Роғун ояндаи Тоҷикистон
Халқи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр арзи ҳастӣ кард.
Мо тавонистем баъди зиёда аз 1000 сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати худро дарёбем. Барои миллати азияткашидаи тоҷик ин воқеа хеле нодиру фараҳбахш буд. Дар тули соҳибистиқлолии хеш халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калон, биноҳои баландошёна маҳсули заҳмату меҳнати сокинони ин кишвари биҳиштӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор аст ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконияти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъматҳои Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард,
НБО «Роғун» яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Тавре, ки мо медонем корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз соли 2009 оғоз гардида буд. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан Роғун ном гирифтани ин неругоҳ аз номи деҳае бо номи Роғун сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.
Бо бунёди НБО «Роғун» Тоҷикистон истиқлоли энергетикиашро ба даст оварда метавонад. Ба кор андохтани НБО «Роғун» ягона роҳи бадастдарории истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин нерӯгоҳ пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи Миёна буда, иқтидори тавлидотии нерӯи барқи он 13.5 миллиард киловатро ташкил медиҳад.
Мардуми тоҷик чандин солҳо буд, ки аз набудани барқ азият мекашиданд ва иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ ҳисороти азиме дид. Сарбанди НБО «Роғун», ки баландии 335 метрро ташкил медиҳад, баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мебошад.
Нерӯгоҳи НБО «Роғун» ва иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим аст ва моро аз вобастагии кишварҳои дигар раҳо мекунад.
Баъди ба истифода додани неругоҳ корхонаҳое, ки бо сабаби набудани барқ кор намекарданд ба истифода дода мешаванд.
Чархаи аввали неругоҳ нахуст бо иқтидори 115 мегават ва дар охир то 600 мгвт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Дар сохтмони ин неругоҳ беш аз 50 ширкати маҳаллию хориҷӣ аз ҷумла ширкатҳои фаронсавӣ, русӣ, эронӣ кор мекунанд. Дастгоҳҳои интиқоли барқ бо харҷи 79 млн. доллар сохта шудаанд.
Шоираи мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева Роғунро «Муҷассамаи истиқлолияти Тоҷикистони навин» номидааст. Ояндаи босаодати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз ин сохтмон вобастагӣ дорад. Мо баъди ифтитоҳи чархаи дуюми НБО «Роғун» ба чунин натиҷа расидем, ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуданд, азм карданд то иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шавад. Ҷархаи дуюми НБО «Роғун» бо ҳузури Пешвои миллат ва меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд. Бо бунёди комили НБО «Роғун» ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намоем, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки кирдору амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати кутоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат мекашанд. Онҳо худ медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бунёди НБО «Роғун» орзуи деринаи мардуми тоҷик буду ҳаст. Ҷаҳду талошҳои пайваставу шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кор дар бунёди иншооти муҳими стратегӣ авҷ гирифт. Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон монанд хоҳад кард. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст. Чашми умеди ҳамаи мо ба сӯи Роғун, ба сӯи манбаи нур аст.
Барқи Роғун ба хонадони мо ворид гашта, онро равшан месозад, зиндагиамонро шукуҳу шаҳомати нав мебахшад. Мо фахр мекунем, ки фарзандони бо нангу номус ва соҳибкасби Тоҷикистони азизу маҳбуб ҳастем.
Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи барқи обӣ натанҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ ва ҳамбастагиро ато менамояд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид.
Давлатова Шавқия Давлатовна, курсанти курси 3, гуруҳи 302, милитсияи қаторӣ.