Роғун – иншооти бузургтарини аср
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд, ки ба шарофати Истиқлолият тақдири Ватану давлати аждодии худро ба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ меравем.
Имрӯз фазои Тоҷикистон нурборон мебошад, зеро мо ҷашни бузурги миллӣ, 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Тоҷикон аз даврони гузашта дар талоши ба даст овардани истиқлолияти комил ва ваҳдати воқеӣ буданд ва ҳоло, хушбахтона, онро соҳиб шуда, аз аввалин меваҳои ширинаш баҳра мегиранд. Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Ба истиқлолияти миллӣ расидани Тоҷикистон марҳилаи таърихан нави мардуми тоҷик аст, ки баъд аз чандин аср ба вуқӯъ омад. Агар ба таърих нигарем, танҳо дар замони Сомониён тоҷикон ба истиқлолияти милливу маънавӣ расида буданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарфманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда буданд, ки аз инҳо иборат мебошад:
Аз бунбасти комуникатсиони баровардан.
Таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ.
Ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб шудан, ки бо тадбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳадафи стратегӣ расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯӣ барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шудаанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, Помир-1, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сохта ба истифода дода шуда, дар натиҷа солҳои охир мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистону тирамоҳ барқро бемаҳдудият истифода намуда истодаанд. Таъкид ба ёдоварист, ки ду чархи НБО Роғун дар рӯзҳои ҷашнии мамлакатамон ба истифода дода шуданд, ки ин мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Чунончи, чархи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун моҳи ноябри соли 2018 дар Рӯзи Президент, дар рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархи дуюми нерӯгоҳи барқии обии Роғун санаи 9 сентябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар баробари ба истифода дода шудани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, аз соли ҷорӣ Тоҷикистон ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне гузаштан аз сохти аграрӣ- саноатӣ ба саноатӣ - аграрии мамлакат оғоз намуда, барои созмон додани корхонаҳои калони истеҳсолӣ шурӯъ намудааст.
Имрӯз мо бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд, ки мисоли рушани онро мо дар ҳаёти ҳамарӯзаи халқи азизамон ва ободиҳои диёрамон баръало ҳис карда истодаем.
Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ин рӯзҳо ва лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмон қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар моломол аз ифтихору сарбаландист. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату наҷод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури тоҷикона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашида истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар тавлид, фурӯш ва ҳам содироти нерӯи барқ нисбат ба дигар ҳамсоядавлатҳои худ афзалияти бештар дорад, зеро дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо қувваи барқ дар неругоҳҳои барқӣ – обӣ тавлид мешавад, ки хеле арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза аст, бинобар он бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон барқ содир мекунад.
Дар ин росто, кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро дар оянда аз он баҳра мебаранд. Бо сохтмони НБО «Роғун» об захира гардида, барои обёрии бахши кишоварзӣ, танзими об ва таъминоти нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус ҳамсоякишварҳо ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ мебозад. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин иншооти стратегӣ - НБО «Роғун»-ро ҷабҳаи созандагӣ ба хотири ободӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣдар ин иншооти бузург барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф аст, зеро онҳо дар иншооте кор мекунанд, ки сарнавишту рушди миллату давлат ба он вобастагии калон дорад.
Мо ҳама сокинони кишвар, баъди суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар ифтитоҳи чархаҳои НБО Роғун ба хулосае омадем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари кишвар, тоҷикони баору номус якдилу якҷон дар пайи ободии Ватани азизи худ камари ҳиммат бастаанд. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо як азму иродаи қавӣ, бо иттиҳоду ҳамбастагии мардуми сарбаланди тоҷик хишт бар болои хиште ниҳода, Роғунро бо пуррагӣ месозанд, то ки дар оянда ҳар як гӯшаи диёри азизи мо нурборону дурахшон бошад.
Хокироев А.Ю., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия