Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эҳтироми Конститутсия

289Имрӯз сокинони мамлакат барои сазовор таҷлил намудани 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба истилоҳи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат» мебошад, роҳандозӣ карда шудааст.
Аз ҷониби ҷомеаи ҳар давлат қабул шудани Конститутсия – қонуни асосии мамлакат воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ аст. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва истиқлолияти Тоҷикистон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз мебошад.
Аз худи маънои калимаи Конститутсия бармеояд, ки он аз калимаи лотинии «contitution» асос ёфта, маънояш «барпо намудан», «бунёд гузоштан», «таъсис додан» аст. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рисолати худро дар пеши ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти шароити зиндагии арзанда заминаҳои мусоидро фароҳам оварда, кафолати озодии шаҳрвандӣ, таъсисдиҳандаи фазои озоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва давлатиро дар худ таҷҷасум менамояд.
Конститутсия ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, он сарнавишт ва роҳи пешрафтаи ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.
Қабули Конститутсия аз рӯзҳои аввал дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд. Яке аз вазифаҳои муҳими таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард. Дар доираи Конститутсия эътироф гардидани тағйинопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил замина гузошт.
Давлати соҳибихтиёр эълон гардидани Тоҷикистон маънои волоияти ҳокимияти давлатиро дар тамоми қаламрави кишварамон дошта, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол сиёсати дохилӣ ва берунаи худро бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мустақилона, дар асоси меъёрҳои маъмури байналмилалӣ ба амал мебаровард.
Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари моро, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ карданд ва ҷаҳониён халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохтанд.
Фарзанди фарзонаи миллати сулҳхоҳ Эмомалӣ Раҳмон ин вазифаи таърихии худро ба ҷо оварда, нерӯи даврони Истиқлолият, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва таҳкурсии давлатдории навинро гузоштанд.
Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон аксарияти давлатҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил пазируфта, ба он робитаҳои дипломатӣ муқаррар ва дар он ҷо консулгариҳои худро баён намуданд. Дар баробари ин Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ сафоратхонаҳо ва консулгарии худро барпо намуда, ҳамкории хешро бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси қарордодҳои дутарафа ба роҳ монд. Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар Созмони Милали Муттаҳид ва соҳибистиқлолии кишварамон шаҳодат медиҳад.
Тибқи Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намудааст, ки ин ифодакунанди бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ЮНЕСКО, Созмони конфронсии исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони аҳдномаи шимолӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ғайра шомил будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар қабул ва тасдиқи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз саҳми назаррас гузоштааст, «Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст».
Маҳз риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар гарави амният ва осудагист. Мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки оқибатҳои сангину ғамбори солҳои муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварамонро, ки аз фазои беамалии Конститутсия ва дигар қонунҳо маншаъ гирифта буданд, фаромӯш намоем. Маҳз беамалии Конститутсия ва қонунҳо қимати ҳамаи неъматҳоро аз байн бурда буд ва кор ба дараҷае расид, ки ҷони одам низ арзише надошт.
Конститутсияи кишварамон кушояндаи бахту роҳи армони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, хатти озодии виҷдони шаҳрванд мебошад. Дар қонуни асосӣ хеле барҷастаю хоно ҳуқуқҳои инсон ифода ёфтааст. Ҳар ҳарфе, ки дар он ба назар мерасад, нерӯи рӯзафзуни халқи тоҷик ва халқҳое, ки дар ин сарзамини биҳиштосо умр ба сар мебаранд, меафзояд ва имрӯз онҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ободиву созандагӣ раҳсипор ҳастанд.
Ин қонун нурест, ки дар руҳи инсон нақш мегузорад ва нур худ руҳ буда, қонуни асосӣ бояд ба руҳу равони мо таъсир гузорад.
Маҳз Конститутсия ифодагари давлату давлатдорӣ мебошад. Бинобар ин Пешвои миллат қайд менамоянд, ки: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад». Ҳар як шаҳрванди ин ватани сулҳхоҳ арзишҳои конститутсиониро сарчашмаи зиндагии худ қарор дода, ин ҳуҷҷати сиёсиро, ки кафолатдиҳанди таъмини қонуният, сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад, ҳифз намуда рӯзи қабули конститутсияро рӯзи баёнгари соҳибихтиёрии миллат ҷашн мегирад.
Ҳар як банду бобҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври комил муқаррар шудааст, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд буда, онро ҳамчун дастурамал дар тамоми соҳаҳои кишвар метавон истифода бурд.
Эҳтироми риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои кишвар таҷассумгари таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоии давлат ва ҷомеа, рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон аст.
Баҳодурзода Мутриба, муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...