Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Касе Роғун обод кард, хонаи хеш намуд обод!

264Воқеан, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор муваффаққиятҳои бузург ноил гардид. Имрӯзҳо аз ҳама иншооти бузурги стратегӣ, Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Маҳз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва азму иродаи мардуми меҳнаткаши тоҷик ин иншооти азими аср сохта шуда то имрӯз агрегатҳои он давра ба давра ба кор андохта шудааст.

Эй ҳамватан, Роғуни худро бино кунем,
Бошад китоби маънии барҷаста во кунем.
То имтиҳони мо шавад аз буд ҳам қадим,
Имрӯз кохи Роғуни дилҳо бино кунем.
Сохтани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида, парокандашавии собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба итмом расонида шавад. Энергияи истеҳсол кардашавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз бӯҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медиҳад, ки як қисм нерӯи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад.
Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошанд. Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабини бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаъол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшидааст.
Тоҷикони баору номус ҳамарӯза пайи ободии Ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи миллати тоҷик дурахшон бошад ва Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.
Роғун хамчун неругоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эхтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.

265

Хулоса, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» армони миллати мост. Нерӯи он нерӯи қудрати мост. «Роғун» калиди фатҳ аст, «Роғун» навиди фатҳ ва фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон мебошад.

Ҷабборов Т.М., Бекназарзода Н.Н., муаллимони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД, лейтенантони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...