Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун»

298

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин -Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерӯгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд. Дар охири соли 2018 дар назар аст, се агрегати НБО Роғун ба истифода супорида шаванд, менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ - СА-NEWS. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.
Барои давом додани сохтмони НБО Роғун ҷумҳуриҳои поёноби Амударё Ӯзбекистон ва Туркманистон зиддият нишон медиҳанд. Сабаби норозигии роҳбарияти ин ҷумҳуриҳо ва махсусан Ӯзбекистон ин хатари руй додани зилзилаҳо дар атрофи сарбанди (баланди — 335 метр) НБО Роғун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё аст, ки ба обёрӣ намудани заминҳои давлатҳои поёноб оварда мерасонад. Барои санҷидани зарари экологии НБО Роғун ва обанбори он, ҳамин давлатҳо ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуданд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуданд.
Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид.
9 сентябр соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба кор даровардани агрегати дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад.
Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун” мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид.
Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуданд.
Дар мавзеи бунёди нерӯгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳоро дар нақби сохтмонии СТ-4 назорат карданд.
Нақби сохтмонии СТ-4 дар маҷмӯъ, бо дарназардошти баромадгоҳаш 1798 метр дарозӣ дорад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сонияро ташкил мекунад.
Нақби обпартои сохтмонии СТ-4 барои партофтани об дар давраи серобӣ дар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ аз сатҳи 1090 метр то 1210 метр хизмат мерасонад.
Ду нақби обпартои болоӣ, ки аз сатҳи 1190 метр сохта мешаванд, ба шохаҳои СТ-4 мепайванданд ва қобилияти обгузаронии ҳар кадом аз онҳо 1750 метри мукаабро дар як сония ташкил мекунад.
Қисми охири нақб, ки аз ду шоха иборат мебошад, дар вақти истифодабарии нерӯгоҳ низ хизмат хоҳад кард.
Иттилоъ дода шуд, ки даромадгоҳи нақб дар сатҳи 1190 метр қарор дошта, пурра сохта шудааст. Қутри он 15 метрро ташкил медиҳад.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарбанди нерӯгоҳ боздид ба амал оварданд.
Сарбанди Роғун то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст.
Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон фароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали нерӯгоҳ фаъолият намоянд.
Дар обанбори “Роғун” то имрӯз ҳамагӣ тақрибан 200 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нақби нақлиётии Т-9 ҳаракат карданд.
Нақби нақлиётии Т-9 иншоотест, ки қисмати поёноби нерӯгоҳро ба шонаи сарбанд ва майдончаи нақбҳои амудии идоракунии дарвозаҳои нақбҳои обрасони турбинӣ (лӯлагӣ) мепайвандад.
Нақби нақлиётии Т-9 дар давраи истифодабарии нерӯгоҳ низ амал мекунад. Он то майдончаи лӯлаҳои обрасон тӯл кашида, дар оянда ба ҳамаи дарвозаҳои лӯлаҳои обрасон аз ҳамин ҷо хизматгузорӣ хоҳад шуд.
Қисми дигари нақб аз шонаи сарбанд мегузарад ва имкон медиҳад, ки роҳи рафту омад то ба нерӯгоҳи Шӯроб таъмин карда шавад. Дарозии нақби нақлиётии Т-9, 530 метрро ташкил мекунад. Нақб дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Имрӯз, ҳамчунин, Президенти мамлакат бо иҷрои корҳо дар нақби ҳаворасон шинос шуданд.
Нақби ҳаворасон то меҳвари нақби амудии ҳаворасон 487,5 метр дарозӣ дошта, паҳноияш ба 8 метр ва баландиаш ба 8,4 метр мерасад. Он дар оянда барои таъмин намудани ҳавои тоза ба бинои трансформаторҳо, толори мошинҳо ва ба берун кашидани чангу ғубор аз иншооти мазкур хизмат мекунад.
Нақб ба се қисм тақсим шуда, як қисми он барои кашидани чангу ғубор, қисми дигар барои таъмини ҳавои тоза ва қисми сеюм барои дастрасӣ то нақби амудӣ ва баръакс то баромадгоҳи он пешбинӣ шудааст.
Нақби ҳаворасон бо нақби амудии ҳаворасон пайваст мешавад ва айни ҳол бо қутри 12,1 метр нақбканӣ шуда истодааст.
Мавзеи дигаре, ки Сарвари давлат бо ҷараёни кор дар он шинос шуданд, иншооти нақби турбинаи агрегати рақами 1 мебошад.
Нақби амудии обқабулкунаки агрегати №1 аз сатҳи 1172 метр оғоз ёфта, то сатҳи 956 метр ба поён меравад ва баландиаш дар маҷмуъ 216 метрро ташкил медиҳад. Қутри корҳои нақбканӣ бо 8,7 метр оғоз ёфта, қутри ниҳоияш 7 метрро ташкил медиҳад ва пурра оҳанпӯш мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбкании фурнели он бо қутри 2,5 метр ба анҷом расидааст.
Дар майдончаи назоратии рақами 5а Пешвои миллат аз иншооти бунёдгардида ва сохташаванда, аз қабили КРУЭ 500кВ ва 220 кВ, мавзеи сарбанди нерӯгоҳ ва дигар иншоот боздид карданд.
Иншооти охирин, ки зимни ин сафар Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар он шинос шуданд, нақби сохтмонии СТ-3 мебошад.
Нақби сохтмонии қабати 3-юм (СТ-3) тибқи лоиҳа бо мақсади гузаронидани об аз сатҳи 1035 метр то 1145 метр бунёд гардидааст.
Дарозии умумии нақб 1858 метрро ташкил медиҳад. Тавоноии обгузаронии нақби мазкур 3500 метри мукааб дар як сония мебошад. Нақби сохтмонии СТ-3 дорои якчанд нақбҳои ёрирасон аст.
Баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 дар сатҳи 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландиаш 26 метр ва дарозии даромадгоҳаш 100 метр аст.
Қобили зикр аст, ки нақби обпартои сеюм яке аз иншооти муҳим дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти нерӯгоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ мебошад, ки ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар қатори дигар нақбҳо ин нахустин нақбе мебошад, ки дар доираи бунёди нерӯгоҳ дар даврони истиқлол сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмон ба сифати кори коргарон баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои саривақтию босамари тадбирҳои созандагӣ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳидоят карданд.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд.
Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ коргарони нерӯгоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат иштирок карданд.
Баъди ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда низ ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи азим оғоз бахшиданд.
16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшида буданд.
Ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳими нерӯгоҳ - хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун” ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода доданд.
Баъди ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.
Ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба майдони сохтмони нерӯгоҳ рӯҳияи коргарони ин кохи нурофаринро болида мекард ва баръало мушоҳида мегардид, ки онҳо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳамаи корҳо сармашқ қарор додаанд.
Дар сохтмони нерӯгоҳ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари нерӯгоҳ идома дорад.
Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.
Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.
Бо мақсади рушди соҳаи энергетика ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи онҳо то ба имрӯз 7,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.
Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе - Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи нерӯгоҳи барқи обии“Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда - 2”, “Помир - 1”, нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе”ва“Суғд”, хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 - киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”, хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, оғози татбиқи лоиҳаи САSA-1000, оғози татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” танҳо барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” беш аз 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ ҷалб кардааст, ки ин ба 11 миллиард сомонӣ баробар мебошад.
Бо бунёд гардидани нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва силсилаи нерӯгоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
Ҳамчунин, тавассути сохтмони хатҳои интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол”, “Роғун-Душанбе”, “Лолазор-Хатлон”, “Геран-Румӣ”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, “Қайроққум-Ашт”, “Қайроққум-Суғд” ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 - киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 - киловолта ва дигар иншооти барқӣ фаъолияти устувори низоми ягонаи энергетикӣ таъмин карда шуд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушд кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад.
Баъди ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ дар назди васлгарону ронандагон, нақбканону кафшергарон, пармагарону барқчиён, дуредгарону муҳандисон ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватананони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамон амалӣ мегарданд.
Таъкид гардид, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.
Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад.
Яке аз хусусиятҳои даврони муосир - тамоюли глобалии ташаккул ва пешбурди “иқтисоди сабз” ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои таҷдидшаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ мебошад.
Тақрибан шаст фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва кишвари мо аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Сарвари давлат таъкид доштанд: “Мо тасмим дорем, ки ин захираи асосиамонро, ки яке аз заминаҳои бунёдии ташаккули “иқтисоди сабз” мебошад, ба манфиати кишвар ва минтақа истифода барем.
Тоҷикистон, инчунин, дар ҳалли масъалаҳои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии босифат ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳаммият ва нақши он дар иқтисоди устувор пешсаф мебошад.
Ин ташаббусҳо имкон фароҳам меоранд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли нерӯи барқ чанд зина боло равад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар истеҳсоли нури агрегати дуюмро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд.
Хонкилдиев А.Б., корманд - мутахассиси кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...