Роғун – равшангари имрӯзу фардои миллат
Бунёди НОБ-и Роғун, армони миллати мо,
Нерӯи он физояд нерӯву қудрати мо.
Роғун навиди фатҳ аст, Роғун калиди фатҳ аст,
Боби наве кушояд дар рушд давлати мо.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ба давлати содиркунандаи барқ табдил ёфт. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ-обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.
Натиҷаи заҳмати шабонарӯзии мутахассисони соҳибтаҷриба бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш агрегати дуюми Неругоҳи барқӣ-обии Роғун - иншооти бузурги аср ба кор дароварда шуд. Бунёди ин нерӯгоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Ин кохи нур ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.
Маҳз ваҳдату ҳамдилии сокинони Точикистони кӯчаки мо имкони иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро фароҳам овард. Ташкилоту муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро бунёд намуданд. Миллати тоҷик, ки аз қадимулайём соҳиби хираду идроки олӣ буда, бо меҳнатдӯстиву пурғайратӣ машҳури олам гаштааст, ҳамеша кӯшиш бар он мекунад, ки душвориву мамониатҳоро бо ранҷу заҳмати бисёр паси сар намояд.
Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки ҳар яки моро сӯйи пешрафту шукуфоӣ роҳбаладӣ мекунад. Тоҷикистон ҳамчун давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дар тамоми олам шинохта шудааст. Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гашта, шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино кардааст.
Он барои мардуми тоҷик далели исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ маҳсуб меёбад. Ин саҳна ҳисси ифтихорро афзуда, масъулияти ватандориро дучанд намуд.
Роғун ҳунари мост,
Роғун самари мост.
Фардои дурахшон
Нур асту фари мост.
Ин иншооти бузурги асрро зиёда аз бист ҳазор нафар мардони бонангу номуси Ватан бо зарби дасту бозу эъмор мекунанд. Паҳлӯ ба паҳлӯ бо эшон бонувон низ баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ заҳмат мекашанд. Имрӯзҳо тамоми муассисаҳои таълимӣ бо равшаниву гармӣ тавассути нерӯи барқ, ки манбаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, таъмин ҳастанд.
Санаи 9-уми сентябри соли равон аз субҳ қаламрави ҷамъомади таълимӣ-саҳроии факултети №4 фазои идона дошт. Курсантони курси аввали соли таҳсили 2019-2020, ки дар гузаронидани ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ аз 20-уми август қарор доранд, таҳти роҳбарии бевоситаи сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. сарҷамъона ба воситаи оинаи нилгун барномаи мустақими кушодашавии агрегати дуюми Нерӯгоҳи обию барқии Роғунро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барпо гардид, бо як шавқу суруру шодмонӣ тамошо намуданд.
Дар охир аз тарафи роҳбарияти факултет ба курсантон ва кормандони ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ дастархони идона бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ташкил карда шуд.
Фарзандон шукри соҳибистиқлолӣ, шукри ободиву осудагии кишвар намуда, пайи ободии ватани азизанд. Бо ҷидду ҷаҳди зиёд бузургони халқу миллатро дар иҷрои корҳои шоиста пайравӣ доранд, баҳри ояндаи дурахшон кӯшишу талош доранд.
Олимзода А.А., муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД оид ба қисми низомӣ, полковники милитсия