Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ – роҳнамо ва илҳомбахши халқи Тоҷикистон

450Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми декабри соли 2019 аз лиҳози моҳият ва мазмуни баланд фарогири масоили сиёсӣ, иктисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати хориҷии кишвар буда, онро барҳақ роҳнамои илоҳомбахши халқи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқолияти давлатӣ номидан мумкин аст.

Якум, Пешвои миллат диққати мардуми Тоҷикистонро ба барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷалб намуда иброз намуданд, ки дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоиз афзуда, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ 13,4 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз боло рафт. Ин нишондоди хуби иқтисодӣ буда, аз он огаҳӣ медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон сол то сол рушд намуда, он ба қатори давлатҳои рушднамудаи иқтисодии ҷаҳон ворид гашаааст. Дар ин бора экспертҳои бонкҳои ҷаҳонӣ низ иттилоъ дода буданд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли оянда ММД то 8 фоиз афзоиш дода шуда, ҳаҷми он ба ҳар сари ахолӣ то 1,8 фоиз боло бурда шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 27,5 фоиз то 18 фоиз поён фуроварда шавад. Масъулонро зарур аст, ки минбаъд афзалият ба маҳсулоти ватанӣ дода, саноатикунонӣ тезонида шуда, содироти маҳсулоти ватанӣ афзоиш дода шавад. Барои ин ба соҳибкорон ва ҷалби сармоя сабукиҳо дода шуд.
Дуюм, ба Вазорати рушди иктисод, Агентии содирот, Палатаи савдо супориш дода шуд, ки «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход намоянд.
Сеюм, дар соҳаи нақлиёт Пешвои миллат дастур доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои нақлиётии Душанбе-Бохтар, Хуҷанд-Исфара, Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин, Шкев-Калъаихумб, Кӯлоб-Муъминобод ба истифода дода шаванд.
Чорум, барои хайрҳоҳии соҳибкорони ватанӣ Пешвои миллат ба кулли онҳо изҳори минатдорӣ намуданд.
Панҷум, барои рушди сайёҳӣ ва тайёр намудани кадрҳо Пешвои миллат дастур доданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад. Барои таъмини шароити мусоид дар ин соҳаи муҳим раводиди бисёркарата то 60-шабонарӯз ба сайёҳон дода шавад. Барои ҳавасмандгардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзӣ раводи бисёркаратаи 3-сола ҷорӣ карда шавад.
Шашум, дар соҳаи маориф Пешвои миллат дастур доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128-муассисаи томактабӣ, 338-мактаби ҳамагонӣ сохта шуда, 1332 муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ тармиму таҷдид карда шаванд. Барои инкишофи нерӯи ақлонии насли наврас «Солхои 2020-2040-солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон карда шавад. Пешниҳод гардид, ки олимпиадаҳои сатҳи чумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ гузаронида шуда, ғолибон ҳавасманд гардонида шаванд.
Ҳафтум, дар соҳаи фарҳанг дастур дода шуд, ки дар тамоми шохаҳои ҳокимият, сохторҳои давлатӣ, хусусӣ, шаҳру деҳот барои тарғиби фарҳанги китобхонӣ «Китобхонаҳо» таъсис дода шуда, бо намунаи адабиёти тоҷик ва ҷаҳонӣ таъмин карда шаванд. Ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба муносибати 30-солагии Истиқлолият аз номи Пешои миллат тақдим карда шавад. 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта шаванд.
Ҳаштум, дар самти сиёсати давлатии ҷавонон Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» дар таҳрири нав ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад. Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Нуҳум, 1-уми марти соли 2020 маъракаи муҳими сиёсии интихоботи навбатии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар назар аст, барои дар сатҳи баланд доир намудани он бо риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дастур дода шуд.
Даҳум, дар самти муқовимат бар зидди экстремизму терроризм Пешвои миллат дастур доданд, ки лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» дар таҳрири нав пешниҳод карда шавад, интизоми ҳарбӣ ва омодагии ҷангии сохторхои низомӣ боло бурда шуда, муқовимат бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир густариш дода шавад.
Даҳум, дар самти сиёсати хориҷӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки мо дар оянда низ сиёсати «дарҳои кушода»-ро давом дода, Тоҷикистон дар соли оянда раисии Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро ба уҳда дошта, дар доираи СҲШ, СААД, раванди сулҳи Афғонистон ва шарикони стратегӣ фаъолиятро идома дода, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2020», ки иқдоми Точикистон аст, дар пойтахти кишварамон конференсияи сатҳи баланд гузаронида шавад.
Ёздаҳум, дар самти сиёсати иҷтимоӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 ҳаҷми нафақа 15 фоиз, ҳаҷми маош ва стипендия 15 фоиз, маоши хизматчиёни давлатӣ 10 фоиз боло бурда шавад.
Дар фарҷоми Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Роҳбарият ва ҳайти шахсии Академияи ВКД аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар руҳу илҳоми тоза бардошта, онро дар соли 2020 сармашқи фаъолият хеш менамоянд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э., кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...