Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - кафили асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак

вКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқии мардуми шарифи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дар ин санади тақдирсоз ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон диққати аввалиндараҷа зоҳир гардидааст. Мусаллам аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти афзалиятнок ба волоияти ҳуқуқи инсон, ки бевосита аз ҳуқуқи башар бар меояд, дода шудааст. Аҳамиятнокии Конститутсия нисбат ба мақоми кӯдак дар он зоҳир мегардад, ки дар асоси он табиат ва моҳияти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кӯдак ва вазъи муосири он аз лиҳози ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.

Дар вазъи ҳуқуқии кӯдак, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ, ҳамчун яке аз аломатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аҳамиятнокии ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдак ин пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҳамчун унсури мақоми ҳуқуқӣ баромад менамояд, ки ба воситаи маҷмӯи он тамоми муносибатҳо вобаста ба кӯдакон ва дараҷаи танзимгардонии онҳо баррасӣ мегардад.
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Қобили қайд аст, ки мафҳумҳои «шаҳрванд», «инсон», ки дар Конститутсия истифода гардидааст нисбати кӯдакон, низ дахл дорад. Ҳамзамон ин дар бораи он низ, гувоҳӣ медиҳад, ки Конститутсия сарчашмаи асоси ҳуқуқии ҳимояи манфиатҳои кӯдак баромад менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора ва ҳалли масъалаҳое, ки ба кӯдак марбутанд ба зиммаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста гардидаанд. Дар қисми дуюми Низомномаи ин комиссия, низ қайд гардидааст, ки Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз он ҷумла Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ба роҳбарӣ мегирад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир, муносибатҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пеш аз ҳама ба воситаи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак танзим карда мешавад. Ин санади ҳуқуқии байналмиллалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ҷонибдорӣ карда шудааст ва уҳдадории сиёсӣ бар душ гирифта шудааст, ки талаботи меъёрҳои он ба пуррагӣ таъмин ва риоя мегарданд. Мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда аст баъд аз интишори расмӣ амал мекунанд. Вобаста ба ин қобили қайд аст, ки дар дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гаштааст, ки агар барои амалӣ гардонидани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани (имплементатсияи) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи дохилидавлатӣ зарур бошад, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд. Дар ҳақиқат қисмати зиёди талаботи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон акси худро ёфтаанд. Хусусан муқаррароти ин санад вобаста ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гаштааст.
Бинобар ҳамин ҳар кӯдак дар ҷумҳурии мо бояд ҳамчун аъзои комикомилҳуқуқи ҷомеъа, ки дорои ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аст, ҳисобида шавад, танҳо бо он фарқият, ки баъзе аз ҳуқуқу ва озодиҳояшонро бинобар синну сол метавонад ба воситаи падару модар, ҳангоми набудани онҳо ба воситаи намояндагони қонунӣ амалӣ намоянд.
Лекин бояд қайд намоем, ки дар самти танзими муносибатҳои давлат ва шахсият Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо ва самти танзими муносибатҳоро муайян менамояд. Ба суханҳои дигар, Конститутсия танҳо асосҳои вазъи ҳуқуқии шахсиятро дар ҷомеъа муайян менамояд, ин ба мисли гурӯҳҳо аз рӯи нишонаҳои касбӣ, синнусолӣ, иҷтимои ва ғайра. Мавзӯи баррасии мақолаи мазкур дар умум ин вазъи ҳуқуқии шахсият ва мушаххасан –ин вазъи ҳуқуқии кӯдак ба ҳисоб меравад.
Инак, кӯдак ҳамчун субъекти махсусӣ ҳуқуқ баромад менамояд, ки дорои мақоми махсусӣ ҳуқуқии худ мебошад. Хамзамон дар санадҳои меъёриву ҳуқуқии гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон категорияҳои гуногуни кӯдакон ( кӯдакони ятим, кӯдакони маъюб, кӯдакони гуреза, кӯдакони бе парастории падару модар монда, фарзанд, ноболиғ, кӯдак-ҷабрдидаи хариду фуруши одамон,) вобаста аз танзими муносибатҳо аз ҷониби он санадҳо пешбинӣ гаштааст. Дар он санадҳо мафҳумҳои муайян, ки хусусияти вазъи қарордоштаи кӯдакро дар бар мегирад нишон дода шудаанд. Ҳамаи ин аз гуногуншаклии соҳаҳои ҳаёте, ки дар он кӯдакон ширкат меварзанд гувоҳӣ медиҳад.
Пеш аз он ки дар бораи худи масъала сухан гуем, бояд муайян намоем, ки қонунгузор дар зери мафҳуми «кӯдак» киро муаян намудааст? «Ҳуқуқи кӯдак» чи маъно дорад? Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои вобаста ба кӯдак мафҳумҳои гуногун истифода гардидаанд Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак муайян намудааст, ки одам дар синни то 18 солагӣ кӯдак ба шумор меравад, ба истиснои мавридҳое, ки тибқи қонуни миллии кишвараш синни балоғати ӯ пештар фаро насарад. Мафҳуми ба ин монанд бо фарқияти ночиз дар моддаи 55 Кодекси оилаи Чумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гаштааст. Тибқи он кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст. Фарқият миёни мафҳумҳое, ки дар ин санадҳои меъёриву-ҳуқуқӣ пешбинӣ гаштааст ин мавҷуд будани истисно дар мафҳуме, ки дар Конвенсия пешбинӣ гаштааст мебошад.
Дилхоҳ ҳуқуқи кӯдакро бояд вобаста аз табиати субъективии он, ҳамчун намуд ва чораи сазовори рафтор, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, фаҳмидан зарӯр аст. Чунин тавсияи ҳуқуқи субъективӣ комилан ба ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдак низ мувофиқ аст.
Кӯдак аз лаҳзаи таваллуд ба категорияи шахсони дорандаи ҳуқуқ ва озодиҳои асоси шомил мегардад, лекин амалӣ намудани баъзе ҳуқуқҳо аз ҷониби кӯдак хусусияти хоси худро доро мебошад.
Баамалбарории ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии кӯдак, ҳамчун ҷараёни амалигардонӣ аз ҷониби кӯдак имкониятҳои, ки аз ҷониби Конститутсия барои қонеъ намудани манфиатҳои қонунии кӯдак кафолат дода шудааст фаҳмида мешавад.
Баамалбарории як қатор ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии кӯдак дар вобастагии бевосита аз синну сол, вазъи саломатӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва омодагии касбӣ қарор дорад.
Чун анъана ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд вобаста аз механизми амалишавиашон ба ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақсим мешаванд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои фитрианд ва ба ҳар шахс аз лаҳзаи таваллуд таалуқ доранд ва дахлнопазирии ҷисмонию психологӣ, озодӣ ва арзишҳои ахлоқии шахсиятро таъмин менамоянд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ бо дороии шаҳрвандии давлат ва тартиби иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии давлат муайян менамояд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ моҳиятан бо ҳуқуқи моликият алоқаманд буда, озодии фаъолияти инсонро дар соҳаи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани моликият ва дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ муайян менамояд.
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳимояи иҷтимоии шахсиятро таъмин менамояд.
Ҳуқуқҳои фарҳангӣ ба шахсият имкон медиҳанд, ки дастрасӣ ба арзишҳои маънавии ҷомеъа ва мувафақиятҳои тарақиёти ҷомеъа пайдо намояд.
Илми ҳуқуқшиносӣ ба таври возеҳу равшан шаклҳои асосии амалигардонии ҳуқуқҳои асосии шахсро муайян намудааст, ин аз ҷониби шахсият бо хоҳиши худ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ он ҳукуқҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он кафолат додааст иҷро, риоя ва амалӣ менамояд. Яъне ғайр аз кӯдак, ки бевосита ҳуқуқҳои худро амалӣ менамояд, шахсҳои дигаре мавҷуд мебошанд, ки ба амалигардонии ин ҳуқуқҳо мусоидат менамоянд. Ба ҳайси шахсоне, ки ба амалигардонии ҳуқуқҳои кӯдак метавонанд мусоидат намоянд ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, падару модари кӯдак (шахсони онҳоро ивазкунанда), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони соҳаҳои маориф, тиб ва дигар соҳаҳо, ки тибқи қонунгузорӣ барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ, дастгирӣ ва хизматрасонии иҷтимои масъул мебошанд ба ҳисоб мераванд.
Иҷрои меъёри ҳуқуқ ин бечунучаро содир намудани ҳаракатҳое, ки тибқи қонун муаян гардидаанд, яъне иҷрои уҳдадории ҳуқуқӣ, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдак уҳдадор аст меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд. Моддаи 41 Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро вазифаи ҳар як шахс муайян намудааст.
Риоя – ин рафтори ғайрифаъоли кӯдак аст, ки дар худдорӣ намудан аз содир намудани кирдорҳое, ки тибқи қонун манъ карда шудаанд мебошад. Тибқи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя намояд, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Чунин манъкунӣ ба ҳама шаҳрвандон дахл дорад, новобаста аз синну сол.
Аз ҳама шакли хоси амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодӣ- ин ҳангоме, ки истифодаи он ба кӯдак имконият медиҳад, ҳуқуқҳое, ки Конститутсия кафолат додааст амалӣ намояд. Ҳамзамон кӯдак ба ҳайси субъекти ҳуқуқ баромад намуда имконият дорад, ки манфиатҳои худро қонеъ гардонад ва дастрасиро ба неъматҳои иҷтимоӣ пайдо намояд.
Таъйиноти кафолатҳои амалигардонии ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак на танҳо дар муҳайё намудани шароит барои амалӣ намудани он, балки муаян намудани ҷавобгарӣ ва татбиқ намудани онро нисбати поймолкунандагони ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак пешбинӣ менамояд,то ин ки уҳдадориҳои худро дар ин самт ба таври зарӯрӣ ба сомон расонанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқ ва озодии кӯдак, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо уҳдадории падару модар ба ҳисоб меравад, танҳо дар ҳолате, ки падару модар уҳдадории худро иҷро накунанд ва ё аз он ҳуқуқҳо сӯистифода намоянд, давлат масъулиятро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак бар дӯши худ мегирад.
Бояд қайд намуд, ки вобаста ба ин муқаррарот дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштааст, ки тибқи он модару кӯдак таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дода шудаанд. Сарқонуни кишвар волидонро барои тарбияи фарзанд ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини волидон масъул донистааст. Ҳамзамон моддаи 5 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, низ муққарраротро вобаста ба масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак пешбини намудааст . Вобаста ба ин бояд қайд намоем, ки баҳри таъмини манфиатҳои кӯдак ва ҷомеъа бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Дар муҳокимаи лоиҳи қонуни мазкур зиёда аз ду миллион аҳолии кишвар ширкат варзида буданд. Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз бетараф набудани аҳолии кишвар нисбат ба ояндаи ҷумҳурӣ ва насли наврас гувоҳӣ медиҳад. Соли 2011 аз ҷониби Маҷлиси Олии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. Тибқи ин қонун таълиму тарбияи кӯдак вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки вобаста ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Ин санадҳо ҷанбаҳои гуногуни манфиати кӯдакро дар бар гирифта ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳоро кафолат медиҳанд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ намудани Тоҷикистон аз Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пеш аз ҳама бо дарки зарурияти ҳалли ин масъала аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак гувоҳӣ медиҳад.
Насуриён П.А., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...