Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Этикаи ҷавонон дар ҷомеа

963Ҷавонон қисми таркибии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Солимии ахлоқи ҷомеа аз ҷамъият, аз он ҷумла аз солимии этикаи ҷавонон вобастагӣ дорад. Дар ҷомеае, ки ҷавонон ахлоқи ҳамида дар ҳама самти зиндагиро доранд, он ҷомеаи солим буда метавонад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ғамхориҳои зиёд намуда, дар ҳар як баромади худ оид ба ахлоқи ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми ҷамъият истода гузашта, барои онҳо ғамхориҳои зиёд менамоянд. Рӯзи 20 майи соли 2005 Ҷаноби Олӣ дар вохӯрии худ бо ҷавонон қайд кардаанд, ки «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият мебошанд».
Дар баробари ин пешниҳоди қабули қонун оиди масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фазанд аз тарафи Ҷаноби Олӣ кори оқилона ва сари вақти аст. Албатта руҳияи этикаи ҷавонон аз кӯдакӣ аз оила ва мактаб сарчашма мегирад. Дар баробари ин ҷамъият ва муҳити атроф ба психикаи онҳо таъсири худро мерасонад. Дар ҷамъият ҳастанд ҷавононе, ки бемаънавиятии худро зоҳир менамоянд, ки ин аз бемасъулиятии падару модар ва устодони мактаби миёна мебошад. Зеро ҳисси масъулиятнокии худро баъзе волидайн ва устодони мактаб дар назди фарзанд, шогирд, дарк намекунанд. Як зуҳуроти номатлуби дигаре дар ҷамъият вуҷуд дорад, ки ин фурӯши фиттаҳои фаҳшу зӯраворӣ буда, он ҳатман ба психикаи руҳии ҷавонон таъсири худро мегузорад. Барои ин масъулони мақомоти саллоҳиятдори давлатиро лозим меоянд, ки сари ин масъала ҷораҳои зарурӣ андешанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад. Бо эътирофи инсон чун арзиши олӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якумдараҷа кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад. Ахлоқ ва падидаҳои қадими иҷтимоӣ баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфтааст. Одобу ахлоқ, ки бунёди маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, мағз андар мағзи муносибатҳои иҷтимоӣ ҷой дошта, дар танзими онҳо нақши бузург меомӯзад. Солимиву солеҳии муносибатҳои иҷтимоӣ, робитаҳои одамон, комёбиву пешравӣ, саодату бақои ҷамъият аз ахлоқу одоб бевосита алоқаманд аст. Аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқ ин ки пайванди боровари маърифати назариву дониши амалӣ, робита, ваҳдати илм ва амалро таъмин месозад.
Дар рафти азхудкунии меъёр ва қоидаҳои ахлоқ мо бо мафҳумҳои этика, одоб, ҳуқуқ, некӣ, бадӣ, адолат, бурҷ, виҷдон, ҷавобгарӣ, ору номус, қадру қимат, инсонпарварӣ дучор мешавем. Онҳо категорияҳои этика мебошанд.
Ахлоқ - ин яке аз воситаҳои батанзимдарории рафтори одамон дар ҷамъият дар ҳамаи ҳолатҳои ҳаётӣ мебошад. Меъёрҳои ахлоқии рафтор дар асоси урфу одатҳо, фикри ҷамъиятӣ ва инчунин иҷрошавии онҳо аз тарафи ҷамъият назорат карда мешаванд. Барои вайрон намудани онҳо ҷавобгарии руҳӣ вуҷуд дорад.
Ҳуқуқ, бо фарқият аз ахлоқ фақат рафторҳои дараҷаи ҷамъиятиро батанзим медарорад. Воситаҳои батанзимдарории ҳуқуқӣ - санади ҳуқуқие, ки аз тарафи ҳокимияти давлатӣ тартиб дода шудааст ва риояи меъёрҳои хуқуқӣ аз тарафи аппарати давлатӣ ва бо қувваи давлатӣ таъмин карда мешаванд.
Этика - дониш дар бораи ахлоқ, фанне, ки ахлоқро чун воситаи ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ меомӯзонад. Дар навбати худ этика дороӣ категорияҳои худ мебошад.
Некӣ (хубӣ) - категорияи этикае, ки ҳамаи ҷиҳатҳои мусбии ахлоқро дарбар гирифта, мувофиқаткунӣ ба маҳал ва урфу одатро мефаҳмонад.
Бадӣ -ҳамаи ҷиҳатҳои муқобили хубиро дарбар мегирад.
Адолат - категорияи этика ва ҳуқуқ буда, аз тарафи қонунгузори ҷамъияти муосири демократӣ таъмин карда мешавад (адолати судӣ).
Бурҷ - категорияи этикае, ки муносибати шахсият ба ҷамъият, дигар шахсон дар асоси ӯҳдадориҳои ахлоқи нисбати шароитҳои дахлнокии онро мефаҳмонад.
Виҷдон - хусусияти инсонӣ ба амал баровардани худназоратии ахлоқӣ ва баҳогузории руҳии фаъолияти худ, талаб намудани меъёрҳои ҳуқуқиро мефаҳмонад.
Ҷавобгарӣ - ӯҳдадорӣ ва зарурияти додани ҳисобот ба фаъолият ва корҳо, инчунин додани ҷавоб барои рафтори худ мебошад.
Ору номус - муносибати махсуси инсон нисбати худ ва муносибати ҷамъият нисбат ба ӯ дар асоси эътирофи он чун арзиши шахсият (конститутсия).
Қадру қиммат - муносибати ахлоқии инсон нисбат ба худаш.
Инсондӯстӣ - принсипи эътирофи инсонро чун арзиши олӣ, баҳри инсон, ҳуқуқи инсон дороӣ мақсади ҷамъият аст.
Ин категорияҳоро дида баромада, гуфта метавонем, ки қисми ҷудонашавандаи этика - этикаи ҳуқуқи ҷавонони Тоҷикистонро дарбар мегирад, ки предмети онро пайдо намудани ҷиҳатҳои ахлоқӣ дар фаъолияти тарғиботи ҳуқуқ мебошад.
Расму оини миллӣ ва ахлоқи ҷавонмардӣ моро ҳидоят менамояд, ки ҳар ҷое бошем, хоҳ дар хона, хоҳ дар мактаб, хоҳ дар кӯча, хоҳ дар бозор, хоҳ дар сафар, аз рӯи одамияту одоби муошират рафтору амал намоем.
Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ
Ҷи дар хилват, чи дар саҳро, чи дар роҳ.
Камол маънии аниқу васеъи дошта, шахсеро ифода мекунад, ки бомаърифат, боадабу бофарҳанг, худшинос, соҳиби одамият буда, ҳурмати худ ва дигарон, обрӯю эътибори волидон, муаллимони мактаб, шаҳру вилоят ва халқу миллати худро нигоҳ медорад.
Вай мансубияти худро нисбат ба авлод, мактаб ва ҷумҳурии худ дарк намуда, масъулият эҳсос мекунад. Обрӯи онҳоро ҳаргиз намерезонад, баръакс барои афзун кардани эътибори онҳо кӯшиш менамоянд.
Толибилмон дар кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳо тибқи ахлоқи ҷавонмардӣ бояд чунин рафтор намоянд, ки то ба атрофиён шодиву хурсандӣ биёранд. Онҳо бо хурдсолон бо меҳрубонӣ, бо занону духтарон, калонсолону пирон бо ҳурмату эҳтиром, бо маъюбон бомеҳр муоширот намоянд.
Дар кӯчаву роҳҳо аввалан қоидаҳои пиёдагардро риоя кардан ҳатмист. Аз назди чароғаки роҳнамо ё пайраҳаҳои махсус эҳтиёт шуда, роҳи калонро бояд убур кард. Зеро бисёр фалокату фоҷиаҳо маҳз аз сабаби вайрон кардани қоидаҳои пиёдагард дар кӯчаву роҳҳо рух медиҳанд.
Доир ба рафтор дар кӯча ва одоби роҳ рафтан қоидаҳои хеле муфиде маъмуланд, ки донистан ва риоя кардани онҳо барои ҳар як толибилм ва шаҳрванд ҳатмӣ аст. Аз ҷумлаи он қоидаҳо инҳо мебошанд:
- дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо бо овози паст гуфтугӯ ва сӯҳбат бояд кард, то ки оромии шаҳрвандон халалдор нагардад;
- баланд хандидан, мағал кардан норавост;
- суханҳои фаҳш ва таҳқиромезро набояд истифода кард;
- ҳангоми гаштугузор бо ҳамсинфон ва ёру ҷӯраҳо пеши роҳи пиёдагардонро набояд банд кард;
- дар кӯча давидан (ба истиснои машқу давидан, варзиш), бо шитоб роҳ паймудан, китф ба пиёдагардон задан, онҳоро озор додан аз рӯи одоб нест;
- зани кӯдакдор, пиразан ва марди калонсол, маъюбе ихтиёри нишастан кунанд, ҷавони дар курсӣ нишаста ба онҳо бояд ҷой диҳад;
- ба мӯйсафедон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пиразанон, маюбон, занҳои кӯдакдор бояд мададгорӣ кард;
- бо пирон ва мӯйсафедон ҳамроҳ бошанд, аз ақиби онҳо бояд рафт;
- агар касе салом кунад, алейк гирифта, бояд як сӯ гузашт, барои пурсиш, гуфтугӯ ва дилҷӯӣ дар миёни роҳ таваққуф набояд кард;
-агар ба ёрони дучоромада сухан кардан лозим шавад, аз миёни роҳ як тараф истода, гуфтугӯ бояд кард;
- агар ҳамроҳи ёрон бошад ва дар роҳ ба касе дучор ояд, зарур бошад ҳам, ба ӯ гуфтугӯ ва таваққуф накунад, ёронро интизору маҳтал насозад;
- дар миёни роҳ санг ё чизеро, ки ба одамон ба роҳравиашон халал мерасонад, дур бояд кард;
- миёни ду кас, ки бо ҳам гап мезананд, набояд даромад, хусусан миёни духтарон.
Инсон аз ҳама ҷиҳат бояд зебо бошад. Ӯро ҳам сурат, ҳам сират, ҳам гуфтору ҳам рафтор, роҳ рафтан, ҳар як ҳаракату сукунаташ тибқи қонунҳои ахлоқ ва зебоӣ мебояд.
Одатан мардон устуворона ва нисбатан қадами калон мегузоранд. Занҳо бошанд, қадамҳоро майдатар мемонанд ва хиромон роҳ мегарданд.
Дар ахлоқи миллиамон бисёр қоидаҳои роҳгардӣ таъйин шудаанд, ки аз ҷумла инҳо мебошанд:
- қоматро рост карда қадам бояд монд;
- то зарурат набошад, ба роҳ бояд набаромад;
- пойлуч набояд роҳ рафт;
- пойафзолро бо ҷӯроб бояд пӯшид;
- на мутакаббирона, балки хоксорона бояд роҳ рафт;
- ҳангоми роҳ рафтан, то зарурат набошад, набояд сухан кард;
- қадамҳоро аз ҳад зиёд калон набояд гузошт;
- ба ҷойҳои ифлос набояд қадам монд;
- ба пеш, ҷониби рост нигариста, бояд роҳ гашт;
- ба болои бом ва тирезаи хонаҳо набояд назар кард;
- ба даруни хонае, ки дараш кушода, набояд нигоҳ кард;
- оби даҳон набояд андохт;
- роҳро ба касе набояд танг намуд;
- бо фарзандони мардум сухан кардан ва онҳоро бӯсидан матлуб нест;
- ба ҷое, ки кор надоред, набояд рафт;
- суруд, ё чизеро бо овоз набояд хонд;
- боэҳтиёт бояд қадам гузошт, то ҷонваре зери по ҳалок нагардад;
- ба даре хонае, ки кор надорад, набояд истод;
- агар сагчае, ё ҷонваре аз роҳи калон майли гузаштан намояд, назорот ва мададгорӣ бояд кард, то ки зери мошин монда ҳалок нагардад;
- агар касе суроғаеро пурсад, ба лутфу нармӣ бояд ҷавоб дод;
- агар бачагон, пирон, занони кӯдакдор, мусофирон аз роҳи калон гузаштанӣ шаванд, ба онҳо бояд ёрӣ расонд.
Мо аз рӯи зарурат аз нақлиёт автобус, троллейбус, микроавтобус, таксӣ, ҳавопаймо, поезд истифода мебарем. Бо ронандагон, мусофирон, одамҳои гуногун вомехӯрем, ба онҳо муносибату муомила менамоем. Дар нақлиёт кадом қоидаҳоро бояд риоя кард. Аввалан, дар нақлиёт мутаваҷҷеҳ ва бодиққат бояд буд. Ҳангоми саворшавӣ ба нақлиёт навбатро риоя карда, ба занҳои ҳомила, кӯдакдор, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пиразанон, мӯйсафедон, маъюбон мададгорӣ бояд кард, ки аввал онҳо даромада нишинанд. Дар дохили нақлиёт, ҷавонон бояд ба калонсолон, мӯйсафедон, занҳо ва маъюбон ҷой диҳанд.
Агар зане бо кӯдаконаш, ё касе дар дасташ бор ба мошин савор шуданӣ бошад, ба онҳо дасти ёрӣ бояд дароз кард.
Дар дохили мошин мағал намудан, балан сухан кардан, хандидан ё шинос, ё хешовандро дида, баланд гуфтугӯ намудан, телефонҳои мобилиро истифода бурдан, норавост.
Агар зарурате ба миён ояд, бо овози паст пурсупос ва гуфтугузор намудан мумкин аст, гуфтугӯ бо телефон низ номатлуб аст, вале ниҳоят зарур бошад, ба тариқи истисно, бо овози паст, кӯтоҳ гап задан равост. Инак, дар нақлиёте, ки мусофирон ба ҳам наздик ва зич қарор мегиранд, услубу одоб, ақлу фаросат ва маданияти шахс ба зудӣ аён мегардад.
Дар бозор, мағозаҳо, нуқтаву марказҳои хариду фурӯш, одамони бисёр ҷамъ мешаванд, ки дар он ҷойҳо низ риояи одоби мушоират хеле зарур мебошад.
Дар ахлоқи миллиамон - ҷавонмардӣ баробари бисёр қоидаҳо вобаста ба мавридҳои гуногун шартҳои одоби ба бозор рафтан, оинҳои хариду фурӯш низ тавсиф шудаанд, ки аз ҷумла инҳо мебошанд:
- аввалан, китф ба касе набояд зад;
- дуюм, аз паси одамон набояд нигарист;
- сеюм, оби даҳон набояд андохт;
- чаҳорум, аз дур касеро набояд баланд фарёд кард;
-панҷум, назди дари дӯконе, ки коре надорад набояд истод; -шашӯм, чизеро, ки намехарад, нархи онро набояд пурсид;
- ҳафтум, дар миёни савдои ду кас набояд мудохила кард, ба истиснои далолати хайр.
Дар бозор ҳангоми хариду фурӯш қоидаҳои одоби муоширатро низ бояд донист. Харидору фурӯшанда чи гуна бояд рафтор намоянд. Дар ин бобат дар ахлоқи миллӣ ва суннатӣ оинҳои хеле муфид таъйин гаштаанд.Чунончӣ, фурӯшанда қоидаҳои зеринро бояд риоя кунад:
- бо харидор бояд бо лутфу нармӣ сухан гӯяд;
- он чизеро, ки мефурӯшад, аз ҳад зиёд таъриф нанамояд;
- чизҳои бесифатро нафурӯшад, агар фурӯшад, айби онҳоро гӯяд;
- дар тарозу ва чени матоъ норасои содир накунад;
- агар чизи харидаро бозгардонанд ва дар он талафе набошад, гашта гирад;
- агар шахси мӯътабаре чизеро ба нася талабад, онро фурӯшад;
- молро аз нархи муқаррарии худаш қиммат нафурӯшад.
Доир ба одоби харидор низ якчанд шартҳо таъйин гаштаанд, ки аз ҷумла инҳо мебошанд:
- пули қалбакӣ надиҳад;
- нархи молро паст назанад;
- сухани сахт нагӯяд;
- ба фурӯшанда такаллуфи зиёд накунад;
- чизи харидаашро боз нагардонад;
- харидаашро ба борхалтаи тоза андозад;
- чизи гирифтаашро намоён не, балки пӯшида барад.
Ҳар як одам дар ҷамъомадҳо, тӯю маъракаҳо, маҷлисҳо иштирок менамояд. Одоби рафтор ва нишастухез дар чунин ҷойҳо чи гуна бояд бошад. Дар ин бобат низ дар оинҳои миллиамон ва ахлоқи ҷавонмардӣ қоидаҳои махсус муайян гаштаанд. Аз он ҷумла, онҳо қоидаҳои зерин мебошанд:
- ба ҷое ки ишора мекунанд, ҳамон ҷо бояд нишаст;
- ба болову поён, ба қафо ва чапу рост набояд нигарист;
- агар шахси зебое дар маҷлис нишаста бошад, ба вай бисёр набояд нигарист;
- на мутакаббирона, балки хоксорона бояд нишаст;
- аз ҷои худ бисёр нишасту хест намудан норавост;
- барои боло нишастан набояд кӯшиши кард;
- ҷойро ба ҳамнишин набояд танг намуд;
- агар ғанаб, ё сулфа ояд, оҳиста, бо иҷозати садри маҷлис, бояд берун рафт;
-агар саволе бошад, беҳтараш тариқи хаттӣ, ба раёсати маҷлис ирсол бояд кард;
-телефони ҳамроҳро ҳатман хомӯш бояд кард ба садр ё раёсати маҷлис луқма партофтан, ё сухани маърӯзачиро буридан нашояд;
-ба ҳамшафати худ набояд гап зад, балки оромиро риоя намудан лозим аст;
-хамёза набояд кашид, вале дар ҳоли хамёза даҳонро бо дастон бояд панаҳ кард;
-дар ҳолати атса задан даҳонро бо рӯймолча бояд пӯшад;
- сарвар ё меҳмонон вуруди маҷлисгоҳ шаванд, аз ҷой бояд бархест;
- баъди хатми маҷлис раёсат ва меҳмононро аз ҷой хеста, бояд гусел кард.
Ҳамон тариқ толиибилмон, дар куҷое, ки ҳузур дошта бошанд, хоҳ дар мактаб, хоҳ берун аз он, хоҳ дар хориҷа, чунон бояд рафтор намоянд, ки атрофиён ба онҳо бо ҳавас назар андозанд. Орзу намоянд, ки фарзандони онҳо низ чунин боадаб бошанд. Аз одобу муоширати писандидаашон хурсанд гашта, дар ҳаққи волидону устодонашон раҳмат гӯянд.
Ин бошад, барои падару модарон ва муаллимон аз ҳама мукофоти баланд аст. Хориҷиён сират ва сурати зебо, одобу ахлоқи писандидаи толибилмони кишвари азизамонро дида ба ҳайрат оянд. Онҳо гаштаву баргашта эътироф намоянд, ки тоҷикон, барҳақ ориёии асил, миллати назаррабо, соҳибфарҳанг, дорои хислатҳои ҷавонмардӣ, одамияти воло, меҳмоннавозу инсондӯст мебошанд.
Одоби либоспӯшӣ низ омили муҳими комёбии шахс аст. Либоси хуб нафақат табъро болида месозад, балки ҳосилнокии меҳнатро баланд менамояд. Хоса, барои ҷавонмард бо мақсади ба даст овардани муваффақият донистани одоби либоспӯшӣ ниҳоят муҳим мебошад. Ҷавононе, ки дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо кор мекунанд ё мехонанд бояд макон, замон ва мавриди либоспӯширо донанд. Ҷунончӣ, дар ҷои кор ё таҳсил либос бояд хоксорона, дарзмол кардаю тоза бошад. Намуди зоҳирии ҷавонмард бояд ҷолиб, хушнамо, боэътимод бошад.
Хонкилдиев А.Б., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4, сержанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...