Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ – пайвандгари дилҳо

«Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои муҳофизати қаламрави ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша дар набард будааст». Эмомалӣ Раҳмон

30

Ҳеҷ чиз дар олам муқаддастар ва азизтар аз забон нест. Инсон бо забони ширину гуворои худ аз тамоми махлуқот фарқ мекунад. Забон ва сухан давраҳоро бо ҳам пайванд месозанд ва дар инкишофи илму дониш ва пешрафти ҷамъият аҳамияти бузург доранд. Махсусан, саҳми забони модарии мо дар ривоҷу равнақи фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кишварҳои дигар беандоза аст.
Забон ба ҳайси шиноснома ва яке аз рукнҳои воқеан ҳам муҳим дар шинохти миллат ва давлатдорӣ ҳамчун меъёр ва омили ифодакунандаи мақсад, маром, тафаккур, ақида, ҳуввият, рӯҳоният, маънавият, асолат, ният, ормонҳо ва ҳастию бақои миллат дар рушду такомули ҷомеаю давлат ҳамчун асос ва заминаи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хизмат менамояд. Зеро, забон ба ҳайси мероси аҷдодӣ ва пайвандгари наслҳои гузаштаи дурамон, имрӯзу фардои моро бо асламон пайваста, муошират, муносибат ва робитаҳоямонро ҳамчун миллати соҳибзабону соҳибтамаддун дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, дар ин ҷаҳони муосири пур аз таззоду ихтилоф, рушдёбанда таъмину устувор мегардонад.
Имрӯз, олами муосир дар ҳоли рушду такомул ва пешравиҳои баланди илмию техникӣ қарор дошта, раванди ҷаҳонишавӣ, кулли муносибатҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ҳуқуқии мардуми сайёраро фаро гирифтааст.
Ин раванд ҷиҳатҳои номатлуби худро низ доро буда, ба ҳастии забон, ҳуввият ва бақои давлату миллатҳои орӣ аз муқовимат, таъсири манфии худро расонида, ба тамаддун ва фарҳанги онҳо таҳдиди воқеӣ менамояд. Ҷиҳати пешгирии чунин раванди номатлуб ва таҳкиму устувории амали забони тоҷикӣ, давлату Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешанд.
Таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хеле зиёд аст. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 июли соли 2005 дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон - волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштааст, ки ин волотарин аҷргузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қайд намуда буданд: «Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарханги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд…».
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Шароити нави таърихӣ ва рушду такомули босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки халқу миллат ва давлатҳо бо васоиту омилҳои маъмулу пазируфташуда забон, мерос, ҳуввият ва асолати худро ҳифз намуда, инкишофи онҳоро таъмин намоянд.
Ҳанӯз 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти №152 қабул ва мавриди амал қарор дода буд. Зимнан зикр бояд кард, ки қонун дар давраи ё худ айёми фаноёбии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба шароит, дар доираи талаботу вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию ҳуқуқии замони Шӯравӣ таҳия ва қабул гардида буд. Аз ин ҷост, ки қонуни номбурда ҳарчанд дар қонунгузории миллӣ падидаи нав буд, вале натавонист дар давраи начандон тӯлонии мавҷудият ва амали беш аз 20-солаи хеш мавқеъ ёфта, вазифа ва мақсади худро иҷро намояд. Аммо муҳим он буд, ки ин Қонуни забони тоҷикиро ба ҳайси забони давлатӣ эълон, ҷой, мавқеъ, вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи онро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда буд.
Дар натиҷаи рушду такомули ҷомеа, тағйирёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, равнақу инкишофи муносибатҳои нави ҳуқуқӣ, робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷи дуру наздик, давлату миллатҳои ҳамҷавору ҳамзабон, ки бо онҳо фарҳангу тамаддуни муштарак дорем, зарурати қабули қонуни навро дар ин ҷода ба миён овард, зеро Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам забони тоҷикиро комилан давлатӣ нагардонида буд.
Ҳамин буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Қонуни қаблии забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 8 боб ва 37 модда иборат буд, бо қабули қонуни нав дар ин соҳа аз эътибор соқит дониста шуд. Аммо, ин қонун гарчанд беэътибор дониста шуда бошад ҳам, вале бо баъзе умумият ва фарқиятҳояш барои қабулшавӣ ва мавриди истифода қарор додани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав заминаи боэътимод гардид.
Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки забони қонун ҳамчун қисми таркибии забони давлатӣ ва забони миллате, ки давлат номи худро аз он гирифтааст, дар шинохту ҳастии миллат ва бақои давлату давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ, инчунин, робитаҳои байналмиллалии давлату ҷомеа бо ин забон мусбат мусоидат карда тавонад. Забони қонун бояд, ки оммафаҳму ҷаззоб, пурмазмун ғанӣ, шевою гуворо, инсонпарваронаю адолатнок ва фарогири тамоми истилоҳоти ҳуқуқӣ ва илмию соҳавӣ бошад ва забони давлатии моро дар тамаддуни ҷаҳони муосир ва дар оянда муваффақона муаррифӣ карда тавонад, чуноне ки дар тӯли таърих он забони илму фарҳанги на танҳо исломӣ, балки илмҳои дунявӣ, аз қабили риёзиёт, ҳандаса, ҷуғрофия, фиқҳ, фалсафа, тиб, табиатшиносӣ ва шеъру ғазал буд ва фарогири минтақаи бузург то Ирону Ҳиндустону Чин дар Ҷанубу Шарқ ва то соҳилҳои баҳри Ҳазар дар Шимолу Шарқ мавриди амалу истифода қарор дошт.
Аз ин рӯ, мо умед мебандем, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони нобу гуворои тоҷикӣ ин рисолати таърихию фарҳангии худро муваффақона иҷро ва ҳамзамон боиси болоравии амал ва нуфузи рушди фарҳангу такомули кишварамон мегардад, ки дар навбати худ татбиқу амалишавии ин ҳадафу мақсадҳои воло аз соҳибзабонон вобастагии ногусастанӣ дорад.
Таъмини иҷрои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабл аз ҳама ба сифат, мазмуну мӯҳтаво, моҳият ва ҳадафрасиашон вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳадаф ва мақсади ниҳоии ҳар як қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар волоияти онҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз он истисно нест.
Кулли масоили назариявӣ, амалӣ, методологӣ ва усулҳои корбурди забон, риояи усул ва техникаи қонунгузорӣ дар ин самт, аз ҷумла, аз байн бурдани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқгардонии пурраи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи ҶТ ва ҳамчунин мутобиқатгардонии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз муҳимтарин омилҳое мебошад, ки ба таъмину татбиқи воқеии Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита мусоидат мекунанд.
Аз мазмуну мӯҳтаво ва тарзи баёни Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки қонунгузор зимни таҳия ва қабули он расму оин, рӯҳоният, маънавият, асолат, одат ва анъанаҳои миллии ниёгонамонро ба сифати асос, замина ва сарчашмаҳои ҳуқуқӣ –иҷтимоӣ бо дарназардошти вазъи фарҳангию илмии забони муосири тоҷикӣ дар давраи раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои байни давлатҳо ва халқҳо, бархӯрди тамаддунҳо ба роҳбарӣ гирифта, бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ҳифз кардани ин забони гуворо ва ба ояндагон хидмат гузоштани онро муҳим арзёбӣ кардааст.
Забони ҳар як халқ баёнгари нияту ормон, орзую омол, ақида ва мавқеи таърихию фарҳангӣ ва ҳуқуқии онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз дуриҳои таърих сарчашма гирифта, қисме аз онҳо дар ҷараёни ҳодисаю воқеа ва таҳаввулоти мухталифи сиёсӣ –иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ, ки дар саҳифаи таърих ба вуҷуд меоянд, бо мушкилиҳои воқеӣ ва сунъӣ мувоҷеҳ гардида, дар ин раванд забон ва соҳибзабонон мекӯшанд, ки худро ҳифз карда тавониста бошанд, қисми дигари он ба гармию сардӣ ва фишору тазйиқи ин фишорҳо тоб наоварда маҳв шудаанд.
Забон ҳамчун василаи ифодагари фикру ақида, тафаккур ва ҳувияти миллии халқҳо, бурду бохт ва дастоварду музаффариятҳои онҳоро дар оинаи таърих инъикос ва дар дафтари ҷовидонаи он сабт месозад. Бигзор, доимо забони миллати тоҷик пок ва софу беолоиш бимонад!
Аҳмадзода Мухбирахон Аҳмад, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.ф., подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...