Қонун раҳнамоӣ зиндагии мо!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори баланди ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқуқ вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
«Ҳадафи сиёсиси мо барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамоӣ ҳамешагии мо хоҳад буд», баён намудааст- Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 кабул гардидааст.
Акнун бо тағйиротҳои ҷомеа дар Конститутсияи қабулгардида низ тағйироту иловаҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин тағйиротҳо рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохт ва сохтори давлатдорӣ нишон дода шуда, асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат буда, зеро сарчашмаи ҳамаи қонунҳои интишоргардида ва ба ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумқурии Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсияи давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6- ноябри соли 1994 Конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти мардум пазируфта шуда, ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон «Рӯзи Конститутсия» муқаррар гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллату давлат мебошад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, амоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои пойдории сулҳу ваҳдати миллии мардуми тоҷик нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияҳои оммафаҳму беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Пешвои миллат- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сола мегардад ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо камоли ифтихор 6- ноябрро ҳамчун «Рузи қабули Конститутсия» ҳамасола қайд менамоянд.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишварамон дастгиру роҳнамоӣ мардуми тоҷик гардида, вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки ин мукадасоти миллатро эҳтиром ва пос нигоҳ доранд!
Омӯзгорони Академия
Комил Холзода
Шукрихудо Ҳайдархонзода