Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бахтномаи миллати тоҷик


131Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳуҷҷати юридикие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.
Конститутсия ин ҳуҷҷати таърихӣ мебошад, зеро агар давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамаги зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро аниқ мекунад. Дар таърихи башарият маҳз Конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва прогресси ҷамъият гаштаанд.
Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба барпоёби ва ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст. Давлати миллии тоҷикон мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Маркази (минбаъд КИМ)-и Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС) аз 27-уми октябри соли 1924 дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон (минбаъд ҶШСУ) ташкил ёфт.
Марҳилаи якум: Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шуравӣ Сотсиалистӣ Тоҷикистон (минбаъд ҶМШСТ) масъалаи тайёр кардани Конститутсияи он ба миён омад. Анҷумани Шӯрои Тоҷикистон баробари ташкили КИМ-и Тоҷикистон ба ӯ супориш дод, ки то Анҷумани оянда Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистонро тайёр намояд. Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28-апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард, ки он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва Конститутсияи ҶШС Узбекистон соли 1927 тайёр карда шуда буд.
Марҳилаи дуюум: Вале дере нагузашта аз тарафи Анҷумани сеюми шуроҳо зарурият оиди ташкил намудани Ҷумҳури Иттифоқи Тоҷикистон (минбаъд ҶИТ) ба миён омад ва ба санадҳои Анҷумани фавқулодаи шӯроҳои Тоҷикистон 16-уми октябри соли 1929 қарор дар бораи ташкил ёфтани ҶИТ қабул карда шуд.
Аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон аст. Баъди ташкилёбии ҶИТ масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани вазъи конститутсионии он пеш омад. Дар қарори Анҷумани сеюми шуроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкилёбии ҶИТ ба КИМ супориш дода шуд, ки Конститутсияи ҶИТ-ро тартиб дода барои қабул пешниҳод намояд.
Анҷумани 4-уми шӯроҳои Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодгардидаро муҳокима карда онро тарафдори намуданд ва он бо қарори худ 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини ҶИТ-ро қабул кард. Конститутсияи соли 1931-и Ҷумҳури Шурави Сотсиалистӣ Тоҷикистон (минбаъд ҶШСТ) давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин рӯ дар мавриди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон зарурияти тайёр кардани лоихаи нави Конститутсия бамиён омад.
Марҳилаи сеюм: Ҳамин хулосаҳо буд, ки ИҶШС Конститутсияи нав қабул кард. Дар Конститутсияи ИҶШС соли 1936 ба таври ҳуқуқӣ, инъикос гардонида шуданд. Дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шӯроҳо 1-уми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШСТ қабул гардид, ки он моҳиятан ба Конститутсияи иттифоқӣ монанд буд ва дар он давраи нав, давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода меёфт. Конститутсия 41 сол амал кард ва дар ин мӯҳлат ба он тағйиру иловаҳои зиёде ворид гардиданд. Дар ин давра дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низоми иқтисодӣ, асосҳои ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон бавуҷуд омаданд. Аз ин рӯ, масъалаи қабули конститутсияи нав бамиён омад.
Марҳилаи чорум: Санаи 15-уми июли соли 1977 иҷлосияи 7-уми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШСТ камиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Точикистонро ташкил кард. Лоиҳаи Конститутсия 19-уми марти соли 1978 барои муҳокима нашр гардида, аз 14-уми апрели соли 1978 аз тарфи иҷлосияи 8-туми ғйринавбатии Шӯрои Олии ҶШСТ даъвати 9-ум Конститутсияи 4-уми ҶШСТ-ро қабул намуд, ки он аз 10 фасл 19 боб 174 модда иборат буд.
Марҳилаи панҷум: Аммо пас аз гузаштани 12-соли қабули Конститутсияи соли 1978-и ҶШСТ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ИҶШС баҳсу муноқишаҳо нисбати бекор кардани мавқеъи Ҳизби Камунистӣ Иттиҳоди Шуравӣ бавуҷуд омад. Дар ҳамон давраҳо вазъи сиёсӣ ва идоракунии давлат бо чунон суръате тағйир меёфтанду дигаргун мешуданд, ки ҳатто баъзе аз кормандони давлатҳои ин аъзо бехабар мемонданд. Баъд аз дигар гун гаштани вазъи сиёсӣ дар ИҶШС ва меъёрҳои Конститутсияи он ба тақдири Конститутсияи ҶШСТ ва ҳаёти сиёсии он бетаъсир нагузошт ва дар натиҷа зарурати тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нав ба миён омад. Мақсад аз тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳуқуқӣ дар ҳайати ИҶШС буд. Ин ҷараён фақад ба Тоҷикистон хос набуд, балки ҳамаи ҷумҳуриҳои аъзои ИҶШС низ чунин мақсадро дар назди худ гузошта буданд. Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 камиссияи конститутсионӣ оиди тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон бо сардории раиси Шурои Олии Тоҷикистон котиби 1-уми Кумитаи Иҷроияи Партияи Камунистии Тоҷикистон Қ.Маҳкамов дар ҳайати 53 нафар ташкил ёфт. Қадами аввал барои амали гардонидани мақсадҳои дар боло зикргардида, қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШСТ аз 24-уми августи соли 1990 гардид. Аммо давоми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон бинобар барҳам хурдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд. Дар ин хусус 9-уми сентябри соли 1991 Эъломияи мазкур ба ҳолатҳои наве бой гардонида шуд, ки онҳо заминаҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистонро боз ҳам васеъ гардониданд.
Давраи дуюми тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон баъди барҳам хурдани ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуку озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъияти эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.
Бо ҳамин натиҷаҳо 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.
Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Россия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 25 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Хонкилдиев А.Б., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...