Милитсияи тоҷик ва ҷавонони кишвар
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонони кишвар шахсан дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки далели гуфтаҳои мазкур қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ҷавонон буда метавонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр шудааст, ки “Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар ӯҳдаи онҳо меафтад”, яъне Пешвои миллат имрӯз дар симои ҷавонон ояндаи ин кишвари таърихиро мебинанд, ки албатта ин омил аз ҳар ҷавони огоҳ зиракӣ, худогоҳӣ ва масъулиятро тақозо дорад.
Тавре маълум аст ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни худогоҳи кишвар дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти хизматӣ ҳисоб ёфта, дар ин ҷода корҳои зиёдеро мунтазам анҷом дода истодаем. Ин аст, ки ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, бо ифтихор аз меҳани хеш дар ҷомеа маҳсуб ёфта, бо ифтихор аз меҳани хеш дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд. Теъдоди зиёди ҷавонон, бахусус донишҷӯёни макотиби олии кишвар бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамчун Дружиначиёни ихтиёрӣ, гурӯҳи “Авангард” ва кормандони ғайриштатии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳо фаъолияти хуб нишон медиҳанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти милитсия ҷараён дорад ва яке аз мақсадҳои асосии ин раванд таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад.
Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода менамояд.
Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ мегардад. Кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини суботи устувори ҷомеаро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло медонанд. Онҳо доим дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз менамоянд.
Бо ин мақсад, имрӯзҳо аз ҷониби шахсан Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чорабиниҳои муассир, аз ҷумлаи вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, ҷавонону донишҷӯён аз минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, инчунин ташкил ва гузарониданип конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, вохӯриҳои мунтазам бо дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ ва ташкил намудани телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, пурсишҳои сотсиологӣ амалӣ гардидаанд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо ҳарчӣ бештар ба вуҷуд овардани ҳамкории зичи мақомоти милитсия бо ҷомеа, алалхусус ҷавонон мебошад, ки албатта натиҷаи хуб ба бор оварда истодаанд.
Барои мисол мо метавонем аз нақшаи ҷавонони меҳанпарасти ин миллату давлат аз оғози Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз мисолҳои мушаххас оварем. Ин ҳам бошад, пеш аз ҳама, аз ҷонсупориҳои ҷавонон, ки шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои аввали Истиқлолият гардида буданд, метавонем ёдовар шавем, чунки бар ивази ҷони хеш амнияти ҷомеаро таъмин намуданд. Имрӯз метавонем ҷалб гардидани 450-500 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатиро дар таъмини тартиботи ҷамъияти кишвар дар як шабонарӯз далели воқеии ҳамкорӣ арзёбӣ намоем.
Аммо, сарфи назар аз ҳама дастоварду комёбиҳои давлату миллат дар ин даврони таърихӣ, ки бо талошҳои фарзанди сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидаанд, инчунин баъзан мушкилоте низ миёни ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон вуҷуд доранд, ки наметавонем аз ибрози он худдорӣ намоем. Ин ҳам бошад, пеш аз ҳама шомилшавии ҷавонони дорои андешаҳои маҳдуд ба гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва даст задан ба шаклҳои дигари ҷинояткорӣ мебошад, Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт низ корҳои муайянеро анҷом дода истодааст, вале масъалаи мазкур муттаҳидӣ ва амали дастаҷамъонаро талаб менамояд.
Бо назардошти ин омил ҳар фарди огоҳи ҷомеа, алалхусус ҷавонони зираки ин миллату давлатро зарур аст, ки ҳарчӣ бештар қобилияту истеъдоди худро баҳри нигоҳдошти арзишҳои давлатдории миллӣ сарф намуда, мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеаро барои худ қарзи шаҳрвандӣ пиндоранд, чунки раванди босуръат инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ амали раванди бегонашавӣ набуда, ба асли шинохти арзишҳои миллии хеш бозгаштан аст. Дар акси ҳол ҳеҷ миллату давлат наметавонад бидуни шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллии хеш дар ин истодагарӣ намояд.
Аҳмадзода Х.З., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти милитсия