Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ

277Забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолият бидуни забон ҳифз карда намешавад. Дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат забони тоҷикӣ - ифодагари ҳувияти миллӣ буда, дар набарду тохтутозҳои аҷнабиён ҳамеша ғолибият ба даст оварда, ҷойгоҳ ва нуфузи ҳудро дар қаламрави кишвар ва берун аз он нигоҳ доштааст.

Тадқиқотҳои олимони сатҳи ҷаҳонӣ Бертелс Е.Э., Брагинский И.Э., Бартолд В.В., Семёнов А.А., борҳо исбот намуданд, ки ин забони қадимаи тоҷикӣ аз оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ буда, на танҳо дар байни тоҷикон, балки миллатҳои дигар, аз Осиёи Марказӣ то Покистону Хиндустон таъсири амиқи худро гузошта, ба фарҳанги миллатҳои дигар бетаъсир намондааст. Осори адабии тоҷикро шоири немис И.Гёте, шоирони рус С.Есенин ва И.Бунин омӯхта ба ҳайрат омада, илҳом гирифтанд. Онҳо шефтаи осори Фирдавсию Ҳофиз гардида ҳатто ба хотири ин барандагони забони тоҷикӣ осори назмӣ офариданд.
Забон ва адабиёти тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад, онро пайваста меомӯзанд, намунаҳои адабии онро тарҷума менамоянд. Барандагон забони тоҷикӣ дар тамоми ҷаҳон 110 миллион мебошанд, Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба густариш ва гиромидошти забони тоҷикӣ диқкати махсус дода, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ доир менамояд. Марказҳои омӯзиши «филологияи тоҷик» дар ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Россия, Чин ва дигар кишвархои ҷаҳон амал мекунад.
Ба кавли устод С.Айнӣ ин забони кадима аз ҳама душвориҳо гузашта, солҳои 20-уми асри 20 яке аз асосҳои сиёсии таъсисёбии Ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҶШС Тоҷикистон гашт.
Бахусус дар замони Исиқлолияти давлатӣ бо шарофати сиёсати фарҳангсолории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ умри дубора гирифт, рушд намуд ва ба ҳайси забони давлатӣ мақоми хосро ишгол намуд. Барҳақ ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки умри дарози пурбаракати худро сарфи рушди забону фарҳанги миллӣ намудааст, нақши меҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи рушди забон ва худшиносии миллӣ дар рӯзгори Истиқлолият таъкид карда, бо самимияту садоқати ба худ хос фармуда буд: «Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфтанд, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».
Дар раванди глобализатсияи босуръат ва дар рӯзгори Истиқлолият мо бояд донем, ки маҳз забони тоҷикӣ ҳимоятгари воқеии манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Забони миллат - ифтихори миллат ва бақои сохти давлатдории он мебошад.

Асламов Б.С., Одинаев Ш.И., ходимони илмии Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...