Нашъамандӣ – бадбахтии инсон
Имрӯз нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл кардани ҷавонони зиёд мебошад. Ин табақаҳои ҷомеа дар ҳама ҳолатҳо бояд худро аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Истеъмоли маводи нашъадор ва дигар моддаҳои заҳрнок ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, оқибат ба марг оварда мерасонад. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва ин масъала яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро аз дасти ин мараз бохтаанд.
Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоъ монеа эҷод намуда истодааст. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсон аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад.
Имрӯзҳо теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошад. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт бо сабаби мувоҷеҳ шудан ба беморӣ, ё худ аз нодониву айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷаҳолатпарастӣ мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони чунин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳӣ надоранд, зеро маҳз истеъмоли нашъа чунин ашхосро дур аз ақлу фаросат кардааст.
Нашъамандӣ воқеан вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меоварад. Феълан ҷавонони зиёд бекорию бекорагардиро пеша карда, ба аъмоли номатлуб амсоли нашъамандӣ зуд ҷалб мешаванд. Яке онро ба манбаи даромади пулӣ табдил дода, дигаре маҳз тариқи он ба хешу атрофиён зарар меоварад. Нашъаҷаллоб худ сирати башарӣ надорад ва то охир дарк наменамояд, ки ҷиноят содир кардаасту даромади муфт, баҳра бурдан аз пули нашъа ҳаром аст.
Олимон нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи қатъӣ эълон шудааст.
Одатан сабабгори гирифторӣ ба нашъамандиро як қисми одамон шароити мушкили зиндагӣ меҳисобанд, аммо воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Аввалан, фарзандони ашхоси сарватманд зиёдтар ба ин бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, сониян бисёр одамон дар шароити якхелаи вазнин зиндагию кор мекунанд, вале аксари онҳо худро аз нашъамандӣ нигоҳ медоранд. Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд, гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъамандшуда сахт тобеи нашъа буда, агар онро истеъмол накунад, ба ҳалокат мерасад.
Бинобар ин, бо ваҷҳи бемории нашъа аз тамоми хушиҳои зиндагӣ бенасиб мемонад ва мақсаду нияти ӯ танҳо ба даст овардану ёфтани андаке нашъа мемонад.
Ҷиҳати пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 таҳти №1409 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020” қабул карда шуд. Қабули стратегияи мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад.
Стратегия барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд. Мақсади асосии стратегия коҳиши паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳри бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат мебошад.
Ба ҷавонони имрӯза муроҷиат карда гуфтаниам, ки мо бояд баҳри солимгардонии наслҳо, ободию шукуфоии диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ҳиссагузор бошем.
Пас, ҷавонон биёед якҷоя бо аҳли оила, мактаб, бо рафиқон ва ҳамсояву хешу табор бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ мубориза барем, барои пешгирии чунин кирдорҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем. Нашъамандӣ ин раҳоӣ аз бенавоӣ набуда, балки сароғози ҳамаи бадбахтиҳои инсон мебошад. Пулу моле, ки бар ивази он дастрас мешавад, муваққатӣ буда, қадру манзалати инсонро коста мегардонад.
Хонкилдиев Азизҷон Баҳодурович, корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.