Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия Ҷумҳури Тоҷистон ин Бахтномаи миллат, «асоси қонунҳои Ҷумҳури Точикистон», «волоияти қонун», «ҳифзкундаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мебошад. Ба монанди ин зиёданд ибораҳое, ки имрӯзҳо боиси ватандӯстиву ватанпарастӣ аз забони бештари донишмандон ва шаҳрвандони кишвар шунида мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳои инсон ба монанди: озодии сухан, нашр, озодии виҷдон, дахлнопазирии шахс, ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба зиндаги кардан ва ғ.
Аз ин рӯ ҳар як шаҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд донистан ва сармашқи худ қарор додани Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи инсонии хеш донад.
Конститутсия ин худ аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш сохт ва муқаррар кардан мебошад.
Аввалин маротиба Конститутсия ҳамчун асоситарин қонуни давлат соли 1787 дар ИМА қабул гардидааст. Баъдан соли 1791 дар Фаронса ва Полша қабул гардидааст. Бо ҳамин давлатҳо паи ҳам вобаста ба сохти идоракуниашон Коститутсияи хешро қабул кардаанд.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳангоми дар ҳайати ИҶШС қарор доштанаш 4 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1938 ва 1978 Коститутсия қабул намудааст. Давраи панҷуми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Ниҳоят баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-ум маротиба Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумиҳалқӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қабул гардидааст. Новобаста аз вазъияти мураккаби сиёсӣ меъёрҳои он дар кишвар амал менамуданд.
26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ҳамчун дар райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Коститутсияи қабул гардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми асосӣ иборат аст: Қисми муқаддимавӣ, қисми матни асосӣ, қисми иловагӣ.
Дар қисми якумаш муқаддимаи он дохил мегардад.
Дар қисми дуюмаш бошад, даҳ боби Конститусия дохил мегардад. Бобҳои Конститусия бо тартиби зерин номгузорӣ шудааст: боби якум Асосҳои сохтори конститусионӣ, боби дуюм Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, боби сеюм Маҷлиси олӣ, боби чорум Президент, боби панҷум Ҳукумат, боби шашум Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, боби ҳафтум ВМКБ, боби ҳаштум Суд, боби нуҳум Прокуратура, боби даҳум Тарбити тағйири Конститутсия.
Ҳамчунин дар моддаи 14 боби дуюм омадааст, ки Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиле, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад.
Чигунае, ки мо дар боло қайд намудем, мувофиқ ба моддаи 30 боби дуюми Конститутсия ба ҳар шахс озодии нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаи ахбор кафолат дода мешавад.
Мувофиқи моддаи 40 боби дуюми Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фанҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад.
Конститустия дар баробари ҳифз кардани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон мувофиқ ба моддаи 42 боби дуюм шахсро вазифадор мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Ва дигар талаботҳое, ки бевосиба ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мансубият дорад дар Конститутсия дарҷ гардидааст.
Дар қисми сеюмаш бошад – муқаррароти интиқоли ном дошта, тағйиру иловаҳои ба Конститустия ворид гардидаро ба расмият медарорад.
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 – сол сипарӣ гардид. Дар ин давра тибқи муқаррароти Коститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол шинохта шудааст.
Конститутсия – тибқи меъёрҳои худ ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо ва кафолати таъмини онҳоро барои инсон ва шаҳрванд муқаррар намудааст. Тибқи Конститутсия шаҳрвандон метавонанд озодона дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷои зист интихоб намоянд, ба ҳаргуна фаъолияте, ки қонун манъ накардааст машғул шаванд ва дигар амалҳои зидди қонун набударо анҷом диҳанд.
Сулаймонзода Рустами Неъматуло, коромӯз корманд-мутахасиси калони китобхонаи умумии шӯъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.