Нақши ҷавонони Тоҷикистон дар Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он
Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ медонад ва имрӯз, ки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, барои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат, бояд ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо рӯ биоварем, зеро, ки «Мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола ба 70% аҳолии ҷамъияти Тоҷикистон баробар аст» ва онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи моянд.
Воқеан, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлату мамлакат буданд, ҳастанд ва мебошанд. Аз ин рӯ, ҳануз чанд ҳазор сол муқаддам философи машҳур Арасту навишта буд, ки «Ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад».
Пешвои миллат, ҳануз ба масъалаи ҷавонон дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро ба миён гузошта, таъкид намуда буд, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад.
Аз ин рӯ бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд.
Ҳамчунин нуқтаи мазкур дар Паёми декабрӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки «…ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд», низ таъкид гардид ва тақвият ёфт. Бинобар ин, вақте, ки дар бораи масъалае сухан меронем, лаҳзаҳои хеле мушкили таърихии пайдоиши онро пеши назар овардан лозим аст. Зеро танҳо бо донистани воқеияти таърихӣ мо метавонем ба ҷой, мақом ва нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот дар таърих баҳои одилона диҳем.
Аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистон баъди фурӯпошии давлати абарқудрати шӯравӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш чун солҳои давраи аввали ҳокимияти Шӯроҳо ҳудуди «табартақсим»-и худро соҳибӣ намуд ва таъсиси давлати соҳибихтиёри худро эълон дошт, вале бо мудохилаи бевоситаи қувваҳои беруна, ноӯҳдабароии мақомоти ҳокимияти давлатии он давраи Тоҷикистон ба мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат шурӯъ шуд, ки зарари иқтисодии он беш аз 10 млрд. доллари ИМА мебошад.
Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Ин буд, ки баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё ва муайян намуд.
Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд ва як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат 23 майи соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардид ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар раванди ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ маҳз ба хотири рушди варзиш ва сайёҳии мамлакат аз соли 2006 идораи ин соҳаҳо ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори сиёсати ҷавонон вогузор гардид.
Дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Дар асоси паёмҳои Пешвои миллат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.
Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон «фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд».
Бояд тазаккур дод, ки «Дар соҳаҳои маориф ва илм зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.
Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра бароварда шуда, азнавсозӣ ва бунёд гардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад».
Вале муносибати ҷавонон нисбат ба интихоби касбу ҳунарҳои муосир мувофиқи мақсад нест, зеро тавре ки дар Паёми декабрии худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, «Мутаассифона, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд».
Давлату Ҳукумати мамлакат тули солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ медиҳад. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар давоми солҳои истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст, ки ин равандро мо дар фаъолияти амалии роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи он баръало мушоҳида менамоем. Соли 2016-ум олими ҷавону умедбахш, подполковники милитсия, сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳматҷонзода Рифат Раҳматҷон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуд, ки боиси сарфарозии мост. Месазад, ки мо ба андешаҳои Пешвои миллат, ки «….минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ диҳанд», дастгиру ҳамовоз гардем.
Гузашта аз ин, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.
Масъалаи дигари ҷиддии ҳаёти имрӯзаи ҷавонони тоҷик ин бекорӣ мебошад, аз ин рӯ Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд намуданд, ки «Бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд».
Раванди табиии ҷаҳони муосир ин муҳоҷирати меҳнатист, ки давлату Ҳукумати кишвар ва бахусус Пешвои миллат доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба он мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Назорати масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, кору фаъолияти онҳо дар хориҷӣ кишвар ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷавонони муҳоҷир баъди бозгашт ба маҳалли зисташон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Инчунини дар ин самт кушиш бояд кард, ки ҷавонони мо бо тайёрии зарурӣ ба хориҷӣ кишвар рафта, бо сабаби надонистани забон ва меъёрҳои оддии муносибату муошират бо кордиҳандагон ба мушкилот дучор нашаванд.
«Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд».
Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро густариш диҳанд. Зеро вақтҳои охир аз тарафи ҷавонон қонунвайронкунӣ ба мушоҳида мерасад. Дар бисёр ҳолатҳо талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» вайрон карда мешаванд.
Аз ин рӯ зарурат пеш омадааст, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.
Насли ҷавон бояд дар руҳияи солиму созанда ва ҳамқадами ҷаҳони муосир таълиму тарбия гирад. Мо бояд аз низоми муосиртарини таҳсил барои тарбияи насли наврас истифода намоем.
Сиёсати давлатии ҷавонон ба сиёсати хизмати мақомотҳои қудратии кишвар ҳамбастагии зич дорад. Боварӣ дорем, ки кадрҳои ҷавон бахусус курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам мебошанд, талаботи замонро пайваста эҳсос менамоянд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо нестанд ва манфиати Ватану миллатро аз ҳама боло медонанд, зеро ба ин саъю кӯшиши онҳо гувоҳи ҳол аст.
Асламов Б.С., Қосимзода Ф.М.
АДАБИЁТ
1.Латипов А. Кор бо ҷавонон-меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот (маҷмӯаи маводҳои конфронси илмию амалӣ, ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2012). Душанбе. 2013. С.9.
2.Зокиров Г. Сиёсатшиносӣ. Душанбе. 2003. С.65.
3.Баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ» 23 майи соли 2013. Душанбе. С.2.
4.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.17.
5.Масов Р.М. История топорного разделения. Душанбе, Ирфон, 1991.
6.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.4.
7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.4.
8.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.16.
9. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.17.
10. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.17.
11. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016. шаҳри Душанбе. С.15