Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТААССУРОТ АЗ ИСЛОҲОТИ ПОЛИТСИЯИ ГУРҶИСТОН

Тибқи банди дахлдори Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномавии САҲА дар ш. Душанбе ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалҳои оид ба Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода 14 марти соли 2019 ба тасвиб расида буд, сафари хизматӣ аз ҷониби гурӯҳӣ корӣ ҷиҳати шиносоӣ бо раванди ислоҳоти политсияи Ҷумҳурии Гурҷистон санаи 9-18 ноябри соли ҷорӣ, амалӣ гардонида шуд.

Гурӯҳи корӣ бо сардории Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, 11 нафар кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва 3 нафар кормандони Дафтари барномавии САҲА дар ш. Душанбе дар ин сафари хизматӣ иштирок намуданд.
Рӯзи аввали шиносоӣ дар ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон баъд аз вохӯрӣ бо намояндагони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар шуъбаи дахлдори Департаменти иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон вохӯрӣ-суҳбат бо истифода аз презентатсия анҷом дода шуд.
Дар ин презентатсия сохтор ва ислоҳоти қисман ба анҷом расида; натиҷаҳои асосӣ ва ниҳоӣ; дурнамои рушди соҳа ва лоиҳаҳои таҷдид таҳлил карда шуданд. Сараввал, якумин презентатсия ба ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон, сохтор ва ислоҳоти он бахшида шуд, ки аз таҳлили функсияҳои асосии ВКД оғоз гардид. Ба ин функсияҳо дохил мешаванд:
- чорабиниҳои профилактикӣ бо мақсади мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- ошкор ва эътино ба ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- додани литсензияҳо, иҷозатномаҳо ва фаъолияти бақайдгирӣ;
- ҳифз ва назоратбарии сарҳади давлатӣ (инчунин сарҳади обӣ);
- пешгирӣ ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- экспертизаи судӣ;
- таълим ва инкишофи маҳорати амалии кормандони политсия.
Вобаста ба сохтори ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон масъулин чунин маълумот доданд, ки Вазорат аз:
- Вазир;
- 5 муовинони ӯ, ки самтҳои дахлдорро сарпарастӣ менамоянд;
- 21 ҷузъу том (Администрация; Генеральная инспекция; Информационно-аналитический Департамент; Департамент по управлению кадрами; Департамент стратегических комунникаций; Департамент международных отношений; Департамент по защите прав человека и мониторинга качества следствия; Департамент внутреннего аудита; экономический Департамент; Департамент логистики; Департамент по защите стратегических трубопроводов; Департамент центральной криминальной полиции; Департамент патрульной полиции; Департамент оперативного обеспечения; Департамент по особым заданиям; Департамент по управлению мест предварительного заключения; Экспертно-криминалистический Департамент; Департамент по защите объектов; Департамент миграции; Юридический Департамент; Центр совместных операций);
- 11 мақомоти минтақавӣ (Департамент полиции Тбилиси; Департамент полиции Самегрело-Земо Сванетии; Департамент полиции Имерети, Рача-лечхуми и Квемо сванетии; Департамент полиции Гурии; Департамент полиции Аджарской АР; Департамент полиции Самцхе-джавахетии; Департамент полиции Квемо картли);
- 2 муассисаи давлатии зертобеъ (Пограничная Полиция Грузии; Департамент Управления чрезвычайными ситуациями);
- 5 шахси ҳуқуқии ҳуқуқи омма (Академия Министерства внутренних дел; Департамент охранной полиции; Служба здравоохранения; 112; Сервисное агентство).
Тахминан дар ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон 36 000 корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо офитсерҳои политсия тахминан 32 000 нафарро ташкил менамоянд. Аҳолие, ки политсия хизмат мерасонанд 3,7 млн., ҳудуди давлат 69 700 км2 ташкил медиҳад.
Ҳамасола, дар Ҷумҳурии Гурҷистон тақрибан 45 000 ҷиноят ба қайд гирифта мешавад.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар саргаҳи ислоҳот, соли 2004 қарори сиёсӣ оид ба якҷоя намудани Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Гурҷистон ва ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон қабул карда шуд. Чунин шакли фаъолият то соли 2015 давом ёфт. Сар карда аз соли 2015 тақсимоти функсияҳо байни Хадамоти давлатии амният ва ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон оғоз ёфт, ки қисмати зиёди функсияҳои амниятии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон ба Хадамоти давлатии амнияти Гурҷистон пешбарӣ карда шуданд. Дар ин радиф якчанд сохтори нав дар заминаи Хадамоти давлатии амнияти Гурҷистон таъсис дода шуданд:
- Департаменти контрразведка;
- Департаменти амалиётҳои махсус;
- Департаменти зиддитеррористӣ;
- Департамент оид ба мубориза бо коррупсия.
Баъдан дар сохтори ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон мақомоти махсуси ҳамоҳангсоз – Департаменти амалиётҳои муштарак таъсис дода шуд, ки аз 1 январи соли 2020 боз ба тобеияти Хадамоти давлатии амнияти Гурҷистон дода мешавад.
Соли 2018 дар сохтори ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон мақомоти махсус – Департамент оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва мониторинги сифати тафтиш таъсис дода шуд.
Чи хеле, ки ҳамкасбон маълумот пешниҳод намуданд, асосан Департаменти марказии политсияи криминалӣ бевосита мубориза бо ҷинояткории муташаккил, пешвоёни ташкилотҳои ҷиноятӣ, гурӯҳҳо, ҷиноятҳои вазнин, ҷиноятҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, савдои одамон ва киберҷинояткорӣ мебаранд.
11 мақомоти минтақавӣ бошад, асосан фаъолияти онҳо ба тафтиш, фаъолияти оперативӣ ва функсияҳои пешгирикунии мақомоти ҳудудӣ алоқамандӣ дорад.
Политсияи патрулӣ бошад бо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи режими сарҳади давлатӣ дар гузаргоҳҳои назоратӣ ва инчунин гузаронидани тафтиш ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ машғул мебошанд.
Политсияи сарҳадӣ бошад бо ҳимояи сарҳади давлатӣ, ҳифзи ягонагии ҳудуд, амнияти гузариши баҳрӣ, назорати ҳавоӣ ва бартарафнамоии ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар сарҳади давлатӣ машғул мебошад.
Азнавсозии низоми фаъолияти ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон самтҳои зеринро дар бар мегирад:
- азнавсозии сохтор;
- коркарди махзани меъёрӣ;
- азнавсозии консептуалӣ.
Дар ин радиф боло бурдани самаранокии фаъолияти политсия дар асоси таҳлил; васеъ истифода бурдани технологияҳо; мукаммалсозии идоракунии ҳайат, қавӣ сохтани иқтидор пеша карда шудааст.
Ислоҳоти ҷойдошта дар ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон:
1. Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон.
2. Ислоҳоти политсияи криминалӣ.
3. Давраи нави ислоҳоти политсияи патрулӣ.
4. Ислоҳоти политсияи сарҳадӣ.

Дигар презентатсияи ҳамкасбон аз ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон ба фаъолияти «Низоми ягонаи идоракунии мурофиаи ҷиноятии Грузия» бахшида шуда буд. Махсусан маърузачиён қайд намуданд, ки низоми ягонаи электронии тафтиши парвандаҳои ҷиноятии «crimecase» соли 2011 ворид гардид, ки тамоми пешбурд оид ба парвандаҳои ҷиноятиро ба раванди электронӣ ворид намуд. Сар карда аз ҳамон сол тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Низоми «crimecase» ба ғайр аз ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон, инчунин фаъолияти мурофиавии дигар субъектҳои пешбурд оид ба парвандаҳои ҷиноятиро дар Ҷумҳурии Гурҷистон низ ба танзим медарорад. Ба қатори ин субъектҳо Вазорати мудофиа; Вазорати молия; Прокуратура; Хадамоти давлатии амният; Вазорати адлия шомил мебошанд.
Ин низом, сар карда аз марҳилаи бақайдгирии ариза ва иттиллоот оид ба ҷиноят то ба давраи ба суд ворид гаштани парвандаи ҷиноятиро, дар бар мегирад.
Маърузачиён дар баромади пурмуҳтавои худ паҳлуҳои мусбии ин низомро тафсир намуда, қайд карданд, ки фаъолияти мурофиавии муфаттишон, прокуророн ва судяҳоро ин низом якчанд маротиба осон намуд. Оғози фаъолияти мурофиавӣ дар ин низом аз бақайдгирии парвандаи ҷиноятӣ, гирифтани рақами ягона аз ҷониби муфаттиш сарчашма мегирад. Баъдан муфаттиш ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ шурӯъ менамояд ва ашхосро дар махзани иттилоотии низоми «crimecase» қайд менамояд. Ин низом дорои интерфейси осонфаҳм буда, ба тарафҳо / иштирокчиёни муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ имкониятҳои баробарро фароҳам месозад.
Ин низом барои назорат ва назоратбарӣ, фаъолнокӣ ва муайянсозии сарбории зертобеъон, маълумоти аниқ ва саҳеҳи оморӣ оид ба дилхоҳ самтҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод менамояд. Дар ин низом гузоштани имзои электронӣ низ ба танзим дароварда шудааст.
Тавассути низоми «crimecase» миқдори ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ва тафтишшуда дар тамоми ҳудуди Гурҷистон амалӣ карда мешавад. Инчунин, дигар маълумоти зарурӣ оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ ҷой дорад ва дар як лаҳзаи муайян ба истифодабаранда пешниҳод карда мешавад. Ин қисми низом «Модули оморӣ» ном дорад.

Дигар презентатсияи ҳамкасбон ба фаъолияти Департаменти марказии политсияи криминалии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон бахшида шуда буд. Дар ин презентатсия асосан сухан дар бораи сохтор, роҳбарият самтҳои корӣ, дурнамои рушд, ҳамкориҳо, ва натиҷаҳои фаъолият дар самтҳои дахлдор муаррифӣ карда шуданд.
Вобаста ба сохтор ва роҳбарияти Депатаменти мазкур чунин маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Департаменти марказии политсияи криминалӣ аз:
- директор;
- 4 муовинон-сарпарастон;
- таъиноти махсус (спецназ) (66 нафар корманд, аз инҳо 9 нафар роҳбар);
- Раёсат оид ба супоришҳои махсус (миқдор – махфӣ);
- котибот (15 нафар корманд, аз инҳо 1 нафар роҳбар);
- 4 Сарраёсат (Главное управление по борьбе с наркопреступностью; Главное управление по борьбе с организованной преступностью; Главное управление по контролю работы с конфиденциальными источниками, аналитики и организационного обеспечения; Центр международного сотрудничества в правоохранительной сфере (Главное Управление)) иборат аст.
Дар Сарраёсат оид ба мубориза бо ҷиноятҳои нашъамандӣ (Главное управление по борьбе с наркопреступностью) 3 раёсат (Управление по борьбе с продажей наркотиков и новых психоактивных веществ; Управление по борьбе с распространением наркотиков и новых психоактивных веществ с помощью Интернета и почтовых услуг; Управление по борьбе с незаконным ввоза наркотиков и новых психоактивных веществ) амал мекунанд, ки дар навбати худ аз якчанд шуъбаҳои оперативӣ ва як шуъбаи тафтишӣ (вобаста ба самти хизмат) иборат мебошад (113 нафар корманд, аз инҳо 20 нафар роҳбар).
Дар Сарраёсат оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил (Главное управление по борьбе с организованной преступностью) 3 раёсат (Управление по борьбе с преступным миром; Управление по особо тяжким делам; Управление по поиску разыскиваемых лиц; Управление по борьбе с треффикингом и нелегальной миграцией; Управление по борьбе с киберпреступлениями) амал мекунанд, ки дар навбати худ аз якчанд шуъбаҳои оперативӣ ва як шуъбаи тафтишӣ (вобаста ба самти хизмат) иборат мебошад (126 нафар корманд, аз инҳо 25 нафар роҳбар).
Дар Сарраёсат оид ба назорати кор бо сарчашмаҳои махфӣ, таҳлил ва таъминоти ташкилӣ (Главное управление по контролю работы с конфиденциальными источниками, аналитики и организационного обеспечения) ду раёсат (Управление регистрации оперативной деятельности и организационного обеспечения; Аналитическое управление) ҷой дорад, ки аз шуъбаҳои дахлдори оперативӣ иборат аст (50 нафар корманд, аз инҳо 10 нафар роҳбар).
Дар Маркази ҳамкориҳои байнамилалӣ дар самти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (Сарраёсат) (Центр международного сотрудничества в правоохранительной сфере (Главное Управление)) ду раёсат (Управление двухстороннего и многостороннего сотрудничества; Национальное центральное Бюро Интерпола (управление)) фаъолият мебаранд (50 нафар корманд, аз инҳо 9 нафар роҳбар).
Тибқи рӯйхат кормандони Департаменти марказии политсияи криминалӣ зиёда аз 450 кормандро дар бар мегирад, ки аз инҳо занон тақрибан 17 % ташкил медиҳанд.
Хусусияти хоси фаъолияти Департаменти марказии политсияи криминалии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон аз он иборат аст, ки дар ин мақомот фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ бо фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳар Сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори он якҷоя карда шудааст, ки ба қавли ҳамкасбон ин дастовард / навгонӣ натиҷаҳои назаррасро дар фаъолияти касбӣ рӯи кор овардааст.

Рӯзи дигари сафари хизматӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намудани гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Агентии хизматрасонии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон (Агентство обслуживания, Сервисное агентство) оғоз гардид.
Асосан ин мақомот ба гурӯҳи мақомоти шахси ҳуқуқии ҳуқуқи омма дохил шуда дар қиёс қисмати зиёди хизматрасонии соҳаи истифодабарӣ ва ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиётӣ машғул мебошад. Дар ин мақомот хизматрасониҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд:
1. Ройгон.
2. Ғайриройгон.
Ин тақсимот ҷиҳати аз байн бурдани «омили инсонӣ» дар самти даст задан ба ҳаракатҳои коррупсионӣ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ равона карда шудааст. Тамоми фаъолияти кормандони ин агентӣ ба таври шаффоф ба роҳ монда шудааст. Қисмати зиёди хизматрасонӣ тавассути имкониятҳои интернет низ ба роҳ монда шудааст, ки баамалбарории хизматрасониро дучанд қуллай кардааст.
Гирифтани рақами воситаи нақлиётӣ, супоридани имтиҳон барои шаҳодатномаи ронандагӣ, гирифтани маълумотнома ҷиҳати доштани доғи судӣ, хизматрасонии гумрукӣ, гирифтани силоҳ ва дигар намуди хизматрасонӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст, ки кормандонро аз сӯиистифода аз ваколати хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ ва ришваситонӣ эмин нигоҳ медорад. Тавассути механизми дурусти корӣ ва хизматрасонии сифатнок, фаъолияти агентии мазкур аз ҷониби шаҳрвандон мусбӣ арзёбӣ мегардад.
Тамоми намуди хизматрасонии агентии мазкур тибқи барномаи «Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ» амалӣ карда мешавад.

Худи ҳамон рӯз, гурӯҳи корӣ аз Департаменти политсияи патрулии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон дидан карданд. Аз ҷониби масъулон презентатсия намоиш дода шуд ва ба саволҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ посухҳои дахлдор бо тафсирҳо ироа карда шуд. Департаменти мазкур аз 1-уми январи соли 2009 дар Ҷумҳурии Гурҷистон амал мекунад.
Тахминан дар Департаменти мазкур зиёда аз 4 000 нафар корманд фаъолият менамоянд ки аз инҳо 1 000 нафар роҳбар ва занҳо бошанд тақрибан – 18 % ташкил медиҳанд.
Вазифаҳои асосии Департаменти мазкур аз инҳо иборат аст:
1. Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ.
2. Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
3. Назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ ва иштирокчиёни он.
4. Риояи реҷаи шиносномавӣ-раводиди дар гузаргоҳҳои назоратӣ.
Хизматрасонии Департаменти мазкур асосан тавассути воситаҳои нақлиёти махсус амалӣ карда мешавад, ки дар он якҷоя ду нафар кормандон хизмат мебаранд бо реҷаи махсуси худ. Тахминан қариб ҳаррӯза дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Гурҷистон зиёда аз 400 воситаҳои нақлиётӣ ба хизмат ҷалб карда мешаванд, ки ба ҳар як воситаи нақлиёти ҷиҳати хизматрасонӣ тақрибан 30 литр сӯзишворӣ ҷудо карда мешавад ва дар ҳолати зарурӣ онҳо метавонанд иловатан сӯзишворӣ истифода намоянд.
Хусусияти хоси хизматрасонии ин Департамент боз дар он аст, ки ин яке аз он мақомоте ҳаст дар низоми ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон, ки ба аҳолӣ наздиктар аст. Дарҳол баъд аз гирифтани маълумот аз алоқаи мадад (112) ё шахсан ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят баъд аз тафтиш намудани шахсияти нафар ба воситаи махзани ягонаи маълумотҳо, метавонад чораҳои дахлдорро татбиқ намояд. Ҳар як воситаи нақлиётӣ бо компютерҳои дорои махзани ягонаи маълумотҳо муҷаҳҳаз буда, дар ҳолати зарурӣ маълумоти аниқ дастрас мегардад. Тибқи дастурамали вазифавӣ, ҳар як воситаи нақлиёти аз 2 то 4 дақиқа пас аз гирифтани маълумот бояд ба ҷои ҳодиса ҳозир шавад. Ҳар як корманде, ки дар ин воситаҳои нақлиёти хизмат мебаранд бо камераҳои дахлдори видеоӣ муҷаҳҳазанд ва ин маълумот дар махзанҳо то 30 шабонарӯз нигоҳ дошта мешавад ва баъд аз он бекор карда мешаванд.
Чи тавре ки дар боло қайд намуда будем, Департаменти мазкур ҳамавақт дар ислоҳот қарор дорад ва мунтазам ба фаъолияти худ дигаргуниҳо ворид менамояд. Навгониҳои ин Департамент инҳоянд:
- патрули пиёдагард;
- патрули лижарон;
- патрули сайёҳӣ;
- патрули мотосиклӣ;
- патрули метрополитенӣ;
- патрули бетамос (наворгиранда) ва монандӣ инҳо.

Дигар мақомоте, ки гурӯҳи корӣ аз фаъолияти он шиносоӣ пайдо намуданд – ин алоқаи мадад 112 ё худ «Рақами ягонаи ёрии аввалӣ» мебошад. Асосан ин мақомот фаъолияти ҳамоҳангӣ дошта дар навбати худ ёрии аввалинро ба шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ ё электронӣ (СМС-паёмак) мерасонад. Ин марказ зертобеи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон аст. Шаҳрвандон дар ҳолати надоштани маблағи зарурӣ дар суратҳисоби рақами худ метавонанд ройгон ба ин рақам занг зада аз ҳодиса ё воқеа хабар расонанд.
Дар навбати худ, дар ин маркази хизматрасонӣ лоиҳаи шаҳри бехатар, ки тавассути мушоҳидаи камераҳои насбшуда дар роҳҳои Ҷумҳурии Гурҷистон ҳуқуқвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд, тариқи автоматӣ ҷаримабандӣ карда мешаванд.
Хусусияти дигари фаъолияти ин марказ дар он аст, ки шаҳрвандоне ки тибқи қарори суд дар зӯроварӣ дар оила маҳкум карда шудаанд аз ҷониби кормандони ин марказ ба қайди электронӣ гирифта мешаванд. Тариқи СМС-паёмак ба ин ё он тараф оид ба наздик шудани аъзои оила хабар мерасонанд, то ин ки хавф аз байн бурда шавад ё ҷинояте содир карда нашавад. Фаъолияти ин алоқа асосан баҳри бартараф намудани чунин ҳолатҳо равона карда шудааст.

Дигар шиносоӣ – ин ташриф овардан ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон буд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ пурра бо фаъолияти Академияи мазкур шиносоӣ пайдо намуданд. Аз ҷониби сардори Раёсати омодагии касбии Академияи мазкур Иосиф Чекашвили ва Сарнозири шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Миранда Каладзе презентатсия дар бораи фаъолият ва дурнамои рушди таълимгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Сар карда аз аввали давраи ислоҳоти политсия дар ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон, Академия дар ду давра ислоҳоти таълимӣ гузаронидааст. Якумин маротиба соли 2004 пурра аз таҳсилоти олии касбӣ даст кашидан ва надодани таҳсилоти олии касбӣ ба хатмкунандагон. Дуюмин маротиба барҳам додани магистратура ва бакалавриат дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон соли 2017. Ин таҳаввулот бо як мақсад – аз байн бурдани таҳсилоти бисёрсарфа ва нолозим барои омода намудани кадрҳои политсия буда, бар ивази он курсҳои пойгоҳӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси камсарф ва каммуҳлатро ворид намудан аст.
Курсҳои пойгоҳӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси асосан 3-4 моҳ ва аксаран барои навинтихобшудагон барои омода намудани кадрҳои политсия на зиёда аз 6 моҳро ташкил медиҳанд. Барои камсарф будани ин самтҳо (фақат самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисос) барои кормандони амалӣ таҳсилоти фосилавии электронӣ пешбинӣ шудааст, ки имтиҳонот ба таври омада супоридан дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон новобаста аз вилоят ё минтақаи хизматӣ ба роҳ монда шудааст.
Курсҳои пойгоҳӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисос дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон тавассути хондани лексияҳо ва дарсҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд, ки тақрибан 50 %-ро ҳар ду навъи дарс ташкил медиҳанд.
Вобаста ба сохтор, Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон аз ду қисмати асосӣ иборат аст:
1. Қисми таълимӣ.
2. Қисми ёридиҳанда.
Дар қисми таълимӣ чунин раёсатҳо ва шуъбаҳо ҳастанд:
1.1. Раёсати таҳсилоти касбӣ, ки аз ду шуъба – шуъбаи рӯҳшиносӣ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ иборат аст.
1.2. Раёсати омодагӣ оид ба амнияти шаҳрвандон.
1.3. Маркази омодагии махсус.
1.4. Маркази забономӯзӣ
Дар қисми ёридиҳанда чунин шуъбаҳо фаъолият менамоянд:
2.1. Шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ
2.2. Шуъбаи ҳуқуқӣ.
2.3. Бойгонии Вазорат.
2.4. Шуъбаи идоракунии имкониятҳои инсонӣ.
2.5. Шуъбаи технологияҳои информатсионӣ.
2.6. Китобхона.
2.7. Хадамоти хоҷагидорӣ.
2.8. Котибот.
Самтҳои асосии фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон:
• Таҳсилоти касбӣ.
• Бозомузӣ ва такмили ихтисос.
• Таҳсилоти электронӣ.
• Омодагии тактикӣ, ҷисмонӣ ва оташфишонӣ.
• Баҳодиҳии касбии донишҳо.
• Инкишофи маҳорати забондонӣ.
• Руҳшиносӣ – методологияи омодагӣ ҷиҳати иштирок дар пурсиши ноболиғон.
Омодагии касбӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон бо чунин роҳҳо амалӣ карда мешавад:
• Курси ягонаи омодагии кормандони политсия.
• Тренинги пойгоҳӣ барои муфаттишон.
• Тренинги пойгоҳӣ барои кормандони политсияи сарҳадӣ.
• Тренинги пойгоҳӣ барои кормандони самти оташхомушкунӣ ва ёридиҳандагон.
Бозомузӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон бо чунин роҳҳо амалӣ карда мешавад:
• Бозомузӣ.
• Бозомузии детективҳо / муфаттишон.
• Бозомузии кормандони изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ.
• Курсҳои болоравии мансабӣ.
Инфрасохтори Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистонро 45 синфхона (6 синфхонаи компютерӣ); лабораторияҳои криминалистӣ; тирхона (кушода ва пӯшида); 2 тири виртуалӣ; бассейн; фитнесс-толорҳо; хобгоҳ (51 ҳуҷра барои 91 нафар); толори баскетбол; деволи монеаҳо; ҷойгоҳ барои дав ва толори зали судӣ ташкил медиҳад.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон 35 устод / инструктор фаъолият менамоянд, ки мунтазам маҳорати касбии хешро тавассути гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷӣ кишвар, ба роҳ мемонанд. Асосан устодон / инструкторон аз ҳисоби собиқ кормандони амалӣ интихоб карда мешаванд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон вобаста ба инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рух додани ин ё он ҳодиса мунтазам барномаҳои таълимӣ мавриди коркарди пурра қарор дода мешаванд.

Махсусан, ҷиҳати шиносоӣ наздик пайдо намудан бо фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони политсияи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон, гурӯҳи корӣ ба яке аз шӯъбаҳои ноҳиявии ш. Тбилиси даъват карда шуданд. Дар шуъбаи мазкур тамоми фаъолияти кормандони политсия, ки самти асосиро (оперативӣ, тафтишӣ ва амнияти ҷамъиятиро) дар бар мегирад, пурра нишон дода шуданд ва муҳтавои фаъолияти политсияи муосири ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон тафсир карда шуд.
Дар маҷмӯъ, ш. Тбилиси 5 ноҳияи калон дорад ва дар ҳар яки ноҳия чунин шуъбаҳои ноҳиявӣ ҷой доранд, ки дар онҳо то 65 нафар корманд фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки нозирони минтақавии политсия (офитсерҳои амниятӣ) танҳо соли 2018 аз баррасии ариза ва иттилоот оид ба ҷиноят ва дигар самтҳои мурофиавӣ озод карда шуданд. Фаъолияти офитсерҳои амниятӣ танҳо кор бо аҳолӣ аст. Онҳо бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ кор мебаранд. Корманди политсия аз рӯи натиҷаҳои корӣ баҳогузорӣ карда намешавад. Баръакс, корманде, ки бештар бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ мегузаронад, бисёртар аз ҷониби роҳбарият қадрдонӣ карда мешавад.

Дар рӯзи охирини сафари хизматӣ, аъзоёни гурӯҳи корӣ ба Департаменти идоракунии имкониятҳои инсонии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон ташриф оварда аз наздик бо фаъолияти ин мақомот шиносоӣ пайдо намуданд. Хусусияти фаъолияти ин Департамент аз он иборат аст, ки тамоми паҳлуҳои сиёсати кадрии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон тариқи шаклҳои гуногуни электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Интихоб ва қоидаҳои дурусти ҷобаҷогузории кадрҳо тариқи электронӣ сурат гирифта, дар махзанҳои алоҳидаи электронӣ ҷой карда мешаванд. Ин махзанҳо якчанд дараҷаи ҳифзи худро доранд. Дар тамоми дигар мақомоти минтақавӣ чунин намуд Департамент ё шуъба вуҷуд надорад (ба истисноӣ ду мақомоти ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон).
Ҳар як кадри нав интихобшаванда тариқи озмун ва гузаштани суҳбат ба кор қабул карда мешавад. Дар ин ҳолат довталаб 5 давраи омодагиро мегузарад, ки дар он ҷо нақши калидиро Департаменти идоракунии имкониятҳои инсонии ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон ва Академияи он мебозад.
Махсусан бояд қайд намуд, ки дар ислоҳоти ҷойдоштаи ВКД Ҷумҳурии Гурҷистон як қатор самтҳои афзалиятнок ва пешсаф ҷой доранд. Ин самтҳои пиёдашуда имконияти дар оянда дар раванди ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштанро тақозо менамоянд. Ба ин самтҳо дохил мешаванд:
- тавассути озмун ба кор қабул намудани номзадон;
- тақсимоти дурусти уҳдадориҳои касбӣ / ваколат;
- ба инобат гирифтани сарбории ҳар корманд;
- аз байн бурдани такроршавии функсияҳои политсия;
- мунтазам гузаронидани ҳар корманд аз бозомузӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кутоҳмуддат;
- аз байн бурдани фаъолияти оморӣ / нишонлиҳандаи фаъолияти политсия дар ҳар шакл;
- афзалият додан ба корҳои профилактикӣ / пешгирӣ;
- боло бурдани сатҳи боварии аҳолӣ тавассути хизматрасонии сифатнок;
- маблағгузорӣ намудани гузаштани таҷрибаомӯзии ҳар як корманди нав интихобшуда;
- баланд бардоштани маоши вазифавӣ;
- барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ додани мукофотпулӣ;466- додани имтиёзҳои иҷтимоӣ (маблағгузории хизматрасонии телефони мобилӣ барои корманд ва ҳар як аъзои оила ӯ, ёрии тиббии ройгон барои корманд ва ҳар як аъзои оила ӯ, суғуртаи ҳатмии корманд ва ҳар як аъзои оила ӯ ва монанди инҳо);
- роҳ надодан ба сабабу шароитҳое, ки омилҳои коррупсиониро дар фаъолияти ҳизматӣ ба вуҷуд меоранд;
- ташкил намудани хизматрасониҳои политсия тавассути шабакаи интернет;
- мунтазам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар байни ҷузъу томҳо ва бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- доштани барномаҳои рушди миёнамуҳлат дар ҳар як ҷузъу том, ки тавассути он пешрави дар фаъолият муайян карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, аъзоёни гурӯҳи корӣ дар ҳар як вохӯри ва нишастҳо саволҳои дахлдори худро оид ба масъалаҳои мубрами самтҳои мухталифи раванди ислоҳоти политсия ба маърӯзачиён пешниҳод намуда посухҳо гирифтанд. Тамоми вохӯриҳо дар шакли мубоҳиса ва минбаъд коркарди пешниҳодҳо барои ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат гирифт.

Сардори шуъбаи адъюнктураи
Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон,
н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия,
Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...