Милитсия такягоҳи боэътимоди Истиқлолият
Рӯзи 10-уми ноябри соли равон ба таъсисёбӣ ва фаъолияти босамари милитсияи тоҷик боз як соли дигар пур мегардад.
Ин санаи таърихӣ дар хотираи он нафароне, ки умри бобаракати худро ба ин мақомот пайваст намуда, фаъолияти хешро сарфи пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа намуда, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандонро асоси пайкори хеш донистаанд, фаромӯшнопазир мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш, роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, мубориза ба муқобили ҳаракатҳои босмачигарӣ, муҳорибаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, барқарорсозии хоҷагии халқ, таъмини истиқрори сулҳ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ин касби мураккаб, вале пурифтихор намуда, беҳтарин суннатҳои волои ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу савгандро ба насли имрӯзи мақомот боқӣ гузоштаанд.
Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомамалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон абадан боқӣ хоҳад монд ва халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад».
Бояд қайд намуд, ки дар тули як аср ҳарчанд сохторҳои давлативу шаклҳои давлатдорӣ ва чандин наслҳои кормандони милитсия иваз шуда бошанд ҳам, вазифаи пурмасъул ва ифтихорманди милитсия: таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва дигар вазифаҳои масъулиятнок ҳамоно як маром боқӣ мондааст.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ саҳифаи навину дурахшонро дар таърихи миллату давлат, ҳамзамон дар ҳаёту фаъолияти милитсияи Тоҷикистон низ ифшо намуда, дар солномаи он мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву сарсупурдагиҳо ва садоқат ба касбу савгандро сабт намудааст.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд сарпечӣ накарда, дар ин раванди ниҳоят душвор, баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату буҳронии руҳию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки албатта имрӯз ёди онҳоро бо некӣ ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Инчунин, мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо вуҷуди фалаҷ будани ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон бо падидаҳои нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия, ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз яроқи оташфишон ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд.
Воқеан аз лиҳози таҳлили вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан баъзан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар 28 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд. Вале, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин дилпуру хотирҷамъ бошем. Зеро, ҷинояткории имрӯза, ки шаклу зуҳуроти нав ба нав пайдо намудааст, инчунин авзои сиёсии мураккабу хатарҳои минтақа моро водор месозанд, ки лаҳзае фориғ нагашта, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дар ин замина, милитсияи тоҷик имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯрӣ ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда онро вусъат дода истодааст.
Милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд. Собиқадорони муҳтарам ҳамроҳи мо ҳастанду ҷавонони болаёқат тарбият ёфта истодаанд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки кормандони милитсия ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон боварӣ дошта, ба қавлу савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.
Ҳамаи ин асос медиҳад, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, миллату давлат ва Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки аз ҳама он вазифа ва уҳдадориҳое, ки дар назди мо гузошта шудаанд сарбаландона баромада, сипари боэътимоди кишвар мебошем.
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия