Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Савдои одамон ҳамчун ҷинояти трансмиллӣ

310Инсон шакли махсус ва зинаи олии ташаккули мавҷудоти зинда дар рӯи замин, субъекти равандҳо ва муносибатҳои ҷамъиятист. Инсон эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Мутаасифона дар садсолаи охир ба яке аз бадтарин муомилаи байни башарӣ – савдои одамон рӯ ба рӯ гардидааст. Ҳарчанд дар ин муддат бо ин ҷиноят ва масоили ҷиноятии ба он марбут муборизаи беамон эълон карда бошанд ҳам, вале то имрӯз ин зуҳуроти номатлуб бо сурати нав ба нав ба майдон меояд.

Савдои одамон, яке аз кирдорҳои хавфноки ҷамъиятие мебошад, ки характери трансмилӣ дошта, ба мушкилоти глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сабаби трансмилӣ арзёбӣ намудани ин ҷиноят дар он аст, ки он бо роҳи убури марзҳои ду ва ё зиёда давлатҳо содир карда мешавад.

Солҳои охир ин кирдор ба яке аз сердаромадтарин ҷинояти фаромиллӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи ҳисоботҳои тахминӣ, олами ҷиноӣ  аз фурӯши шахс, арзиши меҳнати истисморшуда ва бофтаҳои он дар ҷаҳон ҳар сол тақрибан 32,8 миллиард долари амрикоӣ даромад меорад, ки ин нишондод аз даромади маҷмӯии маҳсулоти миллии бештари кишварҳои дар ҳоли рушд зиёд мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки савдои одамон (ки онро трафик низ меноманд) дар шаклҳои гуногуни зуҳури  худ  (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад. 

Аз рӯи иттилооти намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон Хелги Конрад, ҳамасола танҳо ба давлатҳои Аврупо аз 200 то 500 ҳазор нафар одамон интиқол дода шуда, ба гурӯҳи қурбониёни савдои одамон шомил мегарданд. 60%-и онҳоро занҳо ва 40 %-ашонро мардон ташкил медиҳанд. Дар Россия бошад мутобиқи иттилои хонум Конрад, ҳамасола то 50 ҳазор нафар одамон қурбонии савдои одамон мешаванд. Тибқи яке аз гузоришҳои Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 700 ҳазор нафар одамон фурӯхта ва тавассути сарҳадҳои давлатӣ интиқол дода мешаванд. Мувофиқи хулосаи коршиносони  СММ бошад ҳамасола дар саросари олам ҳудуди 2 то 4 миллион нафар барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия ҳамарӯза тақрибан 300 нафар гирифтори ин ҷиноят мешаванд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дида мешаванд, ки асосан барои муҳоҷирати  меҳнатӣ ба ин кишвар сафар мекунанд. Дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ҳамасола то 200 ҳазор нафар ба Ватани худ бар намегарданд, ки бештари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд ва одатан дар соҳаи фаъолияти шаҳвонӣ истисмор мешаванд. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) низ теъдоди нафарони  мавриди хариду фурӯш қароргирифтаро соле то 4 милион нафар ба қайд гирифта,  даромади софи аз ин ҳисоб ба даст меомадаро зиёда аз 7 милиард доллари ИМА арзёбӣ намудааст.

Рақамҳое, ки ТБМ овардааст чунинанд: соли 2000 дар ҷаҳон 176 миллион муҳоҷир, соли 2005 наздик ба 191 миллион муҳоҷир вуҷуд дошт. Аз рӯи маълумотҳо дар соли 2005 49.5%-и шумораи умуми муҳоҷиронро занҳо ташкил мекарданд. Айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 30-40 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ мавҷуданд. Дар қатори муҳоҷирати мардон муҳоҷирати занон низ инкишоф ёфтааст. Саноати шаҳватпарастӣ зуд ба “масолеҳи одамӣ” эҳтиёҷ дорад. Ин асосҳо сабабгори сатҳи баланди ҷинояткории муҳоҷирон, ташкилкунии бозори меҳнати сиёҳ ва ғайриқонуниро, ки дар он маблағҳо давр мезананд ва пурра бо ба кортаъминкунии қонунӣ муқоисапазиранд, шуда метавонад. Аз ин рӯ муҳоҷират алалхусус муҳоҷирати ғайриқонунӣ низ сабаби асосии содиршавии савдои одамон мебошад. Дар кишварҳои зиёди дунё мушкилоти савдои одамон бо бесуботии  ҷомеаи шаҳрвандӣ, волоияти сусти қонун ва коррупсия дар мақомоти давлатӣ робита дорад, ки бештар ба инкишофи фаъолияти ҷиноятӣ ва ҷинояткории муташаккилона мусоидат мекунад. Дар натиҷа давоми солҳои охир афзоиши босуръати савдои одамон ба назар мерасад, ки “соҳибкории” дар сатҳи байналмилалӣ торафт нашъунамоёбанда шуда истодааст. Дар тули солҳои охир муҳоҷирати ғайриқонунӣ ошкоро афзоиш меёбад ва тамоюли мазкур дар афзоиши фаъолияти ҷиноятӣ бо “даромади баланду сатҳи пасти хатарнокӣ” вобаста ба хариду фурӯши занҳо ва кӯдакон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ инъикос меёбад.

А.Ҳиматшо, муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...