Нашъамандӣ хатари ҷомеа
Бале, имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд.
Ё худ қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ – шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигар ин аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотии хусусияти зиддинашъамандӣ дошта ва муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии ин мавод мебошад.
Замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ чун як давлати муқтадир соли 1991 аз байн рафт, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардида, аммо бо машаққатҳои сиёсиву иқтисодӣ дучор гардид. Ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ дар натиҷаи нофаҳмиҳову кашмакашиҳои дохилӣ бо дасти хоҷагони берунӣ ба фалаҷшавии давлат оварда расониданд. Яъне баъди соҳибистиқлол гаштан ва канда шудани алоқаҳои қаблӣ бо мушкилотҳои гуногун, аз ҷумла иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бехатарӣ ва ғайраҳо рӯ ба рӯ шуд. Аз ин муҳити ноором гуруҳҳои ҷиноятпеша истифода бурда бо тариқи марзи Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсоя ба хариду фурӯши моддаҳои нашъадори навъи афюн, бангдона ва силоҳҳои ҷангӣ даст зада, вазъиятро боз ҳам мураккаб мегардониданд.
Аз ин сабаб ҳаракатҳои аввале, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал баровард ин пеш аз ҳама ба хотири бехатарии ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шуда буданд.
Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки солҳои охир мувофиқи маълумотҳои расмӣ ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи маводҳои нашъадор эътироф гардидааст, ҳамсарҳад мебошад. Ин сабаб гашту Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати интиқолдиҳандаи маводи нашъадор истифода бурда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки интиқоли маводи нашъадор тариқи кадом давлате сурат бигирад, дар он давлат ҳатман бемории нашъамандӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ худро аз ин мушкилоти рӯз дур карда натавонист.
Чӣ тавре ки аз маълумотҳои омории соли 1996 бармеояд аллакай дар бозорҳои сиёҳи ҷумҳурӣ маводҳои гуногуни нашъадор ошкор карда шуда, мувофиқи маълумотҳои омории Вазорати тандурустӣ, шахсони мубталои бемории нашъамандии ба қайди наркологӣ гирифта шуда ба 1984 нафар (мутобиқи ҳусоботи наркологи-оморӣ), расида буданд.
Дар самти ошкор ва мусодираи маводи нашъадор бошад, аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ навъи сахтаъсири маводи нашъадор –“Героин” ба миқдори 6 килову 350 грамм (ежегодный очет о наркоситуации в РТ.), мусодира карда шуд. Бо назардошти оне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол шахсони ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сару кор дошта ва шахсони ба бемории нашъамандӣ гирифтор шуда рӯ ба афзоиш ниҳода буд. Ин ҳолатро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, муборизаро дар ин самт пурзӯр намояд. Аз ҷумла аввалин қадами устувор дар ин самт, ин воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оиди воситаҳои нашъадори солҳои 1961, 1971, 1988 ва қабули санадҳои меъёри ҳуқуқии зерин буд, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт муайян намуданд. Чунончи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (1997), «Дар бораи қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» (1999) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳти №1409 аз 13 феврали соли 2013, Фармони якҷояи Вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пурзур намудани мубориза бар зидди нашъамандӣ ва таъмини муомилоти қонунии маводи нашъадор” таҳти № 202/437 аз 25.07-2001 ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба тасвиб расид.
Тавре ки маълум аст дастрас намудани маводи нашъадор сарчашмаҳои зеринро дар бар мегирад;
- воридот аз дигар давлатҳо, парвариш дар дохили мамлакат;
- истифодаи манбаъҳои муомилоти қонунӣ.
Ҳамин тавр муборизаро беш аз пеш Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумхурии Точикистон, раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири (РМЗГFММ) Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин дигар сохторҳои қудратӣ пурзур карда истодаанд.
Яке мушкилиҳои ҷомеаи муосир ин рӯ ба афзоиш доштани шумораи нашъамандон ва махсусан ба оқибатҳои хавфнок гирифтор шудани бархе аз ҷавонон, ки дигар бе кумак аз ин варта раҳоӣ ёфтан наметавонанд ба яке аз мушкилтарин фоҷеа табдил меёбад, ки ба насли инсоният таҳдид намуда, хусусияти оламӣ касб намуда истодааст.
Тиҷорати маводи нашъаовар - омили асосии рушди терроризму экстремизми байналмилалӣ ба шумор рафта, масъалаи истеъмоли моддаҳои тиракунандаи руҳӣ (психоактивӣ) аз ҷумла маводи нашъаовар барои кишвари мо муҳим ва хатарнок боқӣ мемонад.
Пас нашъамандӣ чист? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан посухҳои гуногун дар мақолаи мазкур оварда шудааст. Андеша кунед, ки чӣ моро водор кардааст, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кулли сохторҳои қудратии мамлакат, корхонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, бахусус кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҷиҳати пешгирии ин вабо талош варзида истодаанд, ки то пеши роҳи ин амали номатлуб гирифта шавад. Бояд фикр кард, ки чаро бо вуҷуди ин қадар талошҳо пеши роҳи ин балоро гирифтан қариб, ки ғайриимкон аст. Гарчанде як тамоюли рӯ ба таназзул овардани ин раванд ба мушоҳида расидааст ва дар ҷамъбасти солҳои 2017-2019 нашъамандӣ коҳиш ёфта истодааст, ки ин ҳам бошад аз хизматҳои шабонарӯзии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои дахлдори самти мубориза бар зидди ин маводи номуборак ба шумор меравад (аз Омори Наркалогӣ). Аммо то он соате, ки як нафар нашъаманд боқӣ мемонад, хавфи авҷ ёфтани ин беморӣ аз байн намеравад. Аз ин рӯ, ҳеҷ шахси солимақл ҳақи онро надорад, ки худро бетараф гирад.
Нашаъмандӣ - офати ҷомеаи муосир аст, ки ҳаёти чандин касонро ин беморӣ ба иҳотаи худ мекашад. Ин роҳест ба ҷиноят, маҳкумӣ ва ба марг оварда мерасонад. Нашъаманд олами кудаконро пур намуда, ҳар сол ҷавон мегардад. Гирифтори нашъамандӣ дар ин рӯзҳо дар байни ҷавонон навигарӣ нест. Волидайне, ки маводи мухадирро истеъмол менамояд, фарзандонашонро нашъаманд мекунанд. Ояндаи мо, орзуҳои мо ба дасти ашхосе меафтад, ки вобастагӣ аз дорувории кимиёвӣ доранд! Вобастагиҳои гуногун мавҷуданд, аммо вобастагии нашъамандӣ хело ҳам мураккаб мебошад. Асирии нашъамандӣ на танҳо баданро, балки хаёти рӯҳиро низ фаро мегирад. Нашъамандӣ – ин шикасти шахсият мебошад, ки дар аксар ҳолатҳо инсон ба душвориҳои солимии бадан рӯ ба рӯ мегардад. Инсоне, ки по дар ҷодаи нашъамандӣ мегузарад, хамчун шахсият оҳиста-оҳиста аз байн меравад, яъне шахсияташро аз даст медиҳад ва беш аз ҳама ӯ ба ҳалкаи ҷиноят ҷалб гардида худ ва ба атрофиёнаш бадбахтиҳои зиёде меоварад.Ҷисму рӯҳи худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад. Барои дарёфти маводи лозима ба ҳама кор омода аст. Нашъаманд бемор аст на ҷинояткор! Раҳоӣ ёфтан аз бемории нашъамандӣ танҳо хоҳиши ҷиддии худи бемор лозим аст.
Истифодаи мунтазами маводҳои нашъадор ба одатҳои зарраровар тааллуқ дошта, ки он хусуситҳои руҳии инсонро тағйир дода, одамро бо роҳҳои бад мебарад. Ин гуна одамон аз ҷамъият ва корҳои ҷамъиятӣ дур шуда ба маводи нашъадор рӯҳан ва ҷисман побанд мешаванд. Тамоми зиндагиии воқеияшонро аз даст дода, зиндагии хаёлиро барои худ оғоз мекунад ва ҳатто барои дарёфти маводи нашъадор омодаанд ба ҷиноят даст зананд. (дуздӣ, ғоратгарӣ, фиребгарӣ ва ғайра...) Аксаран баъди нахустин маротиба истифода намудани маводҳои мухаддир ва моддаҳои нашъадор, инсон ба он мубтало мегардад ва ҳолати эйфорияро (мастӣ, беҳушӣ, бехудӣ) аз сар мегузаронад.
Пеш аз оне, ки мо бо ин вабо мубориза барем, бояд доир ба маводҳои нашъадор маълумот дошта бошем.
Аз нуқтаи назарияи тиббӣ нашъамандӣ - бемориест, ки шахс дар натиҷаи истеъмоли давомнокии маводи нашъадор ба тариқи ғайритиббӣ ба он гирифтор мешавад.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки муборизаро дар ин самт дастаҷаъмона пурзур намуда, то пеши роҳи нашъа ва бемори нашъамандӣ гирифта шавад.
Шукрихудо Ҳайдархонзода, Комил Холзода, омӯзгорони Академияи ВКД.