Нақши Пешвои миллат дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»
Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талошу заҳматҳо, шуҷоат ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд шуда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегӣ бисёр монеаҳо мавҷуд буданд, ки ҳалли он аз қатъият, далерӣ, шуҷоат ва истодагарии Пешвои миллат вобастагӣ дошт. Баъди ошно гардидан аз нақшаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт карда шуда буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ин масъала тезу тунд гардиданд.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти он вақтаи давлати Ӯзбекистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда шуда буд, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шавад.
Бояд қайд намуд, ки барои муқовимат ва истодагарӣ намудан, ки фишор ва монеаҳои дохиливу беруна, инчунин таҳдиди баста шудани ин сохтмони стратегӣ, ки барои мардуми тоҷик хеле муҳим, қувваи бузург ва матонату мардонагии беандоза лозим буд. Пешвои миллат барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик синаи худро сипар намуда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ дод. Ниҳоят баъди се соли талошу мубориза Пешвои миллати тоҷик тавонист ба ҷаҳониён исбот созад, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин санҷиши ҷиддӣ, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ карда шуда буд, тӯли се сол санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод кард, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар мебошад.
Ба сифати маҷмӯи далелҳои асосӣ, ки ба фоидаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Пешвои миллат иброз шудаанд, ин зарурият ва саривақтӣ будани лоиҳаи мазкур мебошад. Мутаассифона тавре, ки маълум аст давлати Тоҷикистон гарчанде дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ бошад ҳам, айни ҳол соҳиби захираҳои ками энергетикӣ буда, ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаванд. Он иншоотҳои энергетикие, ки аз даврони шуравӣ мерос мондааст ба пуррагӣ талаботи давлати рӯ ба тараққӣ ниҳодаро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин давлати Тоҷикистон барои мустаҳкам ва ғанӣ гардонидани амнияти энергетикӣ вариантҳои зиёд, аз ҷумла лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун далели имконпазир мешуморад .
Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд «…ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад».
Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шуда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ дар ин роҳи душвору заҳматписанд вале пуршараф давра ба давра ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардида истодааст, ки инро мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд. Ин буд, ки санаи 29-уми октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер гардида, бо тела кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва аз он лаҳза бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз ва ин воқеа дар саҳифаи таърих абадан қайд гардид.
Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун ҳадафи афзалият ва муҳим дониста рафти корҳои иҷрошударо зери назорати қатъӣ гирифт. Дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, бо маром тибқи лоиҳа иҷро намудани корҳои созандагӣ, таъмин намудан бо ҳама гуна маводҳои сохтмонӣ, мутахассисон, кормандон ва инчунин омода намудани шароити муфид дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳлил ва назорати ҷиддиро талаб менамояд. Зеро барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани амнияти энергетикии мамлакат барои рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик аҳамияти хеле бузург дорад.
Баъди ба итмом расонидани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳама нерӯгоҳи калонтарин дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи Роғун ба 3600 Мвт баробар буда, он аз 6 агрегати дорои 600 Мвт ва баландии сарбанди 335 метр мебошад. Тибқи баҳогузории созмонҳои байналмилалии молиявӣ давлати Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли нерӯи барқ, яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш давлатҳои пешрафтаи сайёра шомил гардидааст. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17 млрд кВт/соат нерӯи барқ ҳосил кунад .
Агар назаре ба таърих афканем сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳоло дар солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бинобар 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарин ташкил медод, роҳбарияти ҳамонвақтаи ИҶШС бинобар шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ дар ин ҷой сохтани неругоҳҳои барқи обӣ нисбат ба дигар давлатҳо камхароҷот буданаш, Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи нерӯи барқ муайян намуда буд.
Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расида аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуда буд. (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. 1974) .
Лоиҳа бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа карда шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд.
Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани СССР гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи нерӯгоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид. Дар ин солҳо якчанд олимон, мутахассисони соҳа ва коршиносонро барои муайян ва аз ҷиҳати заминҷунбӣ ва дигар корҳои геологӣ даъват карда аз ҷойи иншоот дидан намуданд. Дар натиҷа олимон ба хулоса омаданд, ки нерӯгоҳ аз ҷиҳати мавқеъ хеле хуб буда, хароҷоти маблағро низ кам талаб мекунад.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷ гардидани шохаҳои давлат сохтмони ин нерӯгоҳ қатъ гардида, тӯли солҳои дароз дар натиҷаи барфу борон ва офатҳои табиӣ нақбҳо зери лойқа ва техникаҳои он талаву тороҷ гардида буданд.
Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз нав эҳё гардид. Ба ҳамаи монеаҳо ва проблемаҳои дохиливу беруна, аз лиҳози кӯчонидани деҳаҳое, ки зери об мемонанд, бо замин ва хонаҳои истиқоматӣ таъмин намудани мардуми ин деҳаҳо ва ғайра, нигоҳ накарда ӯ тавонист сохтмони иншооти бузургро барқарор ва орзуву ормонҳои деринаи мардуми азияткашидаи тоҷикро ҷомаи амал пӯшонад.
Имрӯз дар ин ишооти аср корҳо бо маром идома ёфта истодаанд ва боиси хурсандӣ аст, ки дар ин иншоот зиёда аз 40 корхонаву ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ кор карда, зиёда аз 15 ҳазор нафар коргарон, 2600 адад мошин ва механизмҳо ҷалб карда шудаанд.
Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати аввал дар Рӯзи Президент, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба кор дароварда шуд. Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Руссия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
Сарвари давлат зимни суханронии худ мардуми шарафманди тоҷикро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуда махсусан қайд намуданд, ки «… Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки нерӯгоҳи «Роғун» - ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем. Роғун баъди пурра ба кор даромадани он боргоҳи нуру гармӣ мешавад, ки орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеъият табдил меёбанд.
Бояд қайд кард, ки баъди ба даст овардани истиқлолият ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин рӯ ба тараққӣ ниҳодани давлати навбунёди тоҷикон инфрасохторҳои энергетикии кишвар тағйир ёфта, имкониятҳо фароҳам омад, ки як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда шуда системаи ягонаи энергетикӣ таъсис дода шавад. Имрӯз барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Пешвои миллат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бунёд карда шудаанд, ки дар рушду нумӯи кишвар ва мардуми он кӯмак мерасонад.
Санаи 9-уми сентябри соли 2019 дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дороварда шуда ба системаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст карда шуд. Дар маросими тантанавии ба кор даровардани ин чорабинии муҳим беш аз 140 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттлоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Итолиё, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок намуда, рафти маросимро инъикос намуданд.
Дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, бо ифтихор аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ва мардуми тоҷикро бо ин чорабинии муҳим табрик намуданд. Махсусан қайд намуданд, ки сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, бунёди хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин, ислоҳоти соҳаи энергетика дар солҳои охир имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ ва фаъолияти инфрасохтори энергетикӣ ба таври назаррас беҳтар гардида, содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар мавсими гармо афзоиш дода шавад .
Ҳамин тариқ нақши Пешвои миллат дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ниҳоят бузург мебошад. Зеро маҳз дар чунин давраи мушкилу ҳассос проблемаҳои мавҷударо ба зима гирифта кӯшиш ба харҷ доданд, ки амнияти энергетикии миллатро таъмин намоянд. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузурги сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт.
Муҳаммадиев Набиҷон Бобоҷонович, сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия