Милитсия – Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ
Дар таърихи ташаккулёбии ҳар давлату миллат давраҳои тақдирсоз ва гардишҳои ҳалкунандае рух медиҳанд, ки омили асосии сарҷамъӣ ва бақои миллат баромад намуда, дар роҳи навсозиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, инчунин худшиносиву худогоҳӣ ва рушду камоли миллат аҳамияти фавқулодда бузург касб менамояд.
Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ва умуман тоҷикистониён дар фароварди садаи ХХ соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд.
Имрӯзҳо бошад мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён дар арафаи таҷлили ҷашни 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Албатта арзиши мазкур далели амали гардидани ормонҳои миллати тамаддунсози тоҷик дар тулии таърихи хеш мебошад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо дар 28 соли даврони соҳибистиқлолӣ бидуни шак дастовардҳои хело зиёд дорад, аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно ҳифзи истиқлолият ва дарёфти сулҳу оштӣ мебошад.
Албатта, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комили ҷомеа буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Ин дастоварди нодири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалач гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.
Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.
Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих, хосатан иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем ва нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.
Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷонисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд аҳамияти бориз дорад. Маҳз тавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳама ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90 уми асри ХХ, бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта буд рӯ ба рӯ гардид.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондустиву ватандустӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалач гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд. «… Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти канститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Вобаста ба мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни он асару мақолаҳои илмӣ, ёдоштҳо ва назару андешаҳои донишмандон ба тасвиб расидаанд, вале мо тасмим гирифтем, ки дар атрофи фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолият чанд андешаҳои хешро баён намоем. Аввалан бояд таъкид намуд, ки аз ибтидои истиқлолият дар тамоми давраи ҷанги шаҳрвандӣ кормандони милитсия аз тинҷиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Дар мамлакат даҳҳо ва садҳо гурӯҳҳои хурду калони ғайриқонунии ҷиноятпеша амал мекарданд, ки сулҳу суббот ва тинҷии кишварро намехостанд.
Ҳамзамон, дар тамоми зинаҳои музокирот ва гуфтушунидҳо баҳри таъмини сулҳ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иқдомҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар роҳи пиёда намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати конститутсионӣ пайваста талош варзидаанд. Илова бар он, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар сангарҳо алайҳи олами ҷиноят мубориза мебурданд, дар фаъолияти рӯзмарраи раванди музокирот ва минбаъд Комиссияи оштии миллӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ҳаллу фасли бисёр масоили сарбастаю мураккаби раванди оштии миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату бӯҳронии рӯхию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият, ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додаст, ки албатта имрӯз ёди онҳоро бо неки ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки замони мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ, ягона унсуре, ки ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ниятҳои нопоки хеш оғоз менамоянд гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошанд. Яъне бо ҳар роҳу восита мехоҳанд то, ки ҳаёти осоиштаи мардумро мушкил гардонида, қишрҳои тангназар ва маҳдуди ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб кашида, барои худ ва манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии хеш нафъ ба даст оваранд. Албатта ҳаводиси сиёсии солҳои ибтидои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани гуфтаҳои мазкур буда метавонанд.
Инчунин мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо вуҷуди фалач будани ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин бо падидаҳои нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия, ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз яроқи оташфишон ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд.
Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонӣ андешидени чораҳои нав ба нави фаврӣ, интихоби роҳу усулҳои нави мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат ва ҷузъу томҳои нав ба навро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт, ки албатта бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз ӯҳдаи он низ сарбаландона баромада, имрӯз ба як сипари боэътимоди миллату давлат ташаккул ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида бошад, ҳам ҳамоно вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб буд, ҳанӯз дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дастаҳои силоҳбадасти муташаккили ғайриқонунӣ мавҷуд буданд, ки тинҷиву осудагӣ ва сулҳи саросарии кишварро намехостанд ва бо дастгирии молиявию даъватҳои душманони ҳориҷии миллати тоҷик амалҳои зишту бедодгарона ва ҷинояткоронаи хешро идома медоданд.
Дар ин раванд, мақомоти корҳои дохилӣ сарфи назар аз мураккаб боқӣ мондани фаъолияти касбияш баҳри таъмини сулҳу субот, таҳкими Истиқлоиляти давлатӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ аз тамоми захираву имкониятҳои хеш истифода бурда, дар сафи пеши мубориза қарор дошт.
Дигар падидаи нодире, ки дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон таъсис дода шуд Комиссияи оштии миллӣ буда, ҳадафи асосии он тадбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳое, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд ба ҳисоб мерафт. Коммисияи мазкур тавонист то соли 2000 фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ монда дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад ҳизмати арзанда анҷом диҳад. Албатта тибқи вазифа ва ӯҳдадориҳои комиссияи зикршуда, ки фарогири масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ҳуқуқиву муҳоҷирин буданд дар ҷумҳурӣ корҳи зиёдеро аз ҷумлаи реинтегратсияи (реинтегратсия калимаи лотинӣ буда, дар ин ҷо ба маънои шомил кардан, пурра кардан, муттаҳид кардани нерӯҳои мусаллаҳи опозитсиони тоҷик ба қувваҳои ҳукуматӣ), размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ намудани онҳо, гузаштан аз камиссияи тиббӣ, халъи силоҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба сомон расонидаанд, ки дар ҳама ин равандҳои зикршуда милитсияи тоҷик фаъолияти пурсамар анҷом додаст.
Ҳамзамон, милитсияи тоҷик дар таъмини амнияти аъзои комиссияи зикршуда, пеш аз ҳама намояндагони фаъоли раванди мазкур аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ, хосатан иштирокчиёни бевоситаи чонибҳои раванди амалигардонии талаботҳои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварро бар ӯҳда доштанд.
Дар воқеъ ба кормандони милитсияи ҳамон давра чандон осон набуд. Онҳо мебоист ҳам гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпешае, ки сулҳу оштии миллиро қабул надоштанд безарар мегардониданд ва ҳам барои тантанаи сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат менамуданд. Хусусан барои он кормандоне мушкилтар буд, ки дар минтақаҳояшон ҷараёни реинтеграсияи нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик сурат мегирифт. Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бошанд дар ҳолати пурзӯри хизматӣ ва реҷаи пуршиддати корӣ хизмат мебурданд. Баъзе хизматчиёни силоҳбадаст ва ё гурӯҳи алоҳидаи иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки гузаштаи шубҳаноку ҷиноятҳои вазнин доштанд, ба талаботҳои намояндагони ҳукуматӣ гӯш намекарданд.
Баъзе саркардаҳои дастаҳои мусаллаҳи саркаш бошанд сулҳу салоҳро нахоста, ба дастурҳои Комиссияи оштии миллӣ гуш надода, ҳамлаҳои роҳзанона, дуздию ғоратгарӣ, амалҳои терраристӣ содир карда, вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва криминогении ҷумҳуриро тезу тунд мегардониданд. Маҳз дар ҳамин давра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро дар хатар гузошта, шабу рӯз баҳри тинҷиву осӯдагии кишвар бо ин дастаҳои ҷинояткор дар набард буданд.
Воқеан аз лиҳози таҳлили вазияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандусту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу суббот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ки натанҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар 28 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд. Вале, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин дилпуру хотирҷамъ бошем. Зеро, ҷинояткории имрӯза, ки шаклу зуҳуроти нав ба нав пайдо намудааст, инчунин авзои сиёсии мураккабу хатарҳои минтақа моро водор месозанд, ки лаҳзае фориғ нагашта, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ин аст, ки милитсияи тоҷик имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда, масъулияти хешро дар назди миллату давлат сарбаландона иҷро намоянд.
Имрӯз мо кормандони милитсияи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбӣ намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем.
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия