Роғун сарнавишти бузурги аср дар таърихи тоҷик
Бар қавми далери Тоҷикистон табрик,
Бар шоҳу вазири Тоҷикистон табрик.
Ин рӯзи накӯи миллати таърихӣ,
Бар халқи кабири Тоҷикистон табрик.
Ҳақ бар ҷониби шоирони муосири замон, ки бо баробари оғози корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” эҷодиёти худро бо назму наср пешниҳоди мардуми шарифи Тоҷикистон гардонида истодаанд.
Ин шодиву нишоти мардум ва табрикоти ҳамдигарӣ аз субҳи содиқ дар ҳар гӯшаву канори кишвар ва хориҷ аз он дар санаи 9-уми сентябри соли 2019, боз ғулғулаафкан садо медод.
Тавре маълум аст дар санаи мазкур бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри истиқболи бошукӯҳи 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми НБО Роғунро ба кор андохтанд, ки он дар таърихи башар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Пешвои миллат сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ба пуррагӣ таҳти санҷиш қарор дода шуда, нисбат ба фаъолияти кормандоне, ки баҳри ободонии иншооти бузурги аср фаъолият намуданд баҳои баланд дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар ин иншоот айни замон зиёда аз 20000 нафар ҳамватанони мо, ки алакай аз тамоми нозукиҳои корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ огоҳ гардидаанд кор ва фаъолияти худро ба роҳ монда аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта шуда баромада истодаанд.
Ёдовар аз он мешавем, ки нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, дар минтақаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд.
Пешбинӣ гардида буд, ки чархаи аввалини нерӯгоҳ бояд соли 1993 барқ тавлид мекард. Аммо ба иллати муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии Тоҷикистон дар соли 1990 сохтмони нерӯгоҳ қатъ гардид. Ин нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 6 млд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меовард, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.
Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар замони Шӯравӣ арзиши лоиҳавии неругоҳ зиёда аз 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. Барои Тоҷикистон ин лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, ба он масъалаи аввалиндараҷаи пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобастагӣ дошт.
Бинобар ин неругоҳи Роғун иншооте ба ҳисоб мерафт, ки дар фасли зимистон норасоии ба барқ доштаи Тоҷикистонро мусовӣ месохт ва саломатии шаҳрвандони худро ҳифз намуда, сатҳи камбизоатии аҳолиро хеле паст мекард. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз камбудии барқ касе азият намекашад ва мардум бе ягон шакку шубҳа аз паёмадҳои навини соҳа бархӯрдор гардида истодаанд.
Пас аз барқарор гардидани иқтисодиёти кишвар баъди бесару сомониҳо ҳаҷми талабот ба неруи барқ афзоиш ёфт. Таи солҳои аввал барқи нерӯгоҳи Норак барои халқи кишвар кифоя буд ва дар бораи Роғун касе хаёле ҳам надошт.
Вале баъдҳо қарор қабул карда шуд, ки сохтмони неругоҳро ба анҷом расонанд, хосатан, ки лоиҳа аҳамияти сиёсӣ касб карда буд.
Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунанд.
Дар давраи соҳибистиқлолии худ мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ноил гардид, ки яке аз онҳо Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Ҳар як нидои ин марди накӯном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандиро бедор кард. Тоҷикистони кӯчаки мо имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисахо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда баҳри ободии ин иншоот равона намесохтанд.
Ҳар хишти туро баробари зар гӯям,
Ҳар коргари туро бародар гӯям.
Роғун, Роғун ҷумла ободии ту,
Бо кӯшиши Сарвари давлат гӯям.
Вақте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди ӯро то абад зинда медорад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боқӣ монда бошад, ҳар боре ки ба он менигарӣ, беихтиёр заҳмати бепоёни ӯ номи он шахсро зиндаёд мегардонад, зеро бузургон гуфтаанд:
Шахсияти арзанда дар дунёи равшан аз худ се чизро боқӣ мегузорад: 1.Садақаи ҷория — бунёди боғ. 2. Илми кофӣ — яъне офаридани асаре. 3. Фарзанди солим ба дунё овардан, ки боиси ифтихору болихатории ӯ мегардад ва дар оянда номбардори худи ӯ хоҳад гашт. Агар инсон ягон амали номбаршударо иҷро накарда бошад, пас он шахс умри худро барабас гузарондааст.
Ҳар ки Роғун мекунад бунёд,
Хонаи хешро мекунад обод.
Ҳар як ватандор бояд дар асл баҳри ободкории кишвар шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолияти хешро ба тарзи содиқонаву софдилона ба роҳ монад ва дар бунёди ин иншооти бузург саҳми хешро гузорад. Имрӯзҳо дар баробари мардон модарони тоҷик, ҳар як пиру барнои миллат баҳри ободии кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Роғун айни замон майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунанд ва ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст. Барои мардуми меҳнатқарини тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадааст.
Бори аввал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқ бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат намуда буданд, ки ин муроҷиати ин шахсияти бузург ба куллӣ аз ҷониби мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгирӣ намуда истодаанду ҳамагӣ ҷонибдоранд.
Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,
Бо нидояш ҳамгиро халқи Ватан.
Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва мезҳнатдӯсту пурғайрат аст. Ӯ ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки бар миллате дастнигару эхтиёҷманд набошад. Душвориву монеаҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии Ватани азизи хешанд, бо ҷаҳди бузург ва иттиҳоди азим санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ба наслҳои оянда аз худ кори хубе боқӣ гузоранд ва зиндагии ояндаи онҳоро дурахшон намоянд. Модари тоҷик бошад бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. Кишвари азизамон Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.
Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накӯст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Сарҷамь ҳама ба иттифоқи ватанаш.
Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи барқӣ-обӣ на танҳо барои миллати точик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эхтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд.
Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷии худ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад.
Мақсадзода О.И., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия