Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия ҳамқадами замон аст!

350Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.

Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Мо хуб медонем, ки аксарияти мутлақи кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини суботи устувори ҷомеаро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло медонанд. Онҳо доим дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз менамоянд.
Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд.
Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқнонунии маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ мегардад.
Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба талабот ва вазъи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ буда, корманди милитсия имконияти воқеии моҳирона истифода намудан аз тамоми воситаҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти пешқадами техникаро дошта бошад, ҳамеша интизоми баланди хизматиро нигоҳ дорад ва малакаву маҳорати касбии худро пайваста такмил диҳад.
Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсия аз рӯзҳои аввали таъсисёбии хеш бори гарони ҷамъиятӣ яъне пешгирӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти ҷиноятпешагонро бар дӯш доштанд. Дар ин раванди мубориза баҳри оромии ҷомеа ва осоиштагии мардум ҳолатҳое буданд, ки онҳо ҷони худро қурбон намудаанд. Милитсия дар солҳои коллективонии хоҷагии қишлоқ мубориза бар зидди босмачиён, муборизаи беамон дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон саҳми арзанда гузошта, пас аз солҳои 50-уми асри гузашта барои пешгирии тамоми ҷинояткориҳо фаъолият менамуд.
Бо баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълон доштани мустақилият дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нобасомониҳо ба миён омаданд. Аз ҷумла, кишвари Тоҷикистон низ аз ин нооромиҳо орӣ набуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири оромии ҷомеа садҳо нафар милитсионерон ҷоннисорӣ намудаанд. Пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баробари ба мароми муайян омадани тамоми соҳаҳои ҷамъиятиву давлатӣ вазифаи асосии милитсия мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷиноятпешагӣ гардид. Имрӯзҳо дар сафи милитсияи тоҷик мо гуфта метавонем, ки фарзандони арзандаи тоҷикистониён хизмат карда истодаанд. Мутахассисони имрӯза бо техникаю технологияи ҳозиразамон таъмин буда, барои кушодани ҳар гуна ҷиноятҳо қодир мебошанд.
Як содиқи савганди Ватан, кист? Милиса,
Фарзанди вафодори Ватан кист? Милиса.
Пурӯзу тавоно ба мисолаш нафаре ку?
Содиқ ба ҳама халқи Ватан кист? Милиса!
Бо қабул шудани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷашни касбии кормандони милитсия рӯзи 10 ноябр муқаррар карда шуд. Ин сана аз ҷиҳати илмиву таърихӣ исбот шудааст ва санадҳои таърихие, ки имрӯз мавҷуданд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Далелҳои мӯътамад гувоҳи онанд, ки ҳанӯз дар солҳои аввали ғалабаи инқилоби октябр дар қисмати шимолии Тоҷикистони имрӯза нахустин дастаҳои милитсия созмон ёфта буданд. Асоси ҳуқуқи таъсисёбии милитсияро дар гӯшаву конори собиқ империяи Россия, ки қаламрави Тоҷикисони кунунӣ низ ба он дохил мешуд, Декрет «Дар бораи милитсияи коргарӣ», ки 10 ноябри соли 1917 ба тасиб расонида буд, ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба санаи 10 ноябр баргардонидани Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷиҳати таърихӣ ва илмӣ воқаен дуруст мебошад.
Имрӯзҳо ба ифтихори иди касбии кормандони милитсия дар ҷузъу томҳои ВКД чорабиниҳои идона доир мегарданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба як ниҳоди боэътимод ва сохтори фаъоли давлатӣ табдил ёфтааст. Саҳми хизматчиёни он дар таъмини оромиву субот дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ниҳоят калон буда, мардум дар симои онҳо ҳомиву пуштбони худро мебинанд.
Орифова М., Каримова М., курсантони курси дуюми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияҳои қаторӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...