НБО «Роғун» - ояндаи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон
«Роғун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз давлатҳои қадимтарини ҷаҳон – Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шумор меравад, ки он бо табиати зебову манзараҳои дилкашаш муаррифӣ шудааст. Табиат ганҷи бебаҳо дорад ва яке аз он боигариаш ин об ба шумор меравад. Тоҷикистон ватани биҳиштосои мо бо доштани захираи оби табиӣ дар миқёси мамлакатҳои олам мавқеи муайяни худро дорад, зеро об дар табиати мо хеле фаровон аст. Энергетика яке аз самтҳои фаъоли кишвар ба шумор меравад, ки фаъолияти пурсамари ин соҳа маҳз бо об алоқамандии хеле зич дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти кишвар ва рушду тараққиёти он ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода, барои расидан ба се ҳадафи асосӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энеркетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро халқи мамлакат пайваста талош меварзанд.
Оиди бахши энергетика ҳамеша барои бунёди сохтмонҳои нерӯгоҳҳои зиёди обӣ ба истифода дода шуданд, ки он дар барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсиланерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ давоми солҳои 2009-2020 қабул гардида, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, то соли 2020-ум сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ба нақша гирифта шудааст.
Истифода додани агрегати дуюми НБО «Роғун» имконият медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо аз мушкилоти соҳаи барқ халос мегардад ва тамоми соҳаҳои хоҷаи халқи мамлакат чароғон мегардад. Барои корхонаҳои саноатӣ ҳама вақт қувваи барқ лозим аст, ҳангоми ба истифода додани ҳамаи агрегатҳои Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ин мушкилоти корхонаҳо ҳалли худро меёбад. Дар тамоми идораву ташкилотҳое, ки ҳамеша қувваи барқ таъмин аст, дар он истеҳсолот хеле хуб ба роҳ монда шуда, маҳсулоти рӯзмарраи самтҳои мухталифи кишвар омода карда мешавад. Ба истифода додани агрегати дуюми ин Нерӯгоҳи азими аср боз як қадам ба пеш гузоштан ва расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.
Мардуми миллати тоҷик аз қадим соҳиби дониш, маърифат ва меҳнатдӯсту меҳанпараст буд ва имрӯз низ мемонад.
Миллати бузурги тоҷик ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки душвориҳо ва мамониятҳоро бо сари баланд паси сар кунад, зеро қудрати бузурги мардуми ин кишвар ба ҳама кору бор қодир аст.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - макони дурахшони кишвари азизамон дар оянда хоҳад буд. Имрӯз миллати тоҷик ин маконро чун “Кохи нур” ном мегиранд.
9-уми сентябри соли 2019 мо мардуми меҳанпарасти Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳиди боз як пирӯзии дигари Истиқлолияти давлатии мамлакатон гардидем, ки ин ҳам бошад агрегати навбатӣ, яъне чархаи дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба кор оғоз кард. «Роғун» ин рамзи хуҷастаи миллии мо, рамзи шарафу эътимоди мо фарзандони ин сарзамини офтобрӯя гардидааст.
Роғун барои мардуми мо як санҷиш ва имтиҳон аст, санҷишу имтиҳоне, ки дар худ ҳуввияти миллии моро баланд менамояд.
Бунёдкориҳои Роғун намунаи ибрат мебошад ва он сабақи бемисл ба ҳар бинандаву шунаванда мебошад. Мо ҷавонони имрӯзи Ватан, ки ҳоло адои хизмат ба модарро дорем ва ояндаи дурахшони ин сарзаминро ҳифз мекунем, дидани ин ҳама созандагию бунёдкорӣ, ин ҳама ҷоннисориву таҳаммулпазирӣ, ин ҳама муҳаббати баланду фидокорӣ ба куллӣ фарзандони миллати тоҷик дунёи дигар мебахшад. Чунки ин руҳияи баланди миллӣ, соҳибватанӣ ва фидокориву садоқат ба Ватан, ҷоннисорӣ, ки дар ин ҷо ҳукмрон аст, шуморо фаро мегирад ва шумо худро узви ин ҷараёни бузурги фидокориҳо эҳсос мекунед. Бо дидан аз ин сохтмони Нерӯгоҳи азими аср, ки дар тасаввур гунҷонидани он душвор аст, эътиқоду эътимод, муҳаббат ва бовар ба Ватани соҳибистиқлол, ба Пешвои воқеан муаззами миллат, ки саркору раҳнамову раҳкушои ин ҳама бунёдкории азим мебошанд, даҳкаратаҳо бузург менамояд.
Кӯшиш ва талоши беандоза, дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сохтмони бузург ҳамеша ба бунёдкорон рӯҳбаландӣ ва бовариву нерӯмандӣ мебахшад. Тамоми мардуми олам тавассути наворҳо тариқи оинаи нилгун шоҳиди давоми як соату сӣ дақиқа дар сари фармони булдозер бо ҷасорат, мардона, бо камоли кордонии як ронандаи таҷрибадор ва корозмӯда пеши роҳи дарёро бастани Пешвои муаззами миллат буданд. Мо – хизматчиёни мамлакат дар қатори мардуми дигар дар он ҷо ҳузур доштем ва шоҳиди он лаҳзаҳои нотакрори таърихӣ гардидем. Ин соати хотирмон, ки бо ҷасорат, якуним соати мардонагӣ, кордонӣ, ҷоннисорӣ, якуним соати гузаштан аз имтиҳони тақдир аз ҷониби Роҳбари мамлакат боиси ифтихори тамоми мардуми кишвар гардид. Тасвири ин манзара ҳаргиз аз пеши назар нахоҳад рафт ва чун сабақи ҷавонмардӣ дар забонҳои мардум ҳамеша такрор ба такрор хоҳад омад.
Сохтмони Роғун сохтмони танҳо як истгоҳи барқӣ нест, балки ин сохтмони кохи бузургест, ки он боз ҳам бузургии миллати моро дар арсаи ҷаҳон нишон медиҳад. Бо бунёди Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мушкилоти истифодаи барқро аз байн мебардорад ва Истиқлолияти энергетикиро дар кишвар бунёд менамояд.
Маҳз, ба истифода дода шудани чархаи дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» дурнамои чоруми давлатӣ саноатикунонии кишварро муайян намудааст.
Ҷумаев Туйхон, шунавандаи курси тайёрии ибтидоии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия