Кӯли Сарез – нигини Осиёи Миёна
Рӯзи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.
Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад, - таъкид намуданд, Сарвари давлат.
Бинобар, ин муаллиф тасмим гирифтааст, ки дар бораи кӯли Сарез, ки яке аз ҷойҳои таърхӣ ва зебоманзари кишвари маҳбубамон ба шумор рафта, ҳамчун мавзеъи ҷалбкунандаи диққати меҳмонон ва сайёҳони зиёди дунё мебошад, истода гузарад.
Инак, кӯли Сарез, ки дар Помири Тоҷикистон бар асари зилзилаи тектоникӣ 18 феврали соли 1911 дар натиҷаи фурӯрезии ҷинсҳои азими кӯҳӣ бо маҳкам кардани маҷрои дарёи Мурғоб ба вуқӯъ омадааст, аз рӯи ҳаҷми худ объекти нодири табиӣ мебошад. Дефитсити ин захираи бузурги оби тозатарини ошомиданиро на танҳо мамлакатҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дигар давлатҳои дунё низ эҳсос менамоянд. Зебоии аҷиби минтақаи кӯли Сарез барои сайёҳон диққатҷалбкунанда мебошад. Ҳамзамон кӯли Сарез ҳамчун иншооти ҳаҷман бузург ва қисми сохтории муҳити геологӣ дар мавзеи бо фаъолнокии баланди тектоникиву сейсмикӣ, ки дар он ҷо ҷараёнҳои бошиддати динамикии кӯҳсохташавӣ (оргонез) ва бодлесии ҷинсҳои кӯҳӣ мегузаранд, таваҷҷӯҳи мутахассисони соҳаҳои гуногунро, ба мисли геологҳо, гидрологҳо, метеоролгҳо, геофизикҳо, сейсмологҳо, химикҳо, энергетикҳо, мутахассисони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, иқтисодчиён ва ҷомеашиносонро ба худ ҷалб менамоянд. Ба шарофати кори бузурги олимон, муҳандисон ва мутахассисон масъалаҳои зиёду муҳими ҳалталаби кӯли Сарез аллакай ҳалли худро ёфтаанд. Аммо аксарияти дигари онҳо ҳалли худро мунтазиранд. Ин масъалаҳо аз ҷумла омӯзиши сохт ва таркиби сарбанди Усой, муайян намудани динамикаи полоиши об аз тариқи сарбанди Усой, баҳои устувории сарбаланд ва нишебиҳои ярчии хавфноки соҳил, нақши тағйиротҳои иқлимӣ дар мувозинати обии кӯл, усулҳои ба ҳолати аз ҷиҳати экологӣ бехатар овардани мавзеи кӯл, имконияти истифодаи обҳои кӯл бо мақсадҳои энергетикӣ, обёрӣ ва бисёри дигарҳо мебошанд. Танҳо муносибати комплексӣ ба мушкилоти вобаста бо мавзеи кӯли Сарез, метавонад муваффақияти ҳалли онҳоро таъмин намояд.
Бар асари ин заминларза аз доманаи ҷанубии кӯҳи Музкул кӯҳпораи азиме нишеб шуд, ки ҳаҷми он 2,2 км³- ро ташкил медод. Маҳз дар ҳамин ҷойи лағшиши кӯҳпора деҳаи Усой ҷойгир буд, ки аҳолии 54 нафари он бо маводи рӯзгор ва чорвои хонагиашон зинда ба зинда абадӣ зери хок монданд. Бо амри тақдир тасодуфан танҳо 4 нафар зинда монданд, ки як рӯз пеш ба деҳаи Сарез сафар карда буданд.
Кӯҳпораи фурӯхамида дар мӯҳлати кӯтоҳ обанбори табииеро ташкил дод, ки баландии он аз 550 м то 720-730 м- ро дар бар мегирифт. Бо номи деҳаи зери кӯҳпора яксоншуда - ин сарбанди табиӣ номи Усойро гирифт.
Паси сарбанди табии бавуҷудомада обҳои дарёи Мурғоб захира мешуданд. Се соли аввал сатҳи об ҳамасола то 79 м баланд мешуд. Тақрибан пас аз 3 сол, моҳи апрели соли 1914 полоиши обҳои кӯли Сарез аз ақиби сарбанди Усой шурӯъ гардид. Деҳоти гирду атрофии дарёи Мурғоб оҳиста - оҳиста зери оби захирашуда мемонанд. Ҳамин тариқ, ин мӯъҷизаи табиат номи зериобмондаи Сарезро соҳиб шуд.
Тавре маълум аст, кӯли Сарез аз замони пайдоиши худ дарҳол таваҷҷӯҳи олимон ва мутахастсисони кишварҳои зиёдро ба худ ҷалб намуд. Нахустин хориҷинажод, ки аз кӯли Сарез дидан кард – олими олмонӣ Арвед Шултс мебошад. Моҳи декабри соли 1911 вай ба ин мавзеъ ташриф оварда, онро тавсиф намуд ва аввалин санҷиши ҳаҷми онро ба анҷом расонид. То замонҳои начандон дур, ҳануз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба масъалаҳои омӯзиши кӯли Сарез пажӯҳишгоҳҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва академии кишварҳои Осиёи Миёна, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо машғул буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалли кулли масъалаҳо вобаста ба кӯли Сарез, аз ҷумла, масъалаҳои дорои хусусияти илмӣ- тадқиқотӣ, иқтисодӣ, молиявию моддӣ буда, пурра ба дӯши ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон вогузор гардиданд.
Қисми асосии минтақаи кӯли Сарез навъи иқлими Помири ғарбиро дорост. Фосилаи амудии фурӯравӣ аз шарқ тадриҷан вусъат меёбад, нишебиҳои водӣ ба ҷарӣ табдил ёфта, дараҳо шакли чуқуриҳои оббурдаро мегиранд.
Нахустин мутахассисе, ки фалокатро дар Помир баҳо дода буд, муҳандиси рус Д.Д. Букинич буд, ки тобистони соли 1911 экспедитсияеро оиди тадқиқоти болообҳои дарёи Амударё сарварӣ намуд. Ба ҳайати экспедитсия инчунин ҷаноби Молчанов, аъзои Ҷамъияти императори ҷуғрофии Рус дохил буд.
Ба ғайр аз ин аз ҷониби олимони шинохтаи рус соли 1915 - профессор И.А. Преображенский, соли 1924–1925 мутахасис В.С. Колесников, соли 1926 профессор Н.Г.Малитский дар ин самт тадқиқотҳои геологӣ ва корҳои типографӣ анҷом дода шудааст.
Дар асоси таҳлили маълумотҳои мавҷуда А.А. Ников муайян намуд, ки он шаби фоҷиавии феврал дар Сарез зилзила бо шиддати 9+0,5 балл рух додааст. Дар асоси тадқиқотҳои худ ӯ муайян намуд, ки дар девори шимолӣ дар баландии 600-1000 м. аз сатҳи кӯл силсилаи таркишҳои кӯҳ бо дарозии умумии беш аз 3 км. мавҷуд аст, ки ҷинсҳои бузургро ҷудо месозад ва ба ҳаҷми сарбанди Усой наздик мешавад. Таркишҳои нишебии шимолӣ паҳноии то 10 м. ва нишебии ба тарафи кӯл то 70-85 дараҷаро соҳибанд. Яъне мо дар оянда барои фурӯғалтӣ ҷинсҳои тайёрро дар ҳаҷми то 1км³ метавонем ба инобат гирем.
Дар тарғиби маълумотҳо дар бораи кӯли Сарез О.Е. Агаханянс саҳми бузург гузоштааст. Дар монографияи худ бо номи “Сарез” ва дар дигар мақолаҳои зиёди аз соли 1980 оғоз намуда, ӯ ҷанбаҳои мушкилоти кӯли Сарезро муфассал баррасӣ намуда, дар асоси омӯзиши корҳои дар тӯли солҳо нашршуда ҷуғрофиё, геология, гидрологияи маҳалро муфассал тавсиф намудааст.
Ҷанбаҳои асосии муҳандисӣ- геологии мушкилоти кӯли Сарез аз тарафи В.С. Федоренко, Ш.Ш. Деникаев ва В.В. Лим дар мақолае, ки соли 1982 дар маҷаллаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Геологияи муҳандисӣ” нашр шудааст, муҳокима мешавад.
Ҳангоми суханварӣ дар бораи кӯли Сарез бояд қайд намуд, ки обҳои кӯл аз ҷиҳати биологӣ, кимиёвӣ ва экологӣ тоза мебошад. Тибқи маълумотҳои олимон ва мутахассисони СММ айни замон сеяки қисми сайёраи мо ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд ва аз дастрасии об барои зарурати хоҷагии худ маҳрум мебошанд. Бо сабаби истифодаи оби ошомидании пастсифат ҳар сол дар кураи замин то 9 млн. нафар вафот менамояд. Эҳтиёҷ ба оби ошомиданӣ сол аз сол бо сабаби зиёдшавии аҳолӣ афзун мегардад.
Мутахассисони СММ ба он ақидаян, ки агар минбаъд низ ҳолати истифодаи исрофкоронаи об ба мисли ҳозира давом дода шавад, соли 2025 қариб 60 фоизи аҳолии сайёра ба оби ошомидании тоза эҳтиёҷманд мегардад. Боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин қатънома ташаббускории Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани “Соли 2003 – соли байналмиллалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 – соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст.
Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳуриамон ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мекунад. Бо роҳбарӣ аз ташаббусҳои башардӯстонаи худ, ҳангоми дидани он, ки халқҳо ба оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ ва кимиёвӣ тоза эҳтиёҷ доранд, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дод, ки бори дигар ба Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муроҷиат намояд.
30 сентябри соли 2008, ҳангоми баромад дар Ҷаласаи СММ Пешвои муаззами миллат Э.Раҳмон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуд, то барои таъмини давлатҳои худ аз оби тозаи ошомидании кӯли Сарез истифода баранд. Роҳбари яке аз ташкилотҳои СММ, хонум К. Юмкелла арзи фаҳмиши мазмуни башардӯстонаи ин муроҷиатро намуд ва баромади сарварамонро дастгирӣ намуда гуфт, ки ташкилоти ӯ барои ба таври ройгон дар амалигардонии ин пешниҳод кӯмак расонидан омода мебошад.
Дар пайравӣ ба пешниҳоди муҳтарам Э.Раҳмон оид ба зарурати таъсис додани Консорсиуми байналхақӣ ҷиҳати паст намудани хавфи рахнашавии кӯли Сарез ва истифодаи самараноки обҳои он дар минтақа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори худ аз 16 декабри соли 2008, мактуби №1345 (19-2) Комисияи назди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати 12 намояндаи вазоратҳо ва кумитаҳои ҷумҳурӣ таъсис дод. Комиссия Барнома, Оиннома, матни Созишномаи Сарони давлатҳо, иштирокчиёни Консорсиуми байналхалқи ва сохтори онро таҳия намуд. Мақсад ва вазифаҳои асосии Консорсиум дар таъмини аҳолии давлатҳои хориҷаи наздику дур бо оби ошомидании тозаи кӯли Сарез мебошад.
Маҳкамова Фарангис, курсанти курси 3, факултети №2,
Академияи ВКД Тоҷикистон,
аъзои ҷамъияти илмии курсантон бо номи “Тафтишот”