Вохӯрӣ бо волидайни курсантон самар медиҳад
Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19-уми октябри соли 2019 дар Академия вохӯрии падару модарони курсантони факултети №5 бо роҳбарияти Академия доир гардид, ки дар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва тарбия мусоидат намуда, ҳамкории байни омӯзгорон ва падару модаронро дучанд зиёд намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки вохӯриро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А., кушода, зимни суханронӣ чунин зикр намуд, ки рӯз то рӯз шароити таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академияро бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замони муосир сохта ба истифода доданд, ки ин моро водор месозад тамоми саъю кӯшиши худро ба хизмати софдилона равона намоем. Волидайни азиз, Шумо худ шоҳид гаштед, ки фарзандонатон дар шароити беҳтарини замони муосир таълим гирифта истодаанд. Моро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълим ва тарбияи фарзандони Шумо вазифадор намудааст, аммо шумо низ бояд нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш муносибати ҷиддӣ намоед.
Ҳамчунин Саидзода З.А., дар баромади худ аз суханронии Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иқтибос оварда чунин қайд намуд, ки: “Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем. Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд”.
Сипас, баромадкунанда волидайни курсантонро ҳушдор намуд, ки 80% шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷиистон, ки дар қаламрави давлатҳои ноором дар задухурдҳои мусаллаҳона ширкат варзиданд ҷавон мебошанд, ки қисмати зиёди онҳо ё ба ватан баргаштаанд ва ё зимни задухурдҳо ба ҳалокат расиданд. Аз ин рӯ, нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш ҷидди муносибат намоед то дар оянда фарзандонатон шахси баркамоли ҷомеа гарданд ва ба доми гурӯҳҳои террористию экстремистӣ гирифтор нашаванд.
Ҳамзамон номбурда аз манъи истифодабарии телефони мобилӣ дар Академия ёдовар шуда, қайд намуд, ки истифодаи телефони мобилӣ дар дохили Академия манъ гардидааст. Аммо баъзе аз фарзандони шумо талаботи ин фармон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вайрон мекунанд, ки мо нисбати онҳо ҷазоҳои интизомии то хориҷ намудан аз сафи курсантони Академияро тадбиқ менамоем.
Дигар масъалае, ки роҳбарияти Академияро ба ташвиш овардааст, омадани курсантон ба дарс бо автомобилҳои шахсӣ мебошад, ки нисбати ин масъала низ роҳбарияти Акадмия чораҳои заруриро андешида истодааст.
Ҳамзамон Саидзода З.А., қайд кард, ки вобаста ба дар ҷодаи пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, содир кардани садамаи марговари нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ, ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки вобаста ба ин масъала низ диққати зарурӣ диҳед.
Ҳамчунин сардори факултети №5, н.и.п., полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. баромад намуда, аз дигар санаду меъёрҳое, ки раванди таълимро ба танзим медароранд ёдовар шуд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва даст ба кирдорҳои номатлуб назадани онҳо, ки масъалаи доғи рӯз мебошад, дар баромадҳояшон садо дода шуд.
Ҳамчунин, Ҳайдарзода Ш.Ҳ., оид ба паҳлуҳои гуногуни уҳдадориҳои падару модарон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баромад карда қайд кард, ки хондан дар Академияи ВКД ин ифтихор аст ва Шумо волидайни азиз фахр мекунед, ки фарзандонатон дар чунин муасиссисаи таълимии бонуфӯз таҳсил мекунад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳар як амали фарзандони шумо мутобиқи Оинномаи Академия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Роҳбарияти ВКД ва Академия тасмим гирифтааст, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва интизоми таълимӣ-хизматии курсантон тамоми имкониятҳо ва чораҳои заруриро андешад.
Дар охир ба волидони курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи ВКД ва Академия фаъолона ширкат меварзанд, бо Сипоснома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
М.Нуруллозода