Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар шакли он-лайн бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон

409

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагонии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа, мақсади олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати кишвар тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри амалӣ намудани ин мақсади олӣ сарф менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ин нуктаро таъкид менамояд ва тадбирҳои зарурӣ барои расидан ба ин мақсади олӣ андешида мешаванд. 

410

Ҳамасола ҷаҳони муосир рӯзи 10 декабрро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад. Ба ин муносибат санаи 6 декабри соли 2018 бахшида ба ин муносибат, чун анъана дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон II-юмин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки дар кори конференсия дар шакли он-лан мутахассисон ва омӯзгорони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа низ иштирок доштанд.
Дар кори конференсия олимони соҳаи ҳуқуқшиносии ватанӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, ҳамчунин олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, олимон ва профессорону омӯзгорони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковнии милитсия А.Ш. Ализода қайд намуд, ки ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Амалисозӣ ва ё баръакс вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии чи давлат ва ҷомеа умуман ва чи ҳар як шахсияти алоҳида таъсир мерасонад. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳар як одами дар ҷаҳон зиндагикунанда танҳо ба он хотир хос аст, ки вай инсон аст. Беҳуда набуд, ки олими рус, профессор Рудинский таърифи ҳуқуқи инсонро чунин пешниҳод кардааст: «Ҳуқуқи инсон – ин муҳимтарин сифатҳои шахсият аст, ки барои инкишофи озодии вай ҳамчун инсон шароит муҳайё мекунад». Барои ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалиро пос медорад.

411

Дар конференсия муҳокимаи ҳолати муосири қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва амалияи тадбиқи он, инчунин нақши – Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон; Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихии ҳуқуқи инсон; ҳуқуқи инсон дар ислом; ҳолати муосири сиёсати давлативу ҷаҳонӣ дар ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи инсон; масъалаҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, занон, кӯдакон, маъюбон, гурезагон, муҳоҷирони меҳнатӣ дар илм ва амалияи ҳуқуқи инсон; механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон: проблема ва дурнамои он; нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқи инсон; ҳуқуқи инсон дар асри ХХI ва ғайра баррасӣ шуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...