Роғун ояндаи ободи халқи тоҷик
Рӯзи 9-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нурӯгоҳи барқи обии ‘’Роғун’’ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Таърихи начандон тӯлонии даврони Истиқлолият собит месозад, ки мардуми тоҷик, давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо дар ҷодаи ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтарин дастоварде, ки ба пешрафту муваффақиятҳои минбаъда заминаи устувор гузошт, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳ ва оштии миллӣ, истиқрори сулҳ дар ҷомеа буд, ки дар натиҷаи талошҳои босубот ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омад.
Бо шарофати сиёсати оқилонаю дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли худ ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидем. Чанде қабл дар ҳаёти мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи нав оғоз гардид, ки баҳри таҳкими иқтисодиёт ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат ба сарбанди НБО ‘’Роғун’’ пойдевори асосӣ гузошта шуда буд. Бунёди ин иншооти бузурги аср бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об аҳамияти минтақавӣ дошта, барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар Осиёи Миёна нақши арзишманд мегузорад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки давлату Ҳукумат тӯли солҳои истиқлолият баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нерӯгоҳҳои хурду бузург, аз қабили нерӯгоҳи барқии обии ‘’Помир -1’’, нерӯгоҳи барқи обии ‘’Сангтӯда-1’’ ва ‘’Сангтӯда-2’’, хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», хатти интиқоли барқи 220 киловаттаи ’’Лолазор-Хатлон’’-ро бунёд намудааст ва имрӯз дар идомаи ин ташаббусҳои наҷиб оғози корҳои сохтмони сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии ‘’Роғун’’ боиси сарфарозии сокинони кишвар гардида, бо иштироки Сарвари давлат вусъат пазируфт.
Бунёди ин иншооти энергетикии арзишманд иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетика ба шумор меравад. Зеро масъалаи таъмини сарфаҷӯёнаи энергия, кам кардани талофати он ва доир ба рушди манбаъҳои алтернативии энергия андешида шудани чораҳои муассир талаботи замон аст. Боиси хурсандист, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ‘’энергияи устувор’’ барои ҳама Тоҷикистон дар қатори 5 мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пулотӣ пешниҳод шудааст.
Тоҷикистон кишварест дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ 1527 млрд квт соат ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди иқтисодӣ афзун гардонад. Инчунин, бунёди ин иншооти бузурги аср ҳоло ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳо эҳтимоли дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил ёфт.
Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки рушди илму техника ва тадбиқи бозёфтҳои навтарин ба фаъолияти созандаи инсоният вобастагии калон дорад. Ҷавҳари асосии инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад ба бунёди ҳамин гуна иншооти барои халқу миллат муҳим алоқамандии ногусастанӣ пайдо намудааст ва бевосита ба корҳои бунёдӣ ҷалб гардидани технологияҳои беҳтарину навтарин барои анҷоми босифати иншоот кӯмак мерасонад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки пас аз оғоз ёфтани фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии’’Роғун’’ ҳаёти сокинони кишвар ба куллӣ тағйир ёфт ва кишвари мо ба сӯи дурахшондагиву тараққиёт қадамҳои устувори хешро гузошт.
Ман, ин соат дар паси мизи курсантӣ нишаста муҳаббат ва садоқати хешро нисбат ба Ватани азизам изҳор медорам. Орзу дорам, ки истиқлоли кишварам пояндаву халқи заҳматкаши тоҷик сарбаланд бошад ва инчунин ба ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ва комёбиҳо ҳамеша ноил гардад. Ва ман дар оянда чун мутахассиси соҳибкасб барои тараққиёти Ватанам саҳми худро гузорам.
Ғафурӣ Дилноза, курсанти курси 3, гурӯҳи 301-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ