Равандҳои геополитикии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ
Санаи 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд. Пайдоиши давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ барои миллати тоҷик, ки таҷрибаи бои таърихи давлатдориро соҳиб аст ба эҳёи сунатҳои миллии давлатдорӣ такони бузург бахшид. Аммо воқеаҳои маълуми Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ба ин раванд халали ҷиддӣ ворид намуд ва бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи саросарӣ расидаанд, ки таҷрибаи беназири ҳалли низоъҳои сийёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар раванди муносибатҳои геополитикии ҷаҳон Тоҷикистон мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, дар доираи ИДМ ва арсаи байналмилалӣ яке аз ҷойҳои ба худ хосро дар ҳалли масоили амниятӣ ишғол намуда намудааст. Ибтидо аз 31-уми декабри соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Пешвои миллат консепсияи «Дарҳои боз»-ро эълон намуда, бо тамоми кишварҳои дуру наздики хориҷӣ робитаҳои густурдаи иқтисодӣ дорад. Бонуфузтарин аъзои ИДМ Россия Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегӣ интихоб намуда, баҳри пойдории минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва умуман амнияти ҷаҳонӣ тадбир ва чораҳои мушаххасро дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ меандешад. Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили амниятӣ ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пешниҳод гардида, ҳамаҷониба дастгирии худро меёбанд, маҳз фикру андешаҳои созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наздик намудани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Хитой, Афғонистон, Покистон, тадбирҳои густариши дуҷониба ва якчандҷонибаи Тоҷикистон ҳамеша аз ҷониби ин кишварҳо дастгирӣ меёбанд. Муҳимтарин равандҳои геополитикии Тоҷикистони дар замони истиқлолияти давлатӣ инҳо мебошанд:
1. Таъмини амнияти минтақавӣ.
2. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гирдиши ғайриқонуниии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ
3. Шарикии стратегӣ бо Россия, густариши муносибатҳои бисёрҷонибаи фоидабахш дар минтақа.
4. Эълони сиёсати «Дарҳои боз» дар равобити муносибатҳои иқтисодии беруна.
5. Ба вуҷуд овардани фазои дӯстона ба тамоми кишварҳои дунё, новобаста аз сохтори сиёсии онҳо.
6. Ҳамраъйӣ дар барномаҳои экологӣ, амалиёти об барои ҳаёт ва зиддиядрои ҷаҳонӣ.
7. Бунёди системаи гидроэнергетикӣ бо назардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа.
8. Дастгирии сармояи хориҷӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ.
9. Фаъолияти Тоҷикистон дар доираи СММ, САҲА, СААД, СҲШ ва дигар созмонҳо барои нигоҳдории амнияти Осиёи Марказӣ ва марзи ҷанубии ИДМ.
10. Баромадани Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ ва дар самти ҷануб ҳамкорӣ бо Чин, Афғонистон, Покистон ва Ҳинустон.
Таҳлилгарони масоили сиёсӣ ба хулосае омаданд, ки сарзамини Осиёи Марказӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии ин кишварҳо дар маркази диққати ИМА, Россия ва Чин қарор гирифтааст. Дар назди Россия ва Тоҷикистон, ки шарики стратегӣ мебошад, ҳалли бисёр масъалаҳо меистад. Бинобар ин дар шароити мураккабшавии вазъи геополитикӣ ба Россия лозим меояд, ки тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Муносибати Россия бо ақидаи таҳлилгарони америкоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле мураккаб ва пурпечу тоб мебошад. Россия кӯшиш дорад, ки давлатҳои ИДМ-ро ба интегратсияи иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ намуда, дар ин минтақа рақобатпазир гардад. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибихтиёр дар шароити мураккабшавии вазъи геополитикӣ бо роҳҳои дипломатӣ таносуби қувваҳои геоиқтисодиро дар минтақа пурра ба танзим медарорад. Чин низ ҳамчун як шарики боэътимоди иқтисодии Тоҷикистон солҳои охир барои инфрасохтори он кӯшишҳои хеле зиёд менамояд. Дар ҳамин асос раванди бисёрҷонибаи геополитикии Тоҷикистони муосир ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва кулли кишварҳои мададрасон равона гаштааст, ки он аз дастуру тавсияҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бармеояд.
Асламов Б.С., Муҳаммад С.М., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон