ менамояд. Зан дар ҳар давру замон мақому мартабаи худро дошт. Аз ин ҷост, ки инъикоси нақшу мақом ва манзалати занони соҳибхираду бофарҳанг дар сафҳаи таърих ҷолибу муассир аст ва имрӯз низ саҳми занони соҳибҳунару лаёқатманд дар бунёди ҷомеаи навин баробари мардони баруманди кишвар бузург аст.
Зан масъулияти муҳиме бар душ дорад. Яъне тарбияи фарзандон. Ҳаёт ва зиндагӣ собит кард, ки зан қудрат дорад сиёсатмадори хуб, табиби ҳозиқ, муҳандиси ботаҷриба, рӯзноманигори хушсалиқа, деҳқони асил, олима ва модари ғамхор бошад.
Воқеан, рисолати ҳар як Зан-Модар пеш аз ҳама тарбияи фарзандон аст, яъне насле, ки бо як ҷаҳон ифтихор ояндаи Тоҷикистон мегӯем.
Нақши Зан-Модар дар таърихи чандинсолаи башар тори ногусастаеро мемонад, ки бо вуҷуди боду бароиҳои айём, тундбодҳои замон, кашмакашҳои абарқудратон табиист, ки беҳтару бештар мустаҳкам ва пурқувваттар мегарданд.
Дар бисёр кишварҳои пешрафтаи дунё оид ба вазъи замон як қатор ҳуҷҷату санадҳои байналхалқӣ қабул шуда дар рушду нумӯи фаъолияти замон қонунҳои ҷолиб тарҳрезӣ гаштааст.
ҶумҳурииТоҷикистон аз нахустин қадамҳои устуворона дар роҳи истиқлолхоҳиву демократикунонии ҷомеаи ҳуқуқбунёд равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ диққати махсус дода маҷрои наву тозаеро дар ин марҳила замина гузошт.
Баҳри сулҳу ваҳдат ва осоишитагӣ дар кишвар занону модарони тоҷик бо дарки масъулияти баланди давлатдорӣ, ба хотири тақдири халқи худ бурдборона ҷидду ҷаҳд намудаанд.
Қобили қайд аст, ки шумораи занони роҳбарикунанда сол то сол афзуда дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мусоидат менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханронии худ дар Анҷумани 3-юми Иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ, ки моҳи апрели соли 1997-ум баргузор гашта буд, таъкид карда буд: “Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад”.
Яке аз воқеаҳои фараҳбахше, ки дар ҳаёти занону бонувони тоҷик ба амал омад иштироки гурӯҳи роҳбарбонувони тоҷик дар конференсияи байналхалқӣ дар пойтахти Тайланд Банккок буд, ки аз 26 то 29 октябри соли 1999 шуда гузашт. Иштирок дар чунин конференсияи бонуфуз барои занону бонувони тоҷик самараи хуб бахшид. Зеро моҳи декабри соли 1995 аввалин шуда, дар миқёси Осёи Марказӣ аз рӯи конференсияи Пекин,-конференсияи илмӣ-амалии “Занони муосир” гузаронида шуд, ки намояндагони ташкилоту созмонҳои занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат намуданд.
Аз рӯи конференсияи мазкур семинару ҳамоишҳо гузаронида, фаъолгардонии занону бонувон дар корҳои роҳбарикунанда мусоидат менамуданд. Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатии баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дар фаъолгардонии занону бонувони болаёқат мусоидат намуд.
Қайд кардан лозим аст, ки сафи занони роҳбар ба тадриҷ афзуда дар як қатор вазифаҳои пурмасъуле, ки мардҳо фаъолият мекарданд акнун занон зимоми вазифаро ба даст гирифтанд.
Муовини сарвазир аз ҳисоби зан фаъолият дошт. Дар таърихи Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бори нахуст баъди 10 соли истиқлолият муовини раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон интихоб шуд, ки ин пешравии назаррасе буд дар ҳаёти занону бонувони тоҷик.
Дар ҷумҳурӣ муовинони сарвазир аз ҳисоби занон 7%-ро ташкил мекард. Сафи занону бонувоне, ки дар Дастгоҳи Президент фаъолият мекарданд, зина ба зина меафзуд. 3 нафар зан ба ҳайси мушовири Президент фаъолият доштанд. Баъди дастгириҳои дохилӣ ягон нафар зан раси шаҳру ноҳия набуд. Аммо баъди фармони Президенти кишвар сафи занони роҳбар, раисони шаҳру ноҳиҳои ҷумҳурӣ ба 5 нафар зан расид, ки 6%-ро ташкил медоданд. 27 дарсади муовинони раисону шаҳру ноҳияҳо зан буданд. Яъне аз ҳисоби умумӣ 237 муовин 63 нафар зан буд. Аз шумори 419 раиси Ҷамоатҳо 87 нафар зан буд, ки баробар ба 21% аст. 121 нафар зан муовини раиси ҷамоатҳо буданд, ки 47,5% ташкил медоданд. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 11 нафар ва аз 34 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар зан буданд.
Дар маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз 261 вакили вакили интихобшуда 48 нафар, яъне 18,4%-ро замон ташкил медод. Маҷлиси вакилон халқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2544 вакил дошт, ки аз ин шумора 377 нафар ё худ 15%-ро занон ташкил медоданд.
Санаду рақамҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳамаи сохторҳои давлати сафи занону бонувон афзуда, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ амалӣ мегардад.
Бо як ҷаҳон шукргузорӣ ва эҳтиром занону бонувони тоҷик аз сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд. Маҳз сиёсати муваффақ ва роҳбарии ақилонаи роҳбари давлат аст, ки имрӯз ба мо занону бонувон шароите муҳайё гаштааст, ки барои эҷодкори мусоидат менамояд.
Боиси хушҳолист, ки имрӯзҳо дар миқёси вилояти Хатлон 5 ҳазору 200 нафаро ё 2,7%-ро занону бонувон роҳбарикунанда ташкил медиҳанд.
Дар ҷаҳони муосир дар айёме, ки дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти илму техника ба марҳилаҳои нави босубот ворид мегардад ва фароҳам овардани имконияту шароитҳо ба инсоният даст медиҳад, мо занону бонувон наметавонем аз ин марҳилаҳои ҷомеаи муосир дар канор бошем.
Марҷонаи Амон, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, Ҳалимова Нилуфар Шарифхоҷаевна методисти калони шубаи таълими МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон