Мулоқоти Хосдеҳ ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ризоияти миллӣ (Бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Тирамоҳ ва зимистони соли 1996 барои халқи Тоҷикистон хеле мураккаб ва душвор буд. Дар ҷумҳурӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт. Ҳамватанони мо чун пораи аз ҷигари Ватани аслии хеш ҷудо ҳамчун гурезаи иҷборӣ дар қаламрави Афғонистони ҷангзада дар ҳолати халилу зор қарор доштанд, аз гуруснагию қашокӣ дар хаймаҳо ҷойгир шуда, тифлони хурд аз хунукию беморӣ азият мекашиданд. Дар он тарафи дарёи Панҷ қабристонҳои тоҷикон пайдо шуда буданд. Ин ҳолат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси ватандӯст ҳеч гоҳ ором гузошта наметавонист. Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон шабонарӯз дар роҳи расидан ба ризоияти миллӣ ба адешаҳои ҳакимонаи ҷуқур фурӯ мерафт ва роҳи халосӣ аз ин бӯҳронро меҷуст.
Дар Афғонистони ҳамсоя амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, ки барои ҳар як сафар ба ин кишвар хатари ҷиддӣ ва ногузирро дошт. Дар ин лаҳзаи ҳассос Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сафарро ба ҳудуди кишвари ҳамсояи Афғонистон пеш гирифт, ки мардонагӣ ва ҷасорати хосро талаб мекард. Чархболе, ки ба сӯи Афғонистон парвоз мекард метавонист ҳар лаҳза зери тирборон ва мушакборон қарор гирад. Ҳеҷ як кафолати расмӣ ба ин сафар набуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавакал ба зоти поки Худои ягона намуда, вориди қаламрави Афғонистон гардиданд, ҳамроҳон ба ӯ хитоб намуданд, ки шояд ақиб гардем. Не, бо виқор ҷавоб доданд, Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ман барои сулҳ ҷонамро қурбон мекунам, барои тоҷикон ин мулоқот чун ҳаво лозим аст ва он ҳатман бояд баргузор гардад ва натиҷа диҳад, дигар роҳи бозгашт нест.
Ин талоши Пешвои муззами миллат аз он дарак медод, ки мавҷудияти давлати тоҷикон зери хатар ва нобудшавӣ қарор дорад. Чархбол ба ҷои наздики мулоқот макони Толуқон нишаст намуд ва аз он Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нотарсонаю ҷасурона бе ягон кафолати амниятӣ бо виқору сари баланд ҳамчун родмарди ҷонсупурда ба сӯи мулоқот деҳаи Хосдеҳи вилояти Тахор харакат намуд. Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қаҳрамони халқи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд гарм истиқбол намуда, ба оғӯш гирифт.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як шахси қавипайкару ватандӯстеро медид, ки дилаш барои тамоми точикони ҷаҳон месӯзад ва ба кавли ӯ ин шахсиятест, ки барои миллаташ сарсупурда. Ин мулоқот ба ақидаи устод Бурҳониддин Раббонӣ ва қаҳрамони халқи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тоҷикони Афғонистон низ хеле зарураст, ки вазъро то андозае ором менамояд. Дар натиҷаи далелҳои собиткунандаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Протоколи муштараки қатъи амалиётҳои ҷангӣ бо мухолифин имзо шуда, соати 00 шаби 12-уми декабри соли 1996 тирпарронӣ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ гардид. Ин як ҷаҳиши бузурге буд аз ҷониби Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ба он намояндаи СММ Герд Дитрих Меррем баҳои баланди сиёсӣ дод.
Аз Хосдеҳ Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табъи болида ва руҳияи шод ба Ватан баргашта, дар замири қалбашон идеяи Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризояти миллиро парвариш намуда ва дар ниҳояти кор ба ин ормони миллӣ - 27 июни соли 1997 бо имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав расиданд.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маҳз мулоқоти Хосдеҳ ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминае гашт барои сулҳу ваҳдати миллӣ, ки мо онро бояд чун гаҳвараки чашм азизу муқаддас дорем.
Асламов Б.С., Одинаев Ш.И., ходимони илмии Академияи ВКД