Марди шуҷоъ ва ҷонфидои миллат
Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем, он гаҳ шиносем, ки гӯянд; Куҷо шуд? Ҳомуддин Шарипов ба ҳама чиз арзанда буд! Ҷони одам буд! Инсони комил ва шахси мӯътабар буд.
Афсӯс, сад афсӯс, ки дар зиндагиаш ба қадри меҳнату заҳматаш на он қадар баҳои дуруст додаанд. Ватанхоҳӣ ва қадршиносиашро нисбат ба меҳнати азизаш ба эътибор нагирифтаанд. Беш аз даҳ сол чун кӯҳҳои сар ба фалаки Тоҷикистон садди роҳи ба қисмҳо тақсимшавии Тоҷикистон гардид. Сутуни устувори ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд ӯ. Дарозии умр бо бисёр кормандони қувваҳои қудратӣ бо чандин роҳбарони зинаҳои болоӣ ва кормандони поинии органҳои дохила вохӯрдам, шинос шудам, вале дар дилу хотири ман Ҳомуддин Шарипов беҳтарин афсари қувваҳои қудратии Тоҷикистон, беҳтарин роҳбар ва олимтарин инсон буд ва мемонад! Ҳар давру замон инсонҳоеро ба дунё меорад, ки баъзеашон як умр бо обу замин сару кор мегиранд, дигараш шаҳру деҳот обод мекунанд, иддае наслҳоро меомӯзанд, бархе дар ҷодаи илму фарҳанг заҳмат мекашанд…
Инсонҳое каме вомехӯранд, ки аз хоби ширин аз фароғати оилаи худ даст кашида ба ҳайати қувваҳои дохила ё органҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба кор дароянд. Аз ҷавонӣ шурӯъ намуда, корманди ҳифзи ҳуқуқ - инсон шуданро дар қалби худ сайқал диҳанд. Ҳомуддин Шарипов аз қабили чунин инсонҳои шариф буд. Барои ӯ ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ касби беҳтарин маҳсуб мешуд. Ӯ борҳо бо ифтихор мегӯфт: мо аз авлодони муҳофизони мирони Балҷувон мебошем. Мо ҷону тани худро барои ҳифзи Ватан бе ҳеҷ дудилагӣ месупорем. Ва намегузорем, ки пои нопоки душман ба хоки муқаддаси мо гузошта шавад.
Дар мавзеи хушманзарае, ки Ҳомуддин Шарипов чашм ба олами ҳастӣ вонамудааст, бисёр одамони муътабари касбу кори гуногунро ба олам додааст. Бародари падари Ҳомуддин полковники мустафъӣ (шодравон) Шарипов Шарифбек, доктори илмҳои иқтисодӣ, академики байналмилалии муҳандисӣ Самариддин Каримов, шоири хушзавқ ва журналисти шинохтаи Тоҷикистон Абдулҳалим Воҳидов ва чандин касони дигар дар ин деҳа ба дунё омада, ба халқу Ватан хизмати арзанда намудаанд.
Ҳомуддин Шарипов 15 июни соли 1947 пас аз ду соли хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар деҳаи Саталмуши н. Балҷувон ба дунё омадааст. Волидайни онҳоро солҳои 50-уми асри 20 иҷборан муҳоҷир намуда ба деҳаи Москвачаи хоҷагии комунизми н.Фархор овардаанд. Ӯ онҷо маълумоти миёна гирифта пас ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда соли 1971 онро бо муваффақият хатм менамояд. Шиносоии ман бо ин марди шуҷоъ ва ҷонфидои миллати Тоҷик соли 1988 ба амал омада буд. Вақте, ки ӯ раиси Суди вилояти Кӯлоб таъин шуда аз Ёвон кӯчида омада буд. Бо ҳукми тақдир Ҳомуддин Шарипов дар ҳавлии 108 ҷой гирифт, ки дар рӯ ба рӯи хонаи мо буд. Мо ҳар пагоҳӣ бо ҳам вохӯрда аз аҳволи якдигар пурсон мешудем. Як лаҳзаро ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунам. Рӯзи истироҳатӣ буд. Соат 4-5-и бегоҳӣ мо ҳамсояҳо дар болои сурфаи умумии ҳавлӣ ҷамъ шуда, шоҳмот мебозидем.
Ҳамсояҳо Маликов Абдусамад, Восеъ Ғафуров, Даврон Давлатов, Нусратшо Одинаев, Абдулҳамид Нурляминов, Ҷаббор Ғафуров, мухлисони ҳақиқии шоҳмотбозӣ буданд. Лекин на ҳамаи онҳо дар бозии шоҳмот қудратманд буданд. Аз ин лиҳоз ба ду гурӯҳ ҷудо шуда шоҳмотбозӣ мекарданд. Ба кадом гурӯҳ дохил намудани Ҳомуддин Шарипов он рӯз ба миён омад. Бояд ӯ ба ҳамаи шоҳмотбозон як ба як вохӯрда ҷои худро муайян мекард. Ҳомуддин Шарипов як одати аҷиб дошт вақте, ки мавқеъи ҳариф танг мешуд, баъзе қувваҳои ҳарифро муфт мегирифт, Мегуфт: аҳволи Арбоб Камол табоҳ гардид. Аз тақдир ҷои гурез нест, кани ягон шахси дигар ҳаст, ки бозиро идома диҳем? Он рӯз Ҳомуддин Шарипов баъди бозии ҳаштум ҷои худро дар гурӯҳи аввал муайян намуд. Дар он гурӯҳе, ки шоҳмотбозон қоидаҳои аслии бозии шоҳмотро хонда аз бар карда буданд. Собиқаи 15-20 солаи шоҳмотбозӣ доштанд. Пас аз он таклиф намуд, ки гилеми болои сурфаро хеле васеъ намоянд, заро, ки ин ғолибият бо зиёфати хеле калон шуста мешавад, лаҳзае нагузашта чанд нафар ҷавонони ҳавлӣ табақҳои калон пур аз палов ба назди шоҳмотбозон омаданд. Мадуми ҳавлӣ хеле оромона ва дӯстона бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Дар кори муттаҳид намудани мардуми шоҳмотбоз Ҳомуддин Шарипов нақши марказиро бозид. Кор ба ҷое расид ки мардуми ин ду ҳавлӣ чӣ чорабиние мегузарониданд, шоҳмотбозон дар маркази диққат буданд. Ҳомуддин Шарипов бо фарзандони ҳамсояҳо дар ёфтани кори доимӣ кумаки беғаразона намуд.
Писарони Ғафуров Абдуҷаббор, Давлати Қурбон, Абдулҳамид Нурлямов, ки дорои маълумоти олӣ буданд, вале дар кӯчаҳо бекор мегаштанд онҳоро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намуд. Мошини сабукрави «Волга»-и ҳамсоя Восеъ Ғафуровро ҷинояткорон рабурда буданд. Ҷинояткоронро дастгир намуда мошинро баргардонида дод. Аз ин лиҳоз, Ҳомуддин Шарипов шахси дорои сифатҳои ростқавлӣ ва шуҷоъмандӣ миёни аҳли маҳалла дорои обурӯю эътибори хос буд.
Шарипов Ҳомуддин Ҳасанович барои хизматҳои давлатӣ бо ордени Исмоилӣ Сомонӣ дараҷаи 2 ва зиёда аз 30 медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофонида шудааст. Ӯ барои хизмати шоиста дар мустаҳкам намудани муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо ордени Пётри 1 сарфароз гардонида шудааст.
Шарипов Ҳомуддин Ҳасанович оиладор соҳиби 9 фарзанд мебошад.
Шарипов Ҳомуддин Ҳасанович бо қарори конференсияи 1Х ғайринавбатии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи №37 ш.Кӯлоб пешбарӣ карда шудааст.
Дар солҳои аввали ҷанги шаҳрванди ки солҳои ниҳоят вазнини қатъи буд, Ҳомуддин Шарипов қариб ба ҳамаи ҳамсояҳо аз ҳисоби посираҳои заминҳои худаш ба мардум гандум, нахуд, наск ва дигар зироаатҳо тақсим карда медод. Хеле хуб дар ёдам нақш бастааст.
Дар ниҳоди Ҳомуддин Шарипов заррае хислати шуҳратпарастӣ, мағрурӣ, катагарӣ, калонгарӣ ба чашм намерасид. Аз ин лиҳоз, ӯ маҳбуби дилҳо буд. Вақте ки кас ба ҳаёту саргузашти Ҳомуддин Шарипов бо ченаку андозаи инсонӣ ва одамгарӣ баҳо медиҳад, ба хулосае меояд, ки ӯ танҳо баҳри накукорӣ ба дунё омада бо некноми зиндагӣ кард. Инҷо хеле бамавқеъ аст, ки як рубоии шоири шӯридаи тоҷик М.Ҳиҷозиро, ки роҷеъ ба меҳру муҳаббати инсон сароидааст, пешкаш намоем.
Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ, бар ҳеҷ мапеҷ.
Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас
Меҳр асту, муҳаббат асту, боқи ҳама ҳеҷ.
Аз Ҳомуддин Шарипов қабл аз ҳама боғи хуб, фарзандони хуб, номбардорони падар боқӣ монд. Фарзандони Ҳомуддин Шарипов: Аҳлиддин, Фаррух, Фирӯз, Бузургмеҳр алакай ба пайраҳаи интихоб кардаи падар пой монда, миёни мардум соҳиби обрӯю эътибори калон мебошанд.
Ҳомуддин Шарипов ҳамчун ходими давлатӣ, генерал-полковник коркуни ифтихории ВКД Федератсияи Россия ва ВКД Ҷумҳурии Украина, Суди кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазири корҳои дохилии ҶТ ва Раиси Кумитаи қонун барои муҳофизати инсон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ дар умри кӯтоҳи худ роҳи дуру дароз ва душвори роҳбариро аз сари худ гузаронид, ки дар таҷрибаи зиндагӣ ба касе чунин муваффақият даст надодааст.
Бо ташаббуси Ҳомуддин Шарипов ВКД ҶТ оид ба муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадир бо ВКД ФР, ВКД ӯзбекистон, ВКД Қирғизистон, ВКД Қазоқистон, ВКД Украина, ВКД Белорусия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои Ҳомуддин Шариповро ба инобат гирифта, ӯро бо ордени Исмоилӣ Сомонӣ дараҷаи 2 ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонидааст.
Ҳангоме, ки бо фармони Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мансаби Вазири корҳои дохилии ҶТ сабукдӯш гардид, ба ш.Кӯлоб ба хонаи писари калониаш, корманди органҳои қудратии ш.Кӯлоб, Аҳлиддин омад. Пас аз чанд соати дар хонаи писараш дам гирифтан, ба назди ман кас фиристода талаб намуд, ки шоҳмотро гирифта ба назди ӯ равам. Ман бо хоҳиши ӯ ба ҳавлии Аҳлиддин рафтам. Ҳомуддин бо кадом шиносаш чой менушид. Маро дида баробар аз ҷой хеста истиқбол гирифт ва гуфт: "акнун ман як моҳ дар ихтиёри Шумо, чи қадаре, ки хоҳиш доред, шоҳмотбозӣ мекунем. Муаллими сурх довар мешавад". Ҳамсуҳбаташро чунин меномид. Ин сурудро Ҳомуддин Шарипов зери лаб замзама намуда бо шоҳмотбозӣ оғоз намуд.
Рӯзе бигуфт аз ростӣ;
-Ҷӯраҷон Шариф Достӣ,
Куҷо мерави қишлоқ?
Монда шуда ҳалқат қоқ.
Аз пайи ҷурғоту шир,
Мерави сӯи адир,
Биё ба ман меҳмон шав,
Меҳмони қадрдон шав.
Дар ҳалли ин муаммо,
Ман ҳастам даст боло,
Сика мекуни ҳоло,
Шоҳид аст ҳақтаъоло.
Лекин дар боби шоҳмот
Зуриам шудааст исбот,
Бо баъзе ёру ҷӯра.
Мебозам ман бе тура,
Як аспро ҳам аз бозӣ.
Ба кам кардан ман розӣ.
Майлаш, чанто пиёда
Гириста дур ниҳода,
Мебозам ба салавот
Ҳарифро мекунам мот.
Чи чораву чу тадбир
Ин аст ҳукми тақдир,
Шоҳмотбози машҳурам,
Ба сари Достӣ зурам.
Саторҷона мебарам
Фурӯхтаву мехарам
Чи хеле гуфтааст Саъдӣ
Мирзоаливу Абдӣ
Пешам ирак надоранд,
Гӯё лоси таёранд.
Бо ҳамин минвол як моҳ шоҳмотбозӣ намудем.
Вай рузи аввал иброз дошт, ки ӯ дар шаҳри Кӯлоб номзадиашро ба намояндагии халқ дар Шурои Олӣ гузоштааст. Ман дар ҷавоб ба ин гуфтам, ки мардуми шаҳри Кӯлоб шуморо хеле қадрдонӣ мекунанд ва нағз мешиносанд, албатта дар интихобот ғолиби мутлақ мегардед, боз суханамро идома дода иброз намудам, ки барои Шумо чӣ лозим 100% овозҳоро ба даст овардан, 51% гиред мегузаред. Ӯ бо шунидани ин сухан хеле дар ғазаб шуда, фаромӯш кард, ки ман ба ферзи ӯ чардӣ эълон кардаам. Ферзашро гирифтам. Дигар бозиро идома надод ва ба тарафи ман бо қираи чашм нигариста гуфт! Агар 51% овоз гирам дар интихобот он обрӯю эҳтироме, ки мардуми ш.Кӯлоб нисбати ман доранд, чӣ мешавад? Ман боварии қавъӣ дорам, ки дар интихоботи дар пеш истода, мардум 100% ба тарафдории номзадии ман овоз медиҳанд.
Дар воқеъ суханҳои Ҳомиддин Шарипов рост баромад. Тамоми интихобкунандагони ш.Кӯлоб ба тарафдории номзадии ӯ ба вакили Маҷлиси Олӣ овоз доданд. Ӯ намояндаи халқ дар Шӯрои Олии ҶТ гардид.
Бо суханҳои ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, ки гуфтааст;
Ҳама накӯӣ пеша кун гар тавонӣ,
Ки бар кас намонад ҷаҳон ҷовидонӣ.
Суханони худро хотима мебахшам ва мегӯям, Ҳомиддин Шарипов ҷоят ҷаннат бошад, хонаи охиратат обод.
Иноят Адолатов, омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон